– Аллоҳ ба золим муҳлат медиҳад, аммо иҳмол намекунад.
– Он ҷоро, ки гургҳо истило кардаанд, гӯсфанд машав, шер бишав.
– Бар зиёди инсонҳо муҳаббати адолат аз рӯйи тарси беадолатӣ ҳастӣ мекунад. (Ла Рочефоколд)
– Беадолатикунанда аз мубталои беадолатӣ зиёдтар ғамгин аст. (Демокритос)
– Адолат дар назди ноҳақ зулм аст. Ҳар кас дар назди чашми худ бегуноҳ аст. (Дениел Дифо)
– Кореро, ки шамшер наметавонад, адолат мекунад. (Султон)
– Адолат бе марҳамат намешавад.
– Монед, адолат ҷояшро ёбад, агарчи гарон афтад. (Уилям Ветсон)
– Адолати мукаммал виҷдон аст. (Виктор Ҳюго)
– Адолат ба мисли ситораи қутб аст, дар ҷояш меистад ва дигар ҳама чиз дар атрофаш чарх мезанад. (Конфутсий)
– Дар муқобили беадолатӣ сукут кардан маънои шайтони безабон буданро дорад.
– Қасос ва адолат дар як ҷумла намеояд.
– Бузургтарин беадолатӣ бе ҷазо мондани ҷинояткор аст. (Афлотун)
– Адолат набошад, танзим ҳам намешавад.
(Алберт Кеймус)
– Адолат, ҳузур ва танзими халқ зебогии идоракунон аст.
(Ҳазрати Алӣ (р.а.))
– Адолат бояд боқувват бошад ва қудратмандон ҳам бояд одил бошад.
(Паскал)
– Агар фақире шир нӯшида натавонад, аммо саги шахси доро шир бинушад, пас ба ман аз адолат сухан макунед.
– Адолат набошад, ҷасорат ҳам нест.
(Бенҷамин Франклин)
– Адолат ба ноҳақ чун зулм аст, зеро ҳар кас худро дар чашми худ бегуноҳ мебинад.
(Дениел Дефое)
– Дар давлат адолат аст ва агар ҳоким бар адолат тобеъ шавад, он гоҳ кӯчак мисли бузург бароҳат зиндагӣ мекунад.
(Эзоп)
– Ҳукмдор боадолат бошад, халифаи Аллоҳ(ҷ.ҷ) дар замин маҳсуб мешавад, агар аз адолату марҳамат дур бошад халифаи шайтон мегардад.
(Имом Ғазолӣ)
– Адолат ҳоким бошад, пас барои силоҳ макон нест.
(Ҷ. Эмйот)
Рӯйхати маводҳои хазинаи маърифат: рӯйхат
Панду андарзҳоро инҷо мутолиа намоед
Сифатҳои хуб ва бади подшоҳон кадомҳоянд? Инҷо мутолиа намоед…






















