Бозори сармоя (кори курси, реферат, кори мустакилона)

Бозори сармоя Бозори капитал  (кори курси, реферат, кори мустакилона)


Боргирӣ намудан (скачать)

Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ боиси пайдоиши муносибатҳои гуногуни иқтисодӣ гардид. Махсусан тагйироти кулӣ дар муносибатҳои моликиятдорӣ ва сармоядорӣ ба вуҷуд омад. Ба мо маълум аст, ки дар замони собиқ Иттиҳоди шуравӣ мафҳуми сармоя ва муносибатҳои бо он алоқаманд сахт маҳкум карда мешуданд. Вале ташкили иқтисодӣ бозориро бе мавҷудияти сармояву сармоядорӣ имконнопазир аст. Бинобар он ба ин масъала диқати махсус зоҳир карда мешавад.

Аслан сармоя пеш аз ҳама дороиро ифода мекунад. Он метавонад дар шакли моддӣ, пулӣ, маънавӣ баромад намояд. Маънидоди сармоя аз нигоҳи иқтисодшиносон гуногун баён ёфтааст, ки оиди он мо дар саволи якуми кор маълумот пешниҳод менамоем.

Иқтисоди бозорӣ, ки асоси онро муносибатҳои молию пули ташкил медиҳад меҳвари асосии он муносибатҳои бо сармоя алоқаманд ба ҳисоб меравад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар баробари омӯзишу маънидоди мафҳуми сармоя, таркиби он, ҳаракати он, мавқеъи бозори сармояро низ аниқ бояд муайян намоем, ки асоси кори моро ҳамин масъала ташкил медиҳад. Ҳангоми омузиши бозори сармоя онро аввал аз нигохи омилхои истеҳсолот бояд баҳогузорӣ намуд, ки асоси муомилотро дар ин бозор воситаҳои истеҳсолот ташкил медиҳанд. Бозори сармояи қарзӣ ва хизмати сармоя низ аз пахлуҳои асосии ин бозор ба ҳисоб мераванд.

Оиди масъалахои тақозою арза, нархи сармоя, фоизи қарз, ки асоси механизми бозори сармояро ташкил медиҳанд дар саволҳои минбаъдаи кор маълумот хоҳем дод.

Боргирӣ намудан (скачать)

ҚаблӣКори курси дар мавзуи Бизнес-накша (бизнес план)
БаъдӣСармоя хамчун омили истехсолот