Фарханги Хараппа. Умри фарханги Хараппа. Машгулияти ахоли. Шахрхои Хараппа. Дини Хараппа. Хат.
Фарҳанги Хараппа
Соли 1875 бостоншиноси англис А. Каннигҳем дар Хараппа ном маҳаллаи Панҷоби Ғарбии Покистони имрӯза муҳреро ёфт, ки болои он бо хатти то ҳол номаълуме навиштаҷот дошт. Ин бозёфт диққати олимонро ба худ кашид. Солҳои 20-уми асри XX дар он ҷо ҳафриёт давом кард. Дар натиҷа шаҳрҳои Хараппа ва Мохенҷо-Даро ёфт шуданд. Аз рӯйи маҳалли бозёфти аввалин олимон ин маданиятро «Хараппа» номидаанд. Бозёфтҳои бостоние, ки дар музофотҳои Балуҷистон ва Синд ба даст омадаанд, дар бораи он шаҳодат медиҳанд, ки дар ин минтақаҳои Ҳиндустон дар ҳазорсолаҳои IV ва III пеш аз милод зироаткорию чорвопарварӣ ва косибӣ рушду нумӯ карда будааст.

Маданияти Хараппа хусусияти маҳаллӣ дошта, зинаи баландтарини рушди фарҳанги қадимаи Ҳиндустон мебошад. Дар рушди фарҳанги Хараппа нақши дарёҳои Ҳиндустон калон аст. Беҳуда нест, ки аксари бошишгоҳҳои мансуби фарҳанги Хараппа дар соҳили дарёҳо воқеъ гардидаанд. фарҳанги Хараппа дар масоҳати бузург паҳн гардида буд. Он аз шимол ба ҷануби нимҷазираи Ҳиндустон зиёда аз 1100 км ва аз ғарб ба шарқ зиёда аз 1600 км доман паҳн кардааст.
Умри фарҳанги Хараппа
Умри маданияти Хараппаро олимон бо роҳҳои гуногун муайян кардаанд: ба воситаи солшумории ҳиндӣ, байнаннаҳрайнӣ, сумерӣ, муқоисаи бозёфтҳои бостонӣ ва роҳу усулҳои дигар. Ҳамин тариқ, оғози фарҳанги Хараппаро соли 2300 пеш аз милод ва хотимаи онро соли 1750 пеш аз милод муқаррар намудаанд.
Шаҳрҳои Хараппа
Дар натиҷаи ҳафриёти бостонӣ якчанд шаҳри калони фарҳангии Хараппа ёфт шудаанд. Калонтарини онҳо Хараппа ва Мохенҷо-Даро мебошанд.

Шаҳрҳои фарҳангии Хараппа аз рӯйи сохт ба ҳамдигар монандӣ доранд. Шаҳрҳои калон аз ду қисми асосӣ иборат буданд. Қисми якум – қалъа, ки дар он ҷо ҳукумати шаҳр ҷойгир буд, ва дуюми он – «шаҳри поён» мебошад. Дар «шаҳри поён» асосан хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир буданд. Қисми марказии шаҳр шакли росткунҷа дошт.
Қалъа дар ҷойи баланд сохта шуда, як қисми сокинонро аз обхезӣ муҳофизат мекард. Вай ба «шаҳри поён» танҳо бо ду даромадгоҳ пайваст мешуд.
Дар дохили қалъа ҳуҷраҳои ибодат ва идораи шаҳр мавҷуд буданд. Қалъа бо деворҳои баланди ғафс, манораҳо ва сутунҳои боҳашамат мустаҳкам карда шуда буд. Дар қалъаи Мохенҷо-Даро ҳавзи калоне мавҷуд буд, ки он барои иҷрои маросимҳои динӣ сохта шудааст. Тавассути лӯлаи махсус ба ҳавз беист оби тоза мерехт. Дар наздикии ҳавз анборҳои ғалла ва хонаи ба маҷлисгоҳ монанд воқеъ гардида буданд.
Масолеҳи асосии бинокорӣ хишти пухта буд, лекин бинокорон дар ин кор аз хишти хом ҳам истифода мебурданд. Шаҳрдору шаҳрсозҳо ба таъминоти об ва тоза нигоҳ доштани шаҳр диққати калон медоданд. Қариб дар ҳар як бино чоҳи об мавҷуд буд. Низоми обтаъминкунии Хараппа яке аз беҳтаринҳо дар тамоми Шарқи қадим мебошад. Дар кӯчаҳо ҳавзчаҳои махсус сохта шуда буданд, ки ифлосиҳо дар онҳо такшин мешуд. Баъд аз ин оби тоза аз ҳавз ба ҷӯйи умумӣ мерехт. Ин ҷӯйборҳо аз хишти пухта сохта шуда, болои онҳо бо тахтасангҳо пӯшонида мешуд.
Машғулияти аҳолӣ
Қисми зиёди аҳолии Хараппа дар деҳот зиндагӣ мекард ва ба чорводорию кишоварзӣ машғул буд. Водии дарёи Ҳинд яке аз марказҳои зироаткории Хараппа ва қадимтарин дар Шарқ мебошад. Ҳафриёт нишон дод, ки аҳолии Хараппа бо навъҳои гуногуни гандум, ҷав, кунҷид, лӯбиё, нахӯд, наск, мушунг ва ғайра шинос будааст. Мардуми ин ҷо ба шоликорӣ ҳам машғул будаанд. Аз Мохенҷо-Даро як пораи начандон калони газвор ҳам ёфт шудааст, ки он аз мавҷудияти пахтакорӣ дар ин ҷо шаҳодат медиҳад.

Аҳолии Хараппа ба боғу токпарварӣ низ машғул буд. Барои зироаткории обӣ кишоварзон ва боғдорон аз мадди дарёи Ҳинд хуб истифода мебурданд. Дар зиндагии мардуми Хараппа чорводорӣ аҳамияти калон дошт. Аз ҳайвоноти хонагӣ бузу гӯсфанд, гову гурба ва саг ба онҳо маълум буданд. Дар ҳамин давра ҳиндуҳо филро ром карда будаанд.
Косибони Хараппа аз мис ва биринҷӣ афзори кор, зарфҳо, силоҳ ва аз тиллою нуқра маснуоти заргарӣ тайёр мекарданд. Ба маснуоти заргарӣ аъёну ашрофи Хараппа эҳтиёҷи калон доштанд. Косибони Хараппа инчунин ба бофандагӣ, кандакорӣ дар филизу устухон ва кулолгарӣ машғул буданд.
Дини Хараппа
Дар Ҳиндустон ибодатхонаҳои динии давраи маданияти Хараппа бисёр ёфт шудаанд. Ҳайкалҳои худоҳои ҳиндуёни қадим симои мардона доштанд. Яке аз худоҳои Хараппа Шива буд. Дар рӯйи яке аз муҳрҳои аз Хараппа ёфтшуда худои серӯя тасвир ёфтааст, ки мӯйи сараш мисли мӯйи сари шоҳ оро дода шуда буд. Мувофиқи тасаввуроти динии ҳиндуҳои онвақта худоҳо дар шакли ҳайвонҳои алоҳида инъикос карда мешуданд.
Худо Шива ба барзагове, ки «Нандин» ном дошт, монанд ҳисобида мешуд.
Хат

То замони мо зиёда аз 1000 адад муҳрҳо, маснуоти сафолию филизии навиштаҷотдоре ёфт шудааст, ки ба фарҳанги Хараппа тааллуқ доранд. Дар болои ашёи номбурда қариб 400 аломат истифода шудааст. Ҳиндуҳо барои ифодаи рақамҳо низ аломатҳо доштанд. Онҳоро ба воситаи хатчаҳои гуногун ифода мекарданд. Хатти Хараппа аз тарафи рост ба чап навишта ва хонда мешуд. Мутаассифона, олимон то ҳол хатти Хараппаро хонда натавонистаанд.
Савол ва супоришҳо
- Фарҳанги Ҳиндустони қадимтаринро чаро маданияти «Хараппа» меноманд?
- Бостоншиносон ёдгории аввалини маданияти Хараппаро аз куҷо ёфтаанд?
- Шаҳрҳои Хараппа чӣ тавр сохта шудаанд?
- Дар бораи машғулияти мардуми давраи фарҳанги Хараппа нақл кунед.
- Оё мардуми Хараппа эътиқодҳои динӣ доштанд?
- Хараппагиҳо оё хат доштанд? Он чӣ тавр хонда ва навишта мешуд?
- Чиҳо дар бораи рушди тиҷорат дар Хараппа шаҳодат медиҳанд?
- Маданияти Хараппа куҷоҳоро дар бар гирифта буд?



















