Мафҳум ва предмети ҳуқуқи байналхалқӣ

Дар илми ҳуқуқшиносӣ ду навъи низоми ҳуқуқиро фарқ менамоянд – низоми ҳуқуқии байналхалқӣ ва низоми ҳуқуқии дохилидавлатӣ. Ҳуқуқи байналхалқӣ ба монанди ҳуқуқи дохилидавлатӣ аз қоидаҳои ба ҳама ҳатмӣ иборат буда, ба соҳаҳо ва институтҳои ҳуқуқи тақсим карда мешавад. Мисол, низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ, соҳибкорӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ ва ғ. иборат буда, ҳуқуқи байналхалқӣ бошад аз ҳуқуқи байналхалқии ҷӣноятӣ, ҳуқуқи дипломатӣ ва консулӣ, ҳуқуқи байналхалқии инсондӯстӣ, ҳуқуқи байнхалқии бехатарӣ, ҳуқуқи байнхалқии иқтисодӣ ва ғайра иборат аст.

Дар баробари мавҷуд будани умумият байни ҳуқуқи байналхалқӣ ва ҳуқуқи дохилидавлатӣ, инчунин хусусиятҳои фарқкунанда низ вуҷуд доранд. Инҳо:

  • Предмети танзими ҳуқуқӣ. Предмети батанзимдарории меъёрҳои ҳуқуқии дохилидавлатӣ муносибатҳои ҷаъиятие ба ҳисоб мераванд, ки дар ҳудуди давлат ба вуҷуд меоянд. Мисол, меъёрҳои хуқуқие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд, танҳо муносибатҳои ҷамъиятиеро ба танзим медароранд, ки дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд. Ҳуқуқи байналхалқӣ бошад муносибатҳои ҷамъиятиеро ба танзим медарорад, ки байни давлатҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ (СММ, СБҲА, ИДМ. ва ғ.), халқу миллатҳои озодихоҳ, шаҳрҳои давлатмонанд, ба вуҷуд меоянд.
  • Тартиби ҳуқуқэҷодкунӣ. Санадҳои меъёри-ҳуқуқии низоми дохилидавлатиро шаҳрванди давлат, корманд ё корфармо, соҳибкор ё шахси ҳуқуқӣ бевосита қабул намекунанд. Онҳо аз тарафи мақомоти салоҳиятдорӣ давлат қабул карда мешаванд. Мисол, Парламент, Ҳукумат, Роҳбари давлат. Меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ бошад бевосита аз ҷониби худи субъектони байналхалқӣ қабул карда мешаванд.
  • Субъекти ҳуқуқ. Дар ҳуқуқи дохилидавлатӣ шахсони ҷисмонӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат ба ҳайси субъекти ҳуқуқ баромад менамоянд. Ҳуқуқи байналхалқӣ низ доираи субъектони ҳуқуқии ба худ хосро дорад, ки ин давлат, ташкилотҳои байналхалқии байниҳукуматӣ, ҳалқу миллатҳои озодиҳоҳ ва шаҳрҳои давлатмонанд мебошанд ва бояд қайд кард, дар фарқият аз ҳуқуқи дохилидавлатӣ, ки шахсони ҷисмонӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ҳуқуқи байналхалқӣ ба ҳайси субъектони комилҳуқуқ эътироф карда намешаванд. Лекин тамоюлҳои эътиров намудани ин категорияи субъектони ҳуқуқ ҳамчун субъектони ҳуқуқи байналхалқӣ аз ҷониби олимон вуҷуд дорад.
  • Сарчашмаи ҳуқуқ. Дар ҳуқуқи дохилидавлатӣ ба ҳайси сарчашмаи ҳуқуқ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, яъне қонунҳо, кодексҳо, қарорҳои Ҳукумат, Вазоратҳо, ҳатто сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқие, ки давлат онро ба тасвиб расонидааст, баромад менамоянд. Мисол, Конститутсия, Кодекси гражданӣ, Кодекси ҷиноятӣ, Қонун «Дар бораи инвеститсияҳо», Конвенсияи Вена дар бораи шартномаҳои байналхалқӣ ва ғайраҳо. Сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқӣ бошад ин принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ, шартномаҳои байналхалқӣ, одатҳои байналхалқӣ, қарорҳои ташкилотҳои байналхалқӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ҳуқуқи байналхалқӣ санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дохилидавлатӣ ҳамчун сарчашмаи асосӣ эътироф карда намешаванд, меъёрҳои онҳо муносибатҳои байни субъектони ҳуқуқи байналхалқиро ба танзим намедароранд, лекин сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқие, ки аз тарафи давлат тасдиқ карда мешаванд, ҳамчун сарчашмаи асосии ҳуқуқии ин давлат эътироф карда мешавад.
  • Тарзи таъмини иҷро намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ. Иҷроиши меъёрхои ҳуқуқии қабулнамудаи давлат аз тарафи мақомотҳои ҳуқуқтатбиқнамои (маҷбуркуни)-и ӯ таъмин карда мешавад. Мисол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти иҷроиши қонунҳо аз ҷониби мақомоти Прокуратура назорат карда мешавад ва ҳангоми пайдо гардидани ҳуқуқвайронкунӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад, супоридани андозро Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ таъмин менамояд, ҳангоми вайрон кардани меъёрҳои тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби Милиса чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Ин намуд мақомотҳои зикргардида, ки рафти дурусти иҷро намудани меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқиро дар муносибатҳои байналхалқӣ таъмин намоянд, мавҷуд нест. Мисол ҳангоми вайрон гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқии ҷиноятӣ мақомоти байналхалқии прокуратура вуҷуд надорад, ки парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баҳри дастгир кардани ҷинояткор чораҳои заруриро андешад. Бинобар ҳамин, дар муносибатҳои байналхалқӣ иҷроиши меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқиро худи субъектони ҳуқуқи байналхалқӣ таъмин менамоянд.

Ҳамин тариқ, ҳуқуқи байналхалқӣ ин низоми ҳуқуқие мебошад, ки аз маҷмӯи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқие, ки аз ҷониби худи субъектони байналхалқӣ қабул карда мешаванд, иборат буда, баҳри ба танзим даровардани муносибатҳои субъектони ҳуқуқи байналхалқӣ равона карда шудаанд.


Калидвожаҳо: хукуки байналхалки, ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳуқуқи байналхалқӣ дар тоҷикистон, хукук, ҳуқуқ,  donishju tj, донишчу тч, студент тч, донишҷӯ тҷ, реферат, донишҷӯ, кори курси, кори курсӣ, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ, сайти омузиши, сомонаи омузишӣ, сайти точики, сайтхои точики, сайти тоҷикӣ

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣНамудҳои (тартиби) иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
БаъдӣПринсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ