Боқӣ Раҳимзода

Боқӣ Раҳимзода 15-уми майи соли  1910 дар Сорбоғ, ки яке аз деҳаҳои зеботарини ноҳияи Рашт ба ҳисоб меравад, ба дунё омадааст. Дар давраи кӯдакӣ, бо амри тақдир, падари ӯ аз сар рафт. (Боки Рахимзода) Баъди марги падар Боқӣ муддате дар хонаи амакҳояш  Миразизу Мирзораҳим умр ба сар бурда, бо ёрии онҳо ӯ дар мактаби куҳнаи деҳаашон савод омӯхт. Боқӣ, ки худ табиатан бачаи зираку донишдӯст буд, дар муддати ниҳоят кӯтоҳ асосҳои саводи мактаби куҳнаро аз худ намуд. Вай аз хурдсолӣ ба шеъру шоирӣ рағбати зиёд дошт, девони ғазалиёти Саъдию Ҳофизро пайваста меомӯхт.

Баъди ташкил шудани мактаби шӯроӣ ӯ аз ҷумлаи нахустин шогирдони болаёқати он мактаб буд. Боқӣ Раҳимзода аввал Техникуми педагогии шаҳри Самарқанд (1931), баъдтар Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд (1938) ва ниҳоят Институти омӯзгории шаҳри Душанберо (1941) бо баҳои аъло хатм намуд. Шавқи шеър барвақт дар қалби ӯ ҷой гирифта буд, аввалин шеърҳои ӯ солҳои 30-юм дар саҳифаҳои рӯзнома ва маҷаллаҳо чоп шуданд.

Аввалин китоби шеърҳои ӯ соли 1945 бо номи «Ба фронт» чоп шуд, ки дар онҳо қаҳрамониҳои халқи бузурги шӯравӣ ва ғалабаи он васф шудааст. Боқӣ Раҳимзода шоири тавоно буд, ашъори ӯ содаву фаҳмову самимист. Дар шеърҳои ҳаҷвияш шахсони ваъдабозу оилабезор, булҳавасу танбалро мазаммат мекард. Барои бачаҳо суруду таронаҳои зиёд навиштааст.

Ҳунар ва истеъдоди баланди шоирии Боқӣ дар шеърҳои «Чашмасор», «Баҳори умр», «Қиссаи кӯҳсор», «Республикаи ман», «Мусича ва рӯбоҳ», «Муаллим», «Халқи бузургворам» ва ғайра хеле хуб зоҳир шудааст.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Боқӣ Раҳимзода дар баробари шоири ҳақиқӣ будан, инсони бузург ва тарбиятгари шоирони ҷавон буд. Аз соли 1948 то охири ҳаёташ мушовирии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дар уҳда дошт. 30-юми январи соли 1980 Боқӣ Раҳимзода дар шаҳри Душанбе ҳаётро падруд гуфт.

Дар шеъри «Муаллим» иззату эҳтироми халқро нисбат ба омӯзгор хеле самимӣ баён намудааст.

Шеър дар васфи Муаллим

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам,
Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам,
Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам,
Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.

Ҳарфе дуруст хондам, аз шавқ медамидӣ,
Ноқис, ки менавиштам, бар хеш метапидӣ,
То сарбаланд бошам, бисёр сар хамидӣ,
Бори гарони меҳнат бар дӯши худ кашидӣ.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.

Омӯхта бароям одоби гуфтугӯро,
Во карда пеши чашмам дунёи орзуро,
Суде барои мардум бахшанда бин Амуро,
Дар роҳи бахтёбӣ маънои ҷустуҷӯро.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.

Дар гиру дори ҳастӣ, гуфтӣ, ки боҳунар шав,
Бар авҷ сар кашидӣ, аз қаър бохабар шав,
Аз дониши замонат пайваста баҳравар шав,
Дар ҳифзи халқу кишвар фарзанди номвар шав.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.

Тақдири насли миллат бар зиммаи ту бор аст,
З-ин бештар ба дунё дигар чӣ эътибор аст?
Омӯзгор он гаҳ мамнуну бахтёр аст,
Шогирди бовафояш бар халқ ифтихор аст.
З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар, муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар, муаллим.

Шеър дар васфи муаллим


Зиндагиномаи Боки Рахимзода шархи холи тарчумаи холи Боки Рахимзода.

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед