Чанд факти ҷолиб оиди дучарха

Соли 1817 олими немис Карл фон Дрез аввалин дучархаро сохт. Ӯ ин ашёи ихтироънамудаи худро «мошин барои давидан» номид, чунки он аз рама ва рул иборат буда, педал надошт.


Солҳои 1839 – 1840 оҳангари шотландӣ Киркпатрик Макмиллан ба дучарха педалро насб кард.


Томас Стивенс аввалин сайёҳе аст, ки солҳои 1884 – 1887 бо дучарха даври ҷаҳонро гаштааст. Дучархаи онвақтаи ӯ шина (резин) надошт.

Грамматикаи забони англисиро инҷо омӯзед >>ЗАБОНИ АНГЛИСӢ


Дар Фрайбург маконе ҳаст, ки дар он рондани автомобил манъ аст. Дар ин ҷо ҳама бо дучарха ҳаракат мекунанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ширкати «Aurumania» дучархаҳои аз ҳама қиматро истеҳсол мекунад. Маҳз ҳамин ширкат дучархаҳоеро, ки бо 24 карат тилло ва 600 санги сваровӣ пӯшида шудаанд, ба фурӯш баровард. Дучархаи тиллоии “Crystal Edition” нодир буда, соле 10 нусха истеҳсол мешавад ва нархи он ба 100 000 доллар баробар аст.


Дар заводи «Мерседес-Бенс»- и Зинделфинген коргарон дар ҳудуди корхона бо дучарха ҳаракат мекунанд. Ҳар шуъба дучархаҳои бо рангҳои хос орододашуда дорад.


Манбаъ: jumhuriyat.tj (Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА)


Кӯдаки 7-сола дӯсташро бо муваффақият ҷарроҳӣ намудааст, чӣ хел? Инҷо хонед >>ҶАРРОҲИ 7-СОЛА

Факту далелҳои ҷолибу хонданбобро инҷо мутолиа намоед >>АҶИБ


Барои зиёд намудани чунин маводҳо сомонаи моро ба дӯстонатон тавсия намоед ва ин матлабро дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо тақсим (поделиться) намоед >>


Далелхои чолиб, далелхои ачоиб, фактхои ачоиб, фактхои аҷоиб оиди дучарха.

ҚаблӣАФСОНА ЧИСТ?
БаъдӣМУБОЛИҒА