Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои зерин ҳамчун рӯзҳои ид қайд карда мешаванд:
– 1 январ – Соли нав;
– 22 январ – Рӯзи кормандони гумрук;
– 25 январ – Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №917)
– 23 феврал – Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– 8 март – Рӯзи Модар;
– 11 март – Рӯзи матбуот;
– якшанбеи дуюми моҳи март – Иди Сада;
– 20 март – Рӯзи зиёиёни эҷодкор;
– 21-24 март – Иди байналмилалии Наврӯз;
– 8 апрел – Рӯзи иқтисодчиён;
– 10 апрел – Рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ;
– 18 апрел – Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ;
– шанбеи сеюми моҳи апрел – Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе;
– якшанбеи сеюми моҳи апрел – Рӯзи илми тоҷик;
– 26 апрел – Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ;
– 1 май – Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон;
– 4 май – Рӯзи кормандони мақомоти андоз;
– 7 май – Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа;
– 9 май – Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;
– 12 май – Рӯзи Шашмақом;
-15 май – Рӯзи байналмилалии оила;
– 23 май – Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон;
– 26 май – Рӯзи адвокатҳо;
– 28 май- Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ;
– якшанбеи охири моҳи май – Рӯзи кимёгарон;
– 1 июн – Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон;
– 5 июн – Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва рӯзи обуҳавошиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 28.12.2012с, №918)
– якшанбеи якуми моҳи июн – Рӯзи кормандони савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ;
– якшанбеи дуюми моҳи июн – Рӯзи кормандони саноати сабук;
– 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ;
– 6 июл – Рӯзи байналмилалии кормандони кооператсия;
– 8 июл – Рӯзи маъюбон;
– якшанбеи дуюми моҳи июл – Рӯзи моҳипарварон;
– якшанбеи сеюми моҳи июл – Рӯзи металлург;
– 25 июл – Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ;
– 30 июл – Рӯзи кормандони сӯхторнишонӣ;
– 10 август – Рӯзи варзишгарон;
– якшанбеи дуюми моҳи август – Рӯзи кормандони сохтмон;
– 17 август – Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ;
– 17 август – Рӯзи кормандони роҳи оҳан;
– 18 август – Рӯзи кормандони соҳаи тиб;
– якшанбеи сеюми моҳи август – Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон;
– якшанбеи охири моҳи август – Рӯзи ангиштканон;
– 1 сентябр – Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ;
– 1 сентябр – Рӯзи дониш;
– 3 сентябр – Рӯзи авиатсия;
– 3 сентябр – Рӯзи Гвардияи миллӣ;
– 4 сентябр – Рӯзи китоб;
– якшанбеи аввали моҳи сентябр – Рӯзи кормандони саноати нафту газ;
– 9 сентябр – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– 13 сентябр – Рӯзи мелиораторон;
– якшанбеи дуюми моҳи сентябр – Рӯзи роҳсозон;
– якшанбеи сеюми моҳи сентябр – Рӯзи кормандони ҷангал;
– 22 сентябр – Рӯзи Рӯдакӣ;
– якшанбеи охири моҳи сентябр – Рӯзи мошинсозҳо;
– 30 сентябр – Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ;
– 1 октябр – Рӯзи куҳансолон;
– 5 октябр – Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– якшанбеи якуми моҳи октябр – Рӯзи омӯзгорон;
– 8 октябр – Рӯзи кишоварзӣ;
– 10 октябр – Рӯзи Фалак;
– якшанбеи дуюми моҳи октябр – Рӯзи кормандони адлия ва суд;
– 16 октябр – Рӯзи кинои тоҷик;
– якшанбеи сеюми моҳи октябр – Иди Меҳргон;
– 6 ноябр – Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– 7 ноябр- Рӯзи театри тоҷик;
– 10 ноябр – Рӯзи милитсия;
– 24 ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– 7 декабр – Рӯзи кормандони мақомоти молия;
– 9 декабр – Рӯзи геологҳо; (ҚҶТ аз 3.07.12с.№834)
– 10 декабр – Рӯзи ҳуқуқи инсон;
– 14 декабр – Рӯзи кормандони прокуратура;
– 18 декабр – Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон;
– 22 декабр – Рӯзи энергетика;
– 28 декабр – Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ;
– Иди Рамазон – ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад;
– Иди Қурбон – ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад.
Моддаи 3. Рӯзҳои иди ғайрикорӣ
Рӯзҳои зерини ид рӯзҳои ғайрикорӣ дониста мешаванд:
– 1 январ – Соли нав;
– 8 март – Рӯзи Модар;
– 21-24 март – Иди байналмилалии Наврӯз;
– 9 май – Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;
– 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ;
– 9 сентябр – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– 6 ноябр – Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Рӯзи иди Рамазон – ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад;
– Рӯзи иди Қурбон – ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи дин муқаррар карда мешавад.
Калидвожаҳо: Идхои Точикистон, Праздники Таджикистана, Рузхои истирохати Точикистон, Идхои истирохати. Рӯзҳои истироҳатии Тоҷикистон.

























