Принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ

Принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ гуфта асосҳо ва ғояҳои роҳбарикунадаи фаъолияти субъектҳои ҳуқуқи байналҳалқӣ меноманд, ки табиати асосии ҳуқуқи байналхалқиро баён намуда, нисбати меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ қувваи баланди ҳуқуқӣ доранд.

Ба принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ хусусиятҳои зерин хос аст:

  • Принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ қисми таркибии меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ба ҳисоб мераванд.
  • Принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ хусусияти императивӣ (jus cogens) доранд, яъне онҳо аз ҷониби ҳамаи субъектҳои ҳуқуқи байналхалқӣ бечунучаро бояд риоя ва иҷро карда шаванд;
  • Ба принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ хусусияти универсалӣ хос мебошад, яъне амали онҳо дар ҳудуди давлати алоҳида ё минтақаҳои муайян паҳн нагардида, балки ба фаъолияти тамоми субъектҳои ҳуқуқи байналхалқӣ паҳн карда мешаванд.
  • Принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ бо ҳамдигар дар алоқамандии зич қарор доранд. Мисол, принсипи ягонагии қаламрави давлат бо принсипҳои истифода набурдани қувва ва таҳдиди қувва, вайрон накардани сарҳади давлат, баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунии ҳалқҳо алоқаманд мебошад
  • Принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ нисбати меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ қувваи баланди ҳуқуқӣ доранд, яъне ҳангоми мухолифат байни принсипи асосии ҳуқуқи байналхалқӣ ва меъёри ҳуқуқи байналхалқӣ ба принсип бартарӣ дода мешавад.

Дар илми ҳуқуқи байналхалқӣ принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқиро шартан вобаста ба объекти ҳамкории субъектони ҳуқуқи байналхалқӣ чунин тасниф кардан мумкин аст:

  • принсипҳои дастгирии сулҳ ва амнияти байналхалқӣ,
  • принсипҳои ҳамкориҳои байналхалқӣ
  • припсипҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон, миллатҳо ва ҳалқро фарқ мекунанд.

Ба принсипҳои дастгирии сулҳ ва амнияти байналхалқӣ принсипҳои зерин дохил мешаванд:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  • Принсипи истифода набурдани қувва ва таҳдиди қувва. Принсипи мазкур истифода бурдани ҳамагуна қувва, аз он ҷумла таҳдиди қувва барои ҳал намудани баҳсҳои байналхалқӣ манъ менамояд. Принсипи истифода набурдани қувва ва таҳдиди қувва таҷассуми бевоситаи хешро дар қ. 4 м. 2 Оинномаи СММ ёфтааст. Бояд қайд кард ки ҳангоми истифода бурдани қувва аз ҷониби давлат нисбати давлати дигар мувофиқи м. 51 Оинномаи СММ давлате, ки нисбати ӯ қувва истифода бурда шуда аст, ҳуқуқи худмудофиаро дорад.
  • Принсипи ба таври осоишта ҳал кардани баҳсҳои байналхалқӣ.

Мувофиқи принсипи мазкур субъектони ҳуқуқи байналхалқӣ ӯҳдадор мебошанд, ки ҳамагуна баҳсҳои бавуҷудомадаро ба таври осоишта ҳал намуда, амнияти байналхалқӣ, сулҳи байналмиллалиро халалдор насозанд ва ҳангоми ҳал намудани баҳс тарафҳо ба созиш наоянд, он гоҳ онҳо ӯҳдадор мебошанд, ки воситаи дигари ҳалли баҳсро ҷустуҷӯ намоянд. Принсипи ба таври осоишта ҳал кардани баҳсҳои байналхалқӣ дар қ. 3 м. 2 Оинномаи СММ мустаҳкам градонида шудааст. Қайд намудан зарур аст, ки мувофиқи Оинномаи СММ дар ҳолате, ки амалиёти давлати таҷовузкор сулҳ ва амнияти байналхалқиро зери хатар мегузорад, ин лаҳза дар асоси қарори Шӯрои амният нисбат ба ин давлат мувофиқи моддаи 39 ва 42 Оинномаи СММ чораи қатъии ҳарбӣ андешида мешавад;

  • Принсипи ягонагии қаламрави давлат. Мувофиқи принсипи зикргардида давлатҳо бояд аз ҳамагуна амалиётҳое, ки ба тағир додани сарҳади байналхалқии давлати дигар равона карда шудааст, худдорӣ намоянд. Принсипи номбурда дар Санади хотимавии машварати сарони давлатҳо оид ба амният ва ҳамкориҳо дар Аврупо аз 1 августи соли 1975 таҷассуми худро ёфтааст.
  • Принсипи вайрон накардани сарҳади давлатӣ. Принсипи вайрон накардани сарҳади давлатӣ дар қ. 4 м. 2 Оинномаи СММ мустаҳкам гардонида шуда, мазмуни он даст кашидан аз истифодаи қувва ва таҳдиди қувва бо мақсади вайрон кардани сарҳади давлатӣ ва худдорӣ намудан аз ҳамагуна даъвоҳо нисбати сарҳади давлатӣ мебошад. Сарҳади давлат нишонаи асосии вуҷуд доштани давлат дар арсаи ҷаҳонӣ буда, аз ин рӯ давлатҳо ӯҳдадоранд, ки дахлнопазирии сарҳади давлатиро бечунучаро риоя намояд.

Принсипҳои ҳамкориҳои байналхалқӣ дар навбати худ аз принсипҳои зерин иборат мебошанд:

  • Принсипи баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо. Принсипи мазкур маънои онро дорад, ки ҳар як давлат ӯҳдадор аст, ки ҳуқуқи субъективии давлати дигарро дар ҷодаи моликият, қонунгузорӣ, иҷроия, ҳокимияти судӣ ва сиёсати беруна, инчунин ягонагии қаламраву мустақилияти сиёсии онҳоро эҳтиром намояд. Принсипи мазкур дар қ. 1 м. 2 Оинномаи СММ таҷассуми худро ёфтааст;
  • Приснипи даҳолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳои дигар. Ин принсип дар б. 7 м. 2 Оинномаи СММ муқаррар карда шуда, маънои онро дорад, ки давлатҳо ӯҳдадор мебошанд, ки аз дахолат кардан ба масъалаҳои дохилии давлатҳои дигар худдорӣ намоянд;
  • Принсипи ҳамкориҳои давлат. Принсипи номбаршуда дар б. 3 м. 1 Оинномаи СММ мустаҳкам шудааст. Мазмуни принсипи ҳамкориҳои давлат дар ӯҳдадории ҳамкорӣ намудани давлатҳо дар ҳама соҳаҳои байналхалқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, сарфи назар аз ҷинс, нажод, забон, дин ифода мегардад;
  • Принсипи бовиҷдонона иҷро кардани ӯҳдадориҳои байналхалқӣ. Принсипи мазкур дар б. 2 м. 2 Оинномаи СММ дарҷ гардида, субъектҳои ҳуқуқи байналхалқиро вазифадор менамояд, ки ӯҳдадории байналхалқие, ки онҳо ба зимма мегиранд, бояд бовиҷдонона ва ба таври ҳатмӣ иҷро намоянд.

Припсипҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон, миллатҳо ва ҳалқ аз ду принсипи байналхалқӣ иборат буда, принсипҳои зеринро дар бар мегирад:

  • Принсипи баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунии халқу миллатҳо. Мувофиқи ин принсип ҳамаи халқу миллатҳо метавонанд озодона вазъи сиёсии худро муайян намуда, аз ҷиҳати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ инкишоф ёбанд. Принсипи баробарҳуқуқӣ ва худмуайянкунии халқу миллатҳо дар Оинномаи СММ, дар Эъломия «Дар бораи принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ» аз 24 октябри соли 1970 мустаҳкам карда шудааст;
  • Принсипи эҳтироми ҳуқуқ ва озодҳои асосии инсон. Принсипи номбаршуда давлатҳоро ӯҳдадор менамояд, дар фаъолияти худ, ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он, ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро эътироф намуда, барои ҳифз ва амалигардонидани онҳо шароитҳо муҳайё созанд. Принсипи эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон инъикоси бевоситаи худро дар б. 3 м. 1 Оинномаи СММ, Эъломияи ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948, Паймони байналхалқӣ «Дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» аз 16 декабри соли 1966, Паймони байналхалқӣ «Дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фархангӣ» 16 декабри соли 1966 Конвенсияи аврупоӣ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқ ва озодии инсон» аз 4 ноябри соли 1950, Санади хотимавии машваратии сарони давлатҳо доир ба амният ва ҳамкориҳо дар Аврупо аз 1 августи соли 1975 ёфтааст.
ҚаблӣМафҳум ва предмети ҳуқуқи байналхалқӣ
БаъдӣСарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқӣ