Барқия (Телеграмма)

Барқия ҳуҷҷатест, ки ба воситаи телеграф фиристода мешавад. Барқия барои ба тезӣ хабареро расонидан, огоҳ сохтани шахсе аз корҳои дар пеш буда, вазъи саломатӣ, огоҳ сохтан аз замони парвоз дар тайёра ва ё сафар дар қатора (поезд) ва ғайра фиристода мешавад. Телеграмма бо услуби ба худаш хосе, дар идораи почта, дар варақа (бланк)-и махсусе пур карда шуда, ба ходими почта супурда мешавад. Телеграмма ду навъ аст: оддӣ ва фаврӣ. Навъи телеграмма дар варақи телеграмма сабт мегардад. Телеграммаи фаврӣ ба тезӣ расонида мешавад. Нархаш аз телеграммаи оддӣ се баробар зиёдтар аст. Баъзан, ба воситаи телеграмма аз вазъи бади саломатии хешованде хабар медиҳанд ва ба тезӣ расида омаданро талаб менамоянд. Дар ин гуна телеграмма духтур ҳам имзо мекунад ва муҳр мегузорад. Ходими почта мавҷуд будани имзои духтур ва муҳрро дар барқия сабт менамояд. Шахси ин навъ баркқияро гирифта, тибқи қоидаи муайянкардашуда, бо нишон додани сабти имзои духтур аз фурудгоҳҳои кишварҳои дунё барои парвоз бе навбат, ба хатсайри соати наздиктарин билети тайёра харида метавонад.

Дар барқия кутоҳбаёнӣ, мухтасаргӯӣ чизи асосӣ аст. Ҳиссаҳои ёвари нутқ, пайвандакҳову пешояндҳо навишта намешаванд. Агар зарурат набошад, аломатҳои китобатро намегузоранд. Ин амал бо мақсади сарфаҷӯӣ дар хароҷоти маблағи барқия (фиристонанда барои ҳар як калима пул медиҳад, нуқта ҳам як калима ҳисоб мешавад) ва ҳам барои осон кардани кори ходими почта – ирсолкунандаи барқия сурат мегирад. Як навъи дигари барқия бо номаи тасдиқкунандаи расиданаш ба дасти шахсе, ки барқия ба ӯ фиристода шудааст, мебошад. Ба забони русӣ ин навъ барқияро «С уведомлением» мегӯянд. Дар матни барқия фиристонанда ному насабашро мухтасар менависад; баъзан як ном кифоя аст. Аммо дар варақаи барқия фиристонанда адреси худро пурра сабт менамояд. Матни адрес фиристода намешавад ва аз он маблағ намеситонанд. Дар сурати пайдо карда нашудани шахсе, ки ба ӯ барқия фиристода шудааст, почта аз рӯйи хамин адрес фиристонандаро меёбад ва ӯро аз нарасидани барқия ба дасти шахси таъиншуда огох менамояд.

Ба Россия ва ё аз Россия барқия ба забони русӣ навишта мешавад, чунки ходимони почта забони тоҷикиро намедонанд. агар забонро донанд ҳам, дар фиристонидани барқия мушкилӣ мекашанд. Дар дастгоҳи ирсоли барқия ҳарфҳои тоҷикӣ – ғ, ӣ, қ, ӯ, ҳ, ҷ нестанд. Бе думчаҳои ҳарфҳо (ба ҷойи қ – к ва ғ.) аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигар ва дар худи Тоҷикистон ҳам барқия фиристодан мумкин аст. Инчунин метавон барқияро ба забони тоҷикӣ, вале бо ҳарфҳои лотинӣ (англисӣ) фиристод. Дар дастгоҳи ирсоли барқия алифбои лотинӣ (англисӣ) мавҷуд аст.

Имрӯз номаҳо ва ё иттилооти монанд ба барқия ба воситаи компютер ва ё факс низ фиристода мешаванд, вале ин гуна номаҳо дар сурате ба дасти шахси таъиншуда мерасанд, ки вай компютерашро ба кор бидарорад ва дар интернет номаҳои ба ӯ фиристодашударо аз назар бигузаронад. Дар сурати кор номаи ба ӯ ирсолшударо бубинад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Намунаҳо:

Кӯлоб кучаи Гулрезон 65 хонаи 5

Ба Амирхонов Неъматулло

Бо рӯзи таваллудат табрик менамоям умри дароз сиҳативу саломатӣ комёбиҳо орзумандам.

Бо эҳтиром дустат Анвар ____________

Шаҳри Душанбе – 64 (734064), кучаи Навоӣ 00 хонаи 00

Сангов Анвар


Инчунин хонед –>>

Тарзи навиштани Дархост (Заявка)


Барқия ба Россия

Москва улица Дмитрия Ульянова 5

квартира 152 Сангову Ахрору

Рӯзи 25 октябр бо хатсайри 632 аз Душанбе парвоз мекунам

Абдуллоев Аҳмад


Аз Россия лозим меояд, ки барқия ба забони русӣ навишта шавад:

Таджикистан город Душанбе улица Шохин 25 квартира 25

Сатторову Ахрор

Вылетаю 20 октября рейс 632 встречай Абдуллоев Ахмад

Суроғаи пурраи фиристонанда


Ба Америка аз Тоҷикистон ба ҳуруфи лотинӣ:

USA New-York Peter street 45 department 45 Ahrorov Anvar

Ba tuyi barodarat 25 oktyabr biyo Abdulloev Ahmad

Суроғаи пурраи фиристонанда


Ба кишварҳои Европа суроға, номи шахсе, ки барқия ба ӯ таъин гардидааст, бо забони маъмул дар ҳамон кишвар сабт мегардад. Матни барқияро ба забони тоҷикӣ ба ҳуруфи лотинӣ (англисӣ) метавон навишт.


Баркия бо забони точики, телеграма, телеграмма на таджикском языке, баркияро чи тавр менависанд, тарзи навиштани баркия.

ҚаблӣТарзи навиштани Эълон (Объявление)
БаъдӣИқтисоди бозорӣ ва дигаргунсозии муносибатҳои молиявию қарзӣ дар Тоҷикистон