Таълимоти иктисодии К.Маркс. Таълимоти Марксисти

Таълимоти иқтисодии К.Маркс. «Маркс ниҳоят муҳим мебошад, ки ӯро танҳо ба марксистон мустаҳкам намоем», менависад иқтисодчии номдори америкоӣ П.Самуэлсон.

Барои чӣ К.Марксро иқтисодчии бузург меҳисобанд? Барои он, ки Маркс бисёр кашфиётҳои аҳамияти калондоштаро дар назарияи иқтисодии классикӣ амалӣ кардааст, ки онҳо илми иқтисодиро қариб то мукаммалӣ оварда расонидаанд. Бо баробари ин гуфтаҳо, таълимоти К.Марксро ба таври кӯтоҳ маънидод кардан ниҳоят мушкил аст. Ӯ ниҳоят саҳми бзургеро ба инкишофи илми иқтисодӣ гузоштааст.

Дар ҷодаи итмомёбии мантиқӣ ва маънидодкунии систематики назарияи меҳнатии арзиш чунин хусусиятҳоро ҷудо кардан ҷоиз аст:

  1. Ақидаи асосие, ки имконияти ба таври формалӣ – мантиқӣ ҳал намудани зиддияти дар консепсияҳои гузаштагон мавҷуд бударо фароҳам меоварда ин ақидаи К.Маркс оид ба характери духелагии меҳнат мебошад. Дар шакли конкретии худ, меҳнат арзиши истеъмолиро ба вуҷуд оварда, ҳамчун шакли абстрактии аз фарқиятҳои сифатӣ озодшуда бошад, арзишро ба вуҷуд меоварад. Коргар дар ҷараёни истеҳсолот бо меҳнати конкретӣ арзиши воситаҳои истеҳсолотро ба арзиши маҳсулоти нав мегузаронад, бо меҳнати абстрактӣ бошад арзиши навро ба вуҷуд меоварад. Аз ин ҷо аз рӯи сохтори худ арзиш дар худ хароҷоти меҳнати гузашта ва арзиши навро дар бар мегирад, ки бо меҳнати зинда офарида шудааст.
  2. Арзиш мувофиқи таълимоти К.Маркс ин хосияти мол, ки танҳо дар ҷараёни мубодила бо воситаи арзиши мубодилавӣ ба назар мерасад. Дар ҷараёни инкишофи таърихии мубодила арзиши мубодилавӣ «аз шакли оддитарини номаълум то шакли пулӣ» инкишоф меёбад. Маркс моҳияти пул, вазифаҳо он ва қонуни муомилоти пулиро ниҳоят бомуваффақият маънидод кардааст. Маркс таркиби қонуни арзиш, аҳамият ва вазифаҳои онро маънидод намуд.
  3. Мувофиқи ақидаи Маркс, коргар ба капиталист худи меҳнатро не, балки қувваи кориро – қобилияти ба вуҷуд овардани молҳои навро мефурӯшад. Ҳамин тавр, худи қувваи корӣ ҳамчун мол баромад мекунад. Арзиши ин мол бо арзиши воситаҳои ҳаётии барои такрористеҳсоли қувваи корӣ зарур буда муайян карда мешавад. Арзиши истеъмолӣ бошад дар қобилияти ба вуҷуд овардани арзиши нави нисбат ба арзиши қувваи корӣ зиёдтар ифода меёбад. Қувваи кориро харидорӣ намуда, капиталист арзиши онро пардохт мекунад, вале арзиши истеъмолиро истифода мебарад. Мувофиқан, қонуни арзиш, ҳамчун қонуни мубодилаи эквивалентӣ вайрон намешавад. Фарқияти байни арзиши нав ва арзиши мол «қувваи корӣ» – ин арзиши иловагӣ (изофагӣ) мебошад. Дар ҷараёни мубодила арзиш изофа шакли дигаргуншудаи фоидаро мегирад.
  4. Капитал, менависад Маркс, – ин «арзиши худафзояндааст». Дар асоси худафзояндагии он истисмори меҳнати кироя хобидааст. Вобаста ба ин Маркс хулосаи асосии сиёсиро баровард: боигарӣ бояд ба шахсе таалуқ дорад, ки онро ба вуҷуд овардааст.
  5. Назарияи такрористеҳсоли Маркс ҷолиби диқкати махсус аст. Маҳсулоти ҷамъиятиро ба ду ҷузъ ҷудо карда – воситаи истеҳсолот ва молҳои истеъмолӣ, Маркс таносубҳои барои ҷараёни мӯътадили такрорисетҳсоли оддӣ ва васеъ зарурро нишон дод.
  6. Аз тарафи Маркс ақидаҳо оид ба қонуниятҳои таҳаввули шаклҳои иҷтимоӣ – иқтисодии ҷамъият инкишоф дода шуда буд, таълимот оид ба форматсияҳои ҷамъиятӣ – иқтисодӣ таъсис дода шуда, қонуни ивазшавии онҳо, яъне қонуни мувофиқати муносибатҳои истеҳсолӣ ба сатҳ ва характери инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда баён карда шуда буданд. Ҳамаи ин имконияти хулосабарориро фароҳам овард, ки мувофиқи он капитализм, ҳамчун дигар форматсияҳои ҷамъиятӣ – иқтисодӣ характери гузаранда дорад.

Танҳо номбар кардани кашфиётҳои К.Маркс даҳҳо саҳифаро дар гирифтанаш мумкин аст. Лекин ақидаи К.Маркс оид ба хусусияти истисмории сохтори капитализм, бо баробари ин оид ба васеъшавӣ ва инкишофёбии ин хусусият, ки гӯё дар шиддатёбии камбизоатшавии синфи коргар ифода меёбад, инчунин ақида оид ба барҳамхӯрии капитализм таърихан тасдиқ нашуданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣШеърхои ошики
БаъдӣНазарияхои иктисодии муосир