Назарияхои иктисодии муосир

Назарияҳои иқтисодии муосир. Ба назарияҳои муосир одатан назарияҳои иқтисодиро дохил мекунанд, ки дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX таъсис ёфтаанд. Онҳо бо мавқеъҳои гуногуни васеъ, нигоҳҳо ва консепсияҳо пешкаш гаштаанд. Дар никишофи худ назарияи иқтисодии муосир як қатор марҳилаҳоро аз сар гузаронидааст, ки дар ҷараёни онҳо асосан ду равия таъсис ёфтааст: неоклассикӣ ва кейнсӣ.

Равияи неоклассики назарияи иктисоди

Равияи неоклассики назарияи иқтисодӣ. Дар охири асри XIX бар муқобили мактаби иқтисодчиёни англис равияи неоклассикӣ таъсис ёфт, ки назарияи иқтисодиро ба пеш равона сохт. Мулоҳизаҳои зарурии неоклассикон, ки онҳо аз назарияи классикӣ гирифта буданд принсипи «laissez faire», «ақидаи дасти ноаёни бозор», ки иқтисодиётро танзим мекард ва дахолатнопазирии давлат гардид. Асосҳои назарияи неоклассикӣ дар ҷараёни тадқиқи рафтори субъекти хоҷагидорӣ дар шароити маҳдудияти захираҳо, коркард шудаанд. Аз тарафи неоклассикон муносибати микроиқтисодӣ ба ҳодисаҳо ва ҷараёнҳо дар сатҳи субъектони хоҷагидории алоҳида асоснок карда шуданд. Асоси ибтидоии равияи неоклассикии назарияи иқтисодӣ, назарияи фоиданокии интиҳоӣ гардид.

Ба назарияи неоклассикӣ чунин хусусиятҳои фарқкунанда хосанд:

Якум, неоклассикон маҳдудияти таълимоти классикиро оид ба мол ва нархи бозорӣ бартараф карданд. Азбаски иқтисоди сиёсии классикӣ рафтори истеъмолкунандагони неъматҳои молиро дар бозор намеомӯхтанд, бинобар ҳамин таълимоти мукаммалро оид ба низоми бозории хоҷагидорӣ таъсис надоданд. Ин нуқсонро мактаби австриягии иқтисоди сиёсӣ бартараф кард, ки консепсияи фоиданокии интиҳоии неъматҳои моддиро коркард намудааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Классикони англис гумон мекардад, ки соҳаи ҳалкунандаи иқтисодиёт истеҳсолот мебошад. Мувофиқан ба ин гуфтаҳо, онҳо гумон дошанд, ки нархи бозорӣ бо неъматҳои аз тарафи молистеҳсолкунандагон пешниҳодшаванда муайян карда мешавад. Иқтисодчиёни австрягӣ баръакс нақши асосиро дар тараққиёти иқтисодӣ ба бозор мансуб дониста, нақши асосии нархгузориро ба талаботи харидорон мансуб медонистанд.

Дуюм, ба аз нав дида баромадани мероси классикӣ асосгузори иқтисоди сиёсии америкоӣ Дж.Б.Кларк низ машғул шуда буд. Консепсияи фоиданокии интиҳоии неъматҳои истеъмолиро ӯ бо назарияи ҳосилнокии интиҳоии меҳнат ва капитал пурра намуда, назарияи худро ба зидди таълимоти классикӣ оид ба арзиши изофа ва истисмори синфи коргар дар шароити капитализм вогузошт. Дж.Б.Кларк гумон дошт, ки тақсимоти маҳсулоти ҷамъиятӣ мувофиқи ҳиссаи ҳар як омили истеҳсолот (меҳнат, капитал ва замин) амалӣ мегардад.

Сеюм, консепсияи фоиданокии интиҳоӣ ва ҳосилнокии интиҳоии омилҳои истеҳсолот имконият дод, ки дар асоси назарияи неоклассикӣ муаммои самаранокии иқтисоди бозорӣ вогузор карда шавад. Чунин самаранокӣ маънои ноилгардӣ ба ҳадди аксари қонеъгардонии эҳтиёҷотҳои одамонро (ва ё ҳадди аксари даромади соҳибкорро) дар ҳолати хароҷоти ҳадди ақали захираҳои истеҳсолӣ дорад.

Воридкунии бузургиҳои интиҳоӣ ба назарияи иқтисодӣ ба пайдоиши мактаби математики дар иқтисодиёт сабаб шуд. Айнан бузургиҳои интиҳоӣ истифодабарии математикаи олиро дар иқтисодиёт имконият дод. Бо воситаи усулҳои математикӣ имконият пайдо шуд, ки вобастагиҳои фундаменталии математикӣ дар истеҳсолот, истеъмолот ва дар бозор кашф карда шаванд. Чунин усулҳо имконият доданд, ки вариантҳои истифодабарии ҳосилнокии имкониятҳои истеҳсолӣ дар ҳолати маҳдудияти захираҳо дарёфт карда шаванд. Назарияи фоиданокии интиҳоӣ имконият дод, ки ҳаҷми оптималии истеҳсолот, ҳаҷми оптималии корхона муайян карда шуда, сохтори омилҳои истеҳсолоти истифодашаванда низ оптимизатсия карда шаванд. Аз ҳамин сабабҳо табаддулот дар назарияи иқтисодӣ инқилоби маржиналистӣ (маржинализм аз калимаи англисии marginal – интиҳоӣ гирифта шудааст) номида шуд.

Инкилоби маршалли

Инқилоби маршаллӣ (А.Маршалл 1842 – 1924). А.Маршалл натиҷаҳои инқилоби маржиналистиро ҷамъбаст намуда, онро пурра карда ва ба низом даровард. Саҳми А.Маршаллро дар таҳияи ин равияи назариявӣ, баъзе таърихчиёни афкори иқтисодӣ «инқилоби маршаллӣ» номиданд.

Бар хилофи афкорҳои пештараи арзиши неъматро бо хароҷоти меҳнат ва ё бо баҳодиҳии субъективии фоиданокӣ маънидод мекарда, Маршалл ба хулосае омад, ки мувофиқи он дар таъсисёбии арзиш ҳам хароҷоти меҳнат ва ҳам баҳодиҳии субъективии фоиданокӣ иштирок мекунанд. Омилҳои талабот ва пешниҳодро муайян карда, ӯ ба тадқиқи хусусиятҳои ба мувозинатӣ омадани талабот ва пешниҳод ва таъсисёбии нархи мувозинатӣ шурӯъ намуд. Маршал аҳамияти таъсири талабот ва пешниҳод вобаста аз вақт тағйир меёбад. Давраҳои лаҳзагӣ, кӯтоҳ, дароз ва дурударозро ҷудо намуда, Маршалл чунин хулосабарорӣ кард: чӣ қадаре, ки фосила кӯтоҳ бошад, ҳамон қадар талабот ба нарх таъсири калон мерасонад; чӣ қадаре, ки фосила дароз бошад, ҳамон қадар пешниҳод ба нарх таъсири калон мерасонад.

Ҳамин тавр, А.Маршалл кӯшиш кард, ки назарияи меҳнатии арзишро бо назарияи фоиданокии интиҳоӣ муттаҳид намояд, лекин ӯ бо яктарафагии ҳам назарияи меҳнатии арзиш (мувофиқи ин назария нарх ин ифодаёбии пулии арзиш – хароҷотҳои меҳнатии истеҳсолкунанда аст) ва ҳам назарияи фоиданокии интиҳоӣ (мувофиқи ин назария нарх ин ифодаёбии баҳодиҳии субъективии молҳо аз тарафи харидор мебошад) дучор шуд.

Ба бартараф намудани ин зиддият кӯшиш намуда, А.Маршалл ба чунин хулоса омад: дар ҷараёни таъсисёбии нархи бозорӣ изҳор намудани афзалият ба пешниҳоди фурӯшанда ва ҳам ба талаботи харидор нодуруст мебошад. Бинобар ҳамин дар маркази тадқиқот ӯ ташаккулёбии нархҳоро дар бозорҳои гуногуни молӣ бо воситаи баҳамтаъсиррасонии талабот ва пешниҳод вогузор намуд. Бо баробари ин вобастагиҳои фундаменталии байни нарх ва талабот, нарх ва пешниҳод муайян гардиданд. Ин ва дигар ҳолатҳо дар кори асосии А.Маршалл «Принсипҳои иқтисоди сиёсӣ», ки соли 1890 ба чоп расида буд, асоснок карда шудаанд.

Равияи кейнси

Равияи кейнсӣ дар солҳои 30-уми асри XX ташаккул ёфтааст. Равияи неоклассикӣ рафтори субъекти хоҷагидориро дар шароити рақобати мукаммал таҳлил мекард. Лекин дар иқтисодиёти аслӣ нақши калонро монополияҳо мебозидагӣ шуданд. Ба ғайр аз ин, неоклассикон қариб ба таври пурра мавҷудияти норасогиҳоро дар иқтисоди бозорӣ, зиддиятҳоро дар истеҳсолот, тақсимот ва истеъмолот ва инчунин бӯҳронҳои иқтисодиро рад мекарданд. Нақши танзимгарии «дасти ноаёни бозор» дар ҳама назарияҳои онҳо далели асосӣ ба ҳисоб мерафт.

 Бо вуҷуди ин солҳои 30-уми асри XX бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ сар зад, ки давомнокӣ, оқибатҳои умумииқтисодӣ ва сиёсии он дар таърихи башарият аввалин буд. Равияи неоклассикии назарияи иқтисодӣ ба муаммоҳои аз тарафи бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гузошта роҳи халро дарёфт карда натавонист. Аз ҳамин сабаб, назарияи иқтисодӣ дар миёнаи асри ХХ яке аз табаддулотҳои ҷиддиро аз сар гузаронид, ки номи «инқилоби кейнсиро» гирифт. Номи ин табаддулот бо номи иқтисодчии англис Ҷ.М.Кейнс (1883 – 1946) алоқаманд аст.

Равияи кейнсӣ қобилияти механизми бозориро ба худтанзимшавӣ рад мекунад, яъне мувофиқи ин равия иқтисоди бозорӣ аз чунин бемориҳо ба монанди бекорӣ, таваррум, суръатҳои пасти рушди иқтисодӣ, бӯҳронҳои сиклӣ ва ғайраҳо қобилияти худмуолиҷавиро надорад.

Мувофиқи ақидаи тарафдорони ин равия, механизми бозорӣ бояд нигоҳ дошта шуда (зеро бо маънои самаранокии иқтисодӣ ба ин механизм ивазшавандаи арзанда вуҷуд надорад), бо танзими ҳаматарафаи давлатӣ пурра шуданаш лозим аст, ки барои ҳалли муаммоҳои ҳалнопазири бозорӣ имкониятҳоро фароҳам меоварад.

Кори илмии асосии Ҷ.Кейнс «Назарияи умумии шуғл, фоиз ва пул» (1936с.) ба ҳисоб меравад. Ин кори илмӣ зери таъсири бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодии солҳои 1929 – 1933 таҳия гардида буд, ки дар он давра ҳаҷми истеҳсолот то ниммаи имкониятҳои худ паст шуда, ҳар як коргари чорум бекор монда буд ва даромадҳои аслии аҳолӣ да 60% паст шуда буданд.

Чунин пастравии истеҳсолот ва вайроншавии мувозинатии умумии иқтисодӣ ҳолатҳои фундаменталии назарияи иқтисодии ноклассикиро зер шубҳа гузошта буд.

Тарзи родикалии баратараф намудани оқибатҳои бӯҳронро Ҷ.Кейнс дар китоби худ пешкаш карда буд. Ӯ принсипҳои куллан нави танзими иқтисодиёти миллиро баён кард. Ба ин принсипҳо чунин ҳолат дохил мешаванд.

Якум, Кейнс ақидаи асосии классикон ва неоклассиконро оид ба дахолатнопазирии давлат ба иқтисодиёт рад кард. Ӯ ҳолатеро асоснок намуд, ки мувофиқи он нақши ҳалкунандаро дар пешгирии бӯҳронҳои иқтисодӣ ва бекорӣ бояд айнан давлат бозад. Давлат ба тақсимоти ҳамаи даромадҳои ҷамъият иштирок мекунад ва дар дасти худ захираҳои муайяни пулӣ ва дигар захираҳоро бо мақсади таъсири фаъолона ба иқтисодиёт нигоҳ медорад.

Дуюм, барои таъмин намудани шуғли пурраи коргарон, бояд на ба пешниҳоди молҳо аҳамият дод (чи хеле, ки неоклассикон пешкаш мекарданд), балки баръакс бояд ҳаматарафи талаботро инкишоф додан зарур аст, яъне қобилияти харидории аҳолиро ва харидани воситаҳои истеҳсолотро аз тарафи соҳибкорон васеъ намудан лозим аст. Барои ин давлат бояд ҳаҷми хароҷоти нави капиталиро ба истеҳсолот зиёд намуда, хароҷотро ба мақсадҳои иҷтимоию иқтисодӣ бо воситаи баланд намудани ҳаҷми андозҳо ва барориши миқдори зиёди пулҳо зиёд намояд.

Сеюм, барои идоракунии давлатии иқтисодиёт коркарди чунин моделҳои иқтисодӣ – математикӣ заруранд, ки онҳо вобастагиҳои миқдориро байни нишондиҳандаҳои асосии хоҷагии миллӣ кушода медиҳанд. Истифодабарии ин моделҳо имконият медиҳад, ки танзими тамоми фаъолияти хоҷагидорӣ ба асоси илмӣ вогузор карда шавад.

Равияи неокейнси

Равияи неокейнсӣ. Дар солҳои 1950 – 1960 асри ХХ пайравон ва шогирдони Кейнс – Э.Хансен, Ҷ.Хикс, Р.Харрод, Е.Домар инкишофи назарияи танзими давлатии иқтисодиётро давом доданд. Онҳо ба мактаби иқтисодии неокейнсӣ ибтидо гузоштанд. Дар тадқиқотҳои онҳо, нисбат ба корҳои худи Кейнс, фаъолияти танзимкунии давлат дар шароитҳои на танҳо бӯҳрон, балки дар шароити болрравӣ низ мушоҳида карда шудаанд. Давлат  бояд бо тағйирбиҳии хароҷотҳо иқтисодиётро танзим намояд, яъне хароҷотҳои дар давраи болоравӣ кам намояд ва давраи депрессия бошад зиёд намояд. Бо чунин тарз давлат тағйирёбиҳои сиклии вазъиятро бартараф мекунад. Неокейнсчиён назарияи рушди иқтисодиро таҳия намуда, онро бо таълимоти инвеститсияҳо алоқаманд карданд. Умуман пешниҳодҳои кейнси ва неокейнси ба таъмини сатҳи баланди шуғл ва ба афзоишёбии танзими давлатии иқтисодиёт равона карда шудаанд. Нақши равияи кейнсӣ хусусан дар давраи баъдиҷангӣ зиёдтар шуд. Дар бисёр мамлакатҳо қонунҳои махсус қабул шуда буданд, ки ҳукуматҳоро маҷбур мекарданд аз болои ҳолати вазъияти иқтисодӣ назорат баранд ва чораҳои заруриро барои таъмини сатҳи зарурии истеҳсолот ва шӯғл андешанд. Дар солҳои 50 – 60-уми асри ХХ тамоюл ба омехташавии равияи кейнсӣ ва мактаби неоклассикӣ пайдо шуд. Яке аз таҳиягарони номдор ва машҳури «синтези неоклассикӣ» иқтисодчии америкоӣ П.Самуэлсон мебошад. П.Самуэлсон гумон дошт, ки чунин омехташавӣ монеъаро байни макроиқтисодӣ агрегиронӣ ва микроиқтисодро аз байн мебарад ва онҳоро ба ягонагии пурракунанда мубаддал месозад.

Вале бадшавии ногаҳонаи ҳолати иқтисодӣ дар солҳои 70ум ба фаъолгардии равияи консервативӣ дар назарияи иқтисодӣ оварда расонид. Ин равияро мактаби монетаристӣ сарварӣ намуд.

Равияи монетаристии назарияи иктисоди

Равияи монетаристии назарияи иқтисодӣ. Назарияи кейнсӣ, ки зарурияти дахолати давлатро ба иқтисодиёт асос карда буд, солҳои 50-60-ум ва дар ниммаи авали солҳои 70-ум ба ҳукуматҳои мамлакатҳои ғарб барои таъмини суръати баланди рушди иқтисодӣ кӯмак карда буд. Лекин солҳои 1973 – 1975 бӯҳрони ҷаҳонии шадиди иқтисодӣ нишон дод, ки: иваз намудани худтанзимшавии бозории макроиқтисод бо идоракунии давлатӣ озод намудани ҷамъиятро аз хислатҳои бӯҳронии бекорӣ ва таваррум қобилят надорад. Бинобар ҳамин бар зидди равияи кейнсӣ тарафдорони мактаби монетаристӣ баромад карданд, ки принсипҳои дахолатнопазирии давлатро ба иқтисодиёт дастгирӣ мекарданд.

Монетаризм чист? Монетаризм – назарияи мӯътадилкунандаи иқтисодиёт, ки дар он нақши асосиро омилҳои пулӣ мебозанд. Монетаристон идоракунии иқтисодиётро пеш аз ҳама ба назорати давлат аз болои барориши (эмиссияи) пулҳо, миқдори пулҳои дар муомилот буда, таъмини буҷети давлатии мувозинат ва ҷорӣ намудани фоизи баланд ба қарзи бонкӣ пешбарӣ мекунанд.

Олим – иқтисодчии америкоӣ М.Фридмен – яке аз шахсони номдор дар илми иқтисодии муосир, сарвари шинохтаи «мактаби нави монетаристӣ». Корҳои асосии М.Фридмен дар соҳаи назария ва таҷрибаи муомилоти пулӣ: «Барномаи мӯътадилкунии монетарӣ» (1953с.); «Тамоюлҳои баъдиҷангӣ дар назария ва амалияи пулӣ» (1963с.); «Дасти ноаён» дар иқтисодиёт ва сиёсат» (1981с.). Мувофиқи ақидаи М.Фридмен, тамоми тағйиротҳои иқтисодӣ бо оқибатҳои сиёсати пулӣ маънидод карда мешаванд, на балки бо мӯътадилии иқтисоди бозорӣ, бинобар ҳамин давлат бояд ба муносибатҳои бозорӣ то қадри имкон оҳиста – оҳиста дахолат кунад.

Дар ибтидои асри ХХ олимон – иқтисодчиёни ИМА, таҳлили тамоюлҳои монополиро дар иқтисодиёт пурзӯр намуда, ба равияи нав дар назарияи иқтисодӣ, яъне ба институтсионализм ибтидо гузоштанд. Ин равия чунон шакли номуайян дорад, ки афкорҳои намояндагони гуногуни он аз ҳамдигар оид ба як қатор муаммоҳо фарқияти калон дорад. Лекин дар ин равия як қатор ақидаҳои асосиро дарётан мумкин аст, ки ҳамаи намояндагони онро муттаҳид мекунад.

Якум, институтсионалистон мазмуни илми иқтисодиро ниҳоят васеъ дарк мекунанд. Онҳо дар таҳлили соф муносибатҳои иқтисодӣ маҳдуд нашуда, пешкаш менамояд, ки ҳамаи шароит ва омилҳои ба ҳаёти иқтисодӣ таъсир расонанда ба эътибор гирифта шаванд. Сухан оид ба чунин «институтҳои» ҷамъиятӣ (айнан аз ҳамин калима номи равияи мазкур муайян шудааст), ҳамчун шакли ташкили хоҷагидорӣ, меъёри рафтори гурӯҳҳои иҷтимоӣ, қонунҳои ҳуқуқӣ, тарзи тафаккур ва мафкури оммавии ҷамъият, урфу одатҳо ва анъанаҳо меравад.

Дуюм, онҳо пешкаш мекунанд, ки на танҳо чӣ тавр амал кардани ҷамъияти капиталистӣ, балки чӣ тавр тараққӣ кардани он ва дигаргуншавии он омӯхта шавад. Умуман барои институтсионализм муносибати танқидӣ ба капитализм ва тақозои васеъшавии барномаҳои иҷтимоӣ бо воситаи давлат хос мебошанд.

Сеюм, бозор – ин механизми ғайринейтралӣ ва ғайриуниверсалии тақсимкунанди захираҳо мебошад. Бозор ба қонеъгардонии эҳтиёҷотҳои одамон кӯшиш накарда, балки ба нигоҳдорӣ ва сарватмандшавии корхонаҳои калон (монополияҳо) кӯшиш мекунад.

Асоси ҳокимияти корхонаҳои калон – техника буда, набалки қонунҳои бозорӣ мебошанд. Бар зидди фармонфармоии соҳибкорон амали якҷояи иттифоқҳои касаба ва давлат зарур аст. Танҳо дар ин ҳолат иқтисоди бозорӣ метавонад нисбатан оқилона ва инсонпарварона шавад. Ба ғайр аз ба давлат зарур аст, ки зери дастгирии худ чунин соҳаҳои ҳаётан муҳимро ба монанди экология, маориф ва тандурустиро қарор диҳад.

Асосгузори институтсионализм олими америкоӣ Т.Веблен (1857 – 1929с.) ба ҳисоб меравад. Зиддияти ӯ муқобили мактабҳои классикӣ ва неоклассикӣ акси худро дар муҳити ҷамъиятӣ ва иқтисодии америка ва европа дарёфт кардааст. Дигар иқтисодчии америкоӣ Дж.Коммонс асосгузори равияи иҷтимоӣ – ҳуқуқӣ дар институтсионализм гардид, ки ба консепсияи «ҷаҳони иҷтимоӣ» ва «назорати иҷтимоӣ» асос гузоштааст.

Давоми институтсионализми анъанавӣ дар соли 1960 дар ақидаҳои институтсионалистони нав ифода ёфтааст. Дж.Гелбрейт, Р.Арон, У.Ростоу, Д.Белл ва дигарон назарияи ҷамъияти индустриалӣ ва пасазиндустриалиро таҳия намуданд, ки дар он асоси пешравии иҷтимоӣ бояд инқилоби илмӣтехникӣ қарор дошта бошад, ки ба бартараф намудани зиддиятҳо бо роҳи таҳаввули бе низо мусоидат мекунад.

Солҳои 1970 – 1980 асри ХХ намуди дигари институтсионализм бо номи неоинститутсионализм ба миён омад. Ин равия бо маҷмӯаи ҳуқуқҳои моликият ва назарияи нави фирма пешкаш карда шудааст, ки таҳиягарони он Р.Коуз, А.Алчнан, Д.Норт ва дигарон ба ҳисоб мераванд. Неоинститутсионалстон нисбат ба институтсионалстони пештара ва нав, ба асоси аслии барқароркунии ягонагии илм ва истифодабарии дастовардҳои неоклассикон кӯшиш мекунанд.

ҚаблӣТаълимоти иктисодии К.Маркс. Таълимоти Марксисти
БаъдӣЭссе – Худшиноси – шинохти моҳияти ҳастӣ – Шеър