Оила. Ҳуқуқ ва вазифаҳои зану шавҳар

Оила. Хукук ва вазифахои зану шавхар. Хукук ва вазифахои зану шавхар. Хукуки интихоби машгулият ва касбу хунар. Интихоби чои истикомат. Муносибатхои хукукии падару модари ва фарзанди.


Оила

Оила. Дар моддаи 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст заминаҳои асосии қонунҳои оиларо оила, никоҳ, модар, падар, ва кӯдак, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор дорад танзим мекунад. Дар зери мафҳуми оила – иттифоқи озод, ихтиёрӣ ва баробарҳуқуқии одамоне фаҳмида мешавад, ки ҳуқуқу вазифаҳои аз никоҳ, хешу таборӣ, ба фарзандӣ қабул кардан ва ба тарбия гирифтани кӯдак пайдошударо алоқаманд мекунанд. Оила гурӯҳи хурди одамон буда, муносибатҳоро дар асоси қоидаҳои одобу ахлоқ ба вуҷуд меоварад.

Қонуни оила, зарур будани таҳкими оила ба бунёди муносибатҳои оилавӣ, ки дар заминаи меҳру муҳаббат, эҳтироми якдигар, кӯмаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдадориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад (моддаи 1 банди 2).

Дар ҷумҳурии мо оилаҳое вуҷуд доранд, ки якдигарро дастгирӣ мекунанд, муносибати хуби зану шавҳар ахлоқи кӯдаконро намуна мегардонад, меҳру муҳаббати хонадорон, ҳурмат, иззат, эҳтирому эътироф аз тарафи мардҳои хона нисбати аъзоёни оила пурзӯр мегардад, тарафҳо бо боварӣ зиндагонӣ мекунанд, ки инҳо оилаҳои намуна ба ҳисоб мераванд. Бо баробари тавлиди кӯдакон дар оилаҳо муносибатҳои оилавӣ – байни падару модар, байни додару хоҳар, байни наберагону бобову бибиҳо ранги дигар мегиранд ки инро ҳуқуқи оилавӣ ба тартиб медарорад.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди волидайн вазифа мегузорад, ки кӯдакони онҳо дар оила солим ва ҷисман такомулёфта бошанд, меҳнатро дӯст доранд, саводи хуб омӯзанд, ки ба халқу ҷамъият манфиаташ расад. Дар сарзамини тоҷикон аз сабаби он, ки мард сардори оила ба шумор меравад, тамоми масъалаҳо ва тақдири аъзоёни оила ба зиммаи ӯ гузошта шудааст. Дар оила супоришҳои ӯро ба ҷо меоранд ва ба ӯ бо самимият ва ғамхору дилсӯз назар мекунанд. Бо сарвари оила баҳсу мунозира кардан, фармон додан, ӯро гӯш накардан, таҳқир кардан аз доираи одоби тоҷикона дур аст, лекин дар асосе, ки сарвари оила бо тартиби муайян ва шароитҳои қонунгузориҳои ҷумҳурӣ шинос бошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Қадри модар аз қадри падар заррае кам нест вале иззати падар ва ҳукми ӯ амри воҷиб аст. Ҳукумат мустаҳкаму пойдор гардидани оиларо яке аз вазифаҳои муҳиму таъхирнопазири худ меҳисобад ва барои он тамоми чораҳои имконпазирро пешбинӣ намудааст.

Хулас, оила – мураббии аввалин, раҳнамои ҳаёт, асосгузори феълу атвори ояндаи ҳар як инсон мебошад ва ҳар як инсон бо баробари тарбия гирифтан, меъёрҳои ахлоқиро аз худ мекунад ва ба ҳаёти мустақил пай монда ба камол мерасад.

Ҳуқуқ ва вазифаҳои зану шавҳар

Мувофиқи моддаи 17 банди 2 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мардон ва занон баробарҳуқуқанд[1]. Ҳуқуқ ва вазифаҳои зану шавҳар аз лаҳзаи бастани ақди никоҳ ба вуҷуд омада ҳангоми вафот қатъ мегарданд. Дар давраи оиладорӣ зану шавҳаре, ки ҳуқуқ ва вазифаҳои худро риоя намуда, меъёрҳои ахлоқии оиладориро хуб дарк мекунанд, оилаҳои хушбахтро ташкил медиҳанд. Баъди ақди никоҳ зану шавҳар соҳиби ҳуқуқ ва вазифаҳои шахсиву молумулкӣ мегарданд, ки ин ҳуқуқҳо бояд ба талаботи қонун ҷавобгӯ бошанд.Баъди аз қайди никоҳ гузаштан зан ҳуқуқ дорад, ки насаби худро нигоҳ дорад ё ба насаби шавҳар гузарад.

Мувофиқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ бештари занҳо насаби шавҳарро қабул мекунанд.Чунки дар оянда фарзандони онҳо ҳам бо ҳамин насаб ба қайд гирифта мешаванд. Одатан фарзандон низ бо ному насаби падар ба қайд гирифта мешаванд. Агар яке аз волидайн насаби дукарата дошта бошад, он гоҳ пайвастани насабҳо мумкин нест. Вақти бастани ақди никоҳ волидайн насабро озод ва бо ихтиёри худ, бидуни дахолати дигарон интихоб мекунанд. Ҳангоми бекор шудани ақди никоҳ зан метавонад насаби собиқаи худро баргардонад.

Дар ҷумҳурии мо баъзан вақт падару модарон насаби ба монанди Саффолиддин, Қамчинхон,Табаралӣ, Барфимоҳ, Шоҳтутой, Ҷорубқул, Хаскашбой ва ғайраро вақти тифлӣ ба фарзандон мемонанд, ки боиси норозигии онҳо айёми болиғӣ мегардад. Бинобар ҳамин, мувофиқи моддаи 58 КО ҶТ шаҳрвандони болиғ ҳуқуқ доранд бо тартиби пешниҳодкардаи қонун, насаб, ном ва номи падари худро дигаргун сохта пайвандҳои «зод», «зода», «пур», «пурӣ», «духт», «духтӣ» ва «ӣ»- ро ҳамроҳ намоянд.[2]

Ҳуқуқи интихоби машғулият ва касбу ҳунар

Ҳуқуқи интихоби машғулият ва касбу ҳунар бо розигии зану шавҳар ҳалли худро меёбад. Дар интихоби машғулият ва ё касбу ҳунар ҳамсарон озоданд ва онҳоро ҳеҷ кас маҷбур карда наметавонад. Ин ҳуқуқи конститутсионии ҳар як шаҳрванд буда, дар меъёрҳои ҳама соҳаҳои ҳуқуқ сабт ёфтаанд. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 32 овардааст, ки ҳар зану шавҳар дар интихоби шуғл, касб, намуди фаъолият соҳибихтиёр аст.Татбиқ намудани чунин меъёрҳои ҳуқуқ дар ҷамъият барои мустаҳкамии оила омили муҳим аст.

Баъзан ҳолатҳо мешаванд, ки баъди ақди никоҳ мардон нисбати ихтисос ва машғулияти дустдоштаи занҳо мухолиф мебароянд. Масалан, духтар институти тарбияи ҷисмонӣ хатм кардааст ва шавҳар барои ба кор бо сару либоси варзишӣ баромадан розигӣ намедиҳад, дар ин ҳолатҳо бояд шавҳар фаҳмад, ки ихтисоси омӯхтаи занаш ин чизро талаб мекунад ва норозигии ӯ метавонад боиси хархашаҳои оилавӣ гардад. Ҳангоми ҳалли чунин масъалаҳо шавҳар метавонад аз аъзоёни калони оила, ки таҷрибаи бой дар зиндагӣ доранд маслиҳатҳо пурсанд. Ғайр аз ин тибқи меъёрҳои қонуни оилавии ҷумҳурии мо ҳамсарро барои даст кашидан аз ихтисоси омӯхтааш ё кораш маҷбур кардан мумкин нест.

Интихоби ҷои истиқомат

Интихоби ҷои истиқомат. Мувофиқи моддаи 24 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас интихоби озоди маҳалли зистро дорад. Зану шавҳар дар интихоби ҷои истиқомат озоданд. Онҳо метавонанд бо розигӣ ва маслиҳати якдигар ҷои истиқоматро интихоб кунанд. Қонунгузории оилавӣ нисбати зану шавҳар ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои баробар муайян кардааст, иҷрои ҳуқуқ ва вазифаҳои худ аз тарафи аъзоёни оила набояд ҳуқуқ,озодӣ ва манфиатҳои қонунии аъзоёни дигари оиларо, ашхоси дигар ва ҳамчунин меъёрҳои маънавии ҷамъиятро вайрон кунанд.

Дар моддаи 13 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки ҳангоми дар навбати аввал додани манзил ба яке аз ҳамсарон, имтиёзҳои дигари ҳамсар, ки дар ин модда пешбинӣ шудаанд, ба инобат гирифта мешаванд. Зан ё шавҳари мутахассис , ки дар қишлоқ берун аз маҳалҳои аҳолинишин кор ва зиндагӣ мекунанд, аз хонаи истиқоматии дорои гармӣ ва рушноӣ бемузд истифода мебаранд (м.65 КМҶТ). Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои ҳамсаронро ба манзил дар моддаҳои 67,68,70 ва 82 пешбинӣ кардааст.

Қатъи назар аз масоҳати манзил иҷорагир ҳуқуқ дорад гуфта шудааст дар моддаи 129 Кодекси мазкур, ки ба хонаи истиқоматиаш ҳамсарашро ҷой кунад. Бештари оилаҳои ҷавони тоҷик мехоҳанд ҳамроҳи падару модар зиндагӣ кунанд, чунки як тарафи бори зиндагии падару модарро бо худ кашанд. Интихоби ҷои истиқомат ӯҳдадории ҳуқуқӣ надорад. Фарзандҳоро ба воя расонидан, тарбияи хуби самарабахш додан, кори хоҷагиро якҷоя кардан, дар якҷоягӣ зандагӣ кардан, ҳалли масъалаҳои оилавие, ки ба тарбияи фарзандон вобастагӣ дорад вазифаи ҳар як падару модар аст. Ҳангоми гирифтани манзил, қонуни манзил ҳуқуқӣ ҳамаи аъзоёни оиларо ба инобат мегирад. Куҷое, ки мард истиқомат кунад зан ҳамеша бо фарзандон ҳамроҳи ӯ меравад. Чи хушу гуворо аст зиндагии якҷоя.

Ҳуқуқи ҳаллу фасл кардани ҳамаи масъалаҳои ҳаёти дар дохили оила яке аз ҳуқуқҳои муҳим, нозук ва ташвишовар мебошад. Чунки масъалаҳои оилавӣ сари ҳар як қадами оиладорӣ вомехӯранд ва пур аз баҳсу мунозира ва музокираанд. Ин масъалаҳои рузғор баъзан вақт ба ҷудоиандозиҳои оилавӣ оварда мерасонанд. Ба масъалаҳои шахсии оила ҳеҷ кас дахолат карда наметавонад. Одатан масъалаи хонадор кардани фарзанд вазифаи фарзии падару модар аст. Дар ин масъала ҳама вақт мардҳо ба маслиҳати занон муҳтоҷанд.Чунки дар ин ҷо зиракии занҳо воситаи хуб шуда метавонанд.

Дар иҷроиши ҳама масъалаҳои оилавӣ зану шавҳар саҳмгузоранд.Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модарронро дар масъалаи тарбияи фарзандон қонун муҳофизат мекунад (боби 12 Тафсири КО ҶТ). Онҳо мувофиқи табъи худ ҳама масъалаҳои вобаста ба оиладориро ҳаллу фасл мекунанд. Ба ҳуқуқҳои шахсии зану шавҳар инчунин ҳуқуқ ба талоқ, ҳуқуқи додани розигӣ ба фарзандқабулкунӣ аз тарафи ҳамсари дигар шомил шуда метавонанд. Дар ҳама корҳои оиладорӣ зану шавҳар бояд баробар иштирок кунанд. Фарзандон меваи умри инсонанд ва воситаи мустаҳкам кардани ҳар оила мебошанд.

Муносибатҳои ҳуқуқии падару модарӣ ва фарзандӣ

Муносибатҳои ҳуқуқии падару модарӣ ва фарзандӣ Садсолаҳо мувофиқи анъанаҳои қадимаи тоҷик ва одобу ахлоқи хамида, шахси муҳтараму калонсол сарвари оила дониста мешавад. Фарзандон, ки баъди хонадор шудан гарчанде, ки аз волидон ҷудо зиндагӣ кунанд вале эҳтироми падару модарро ба ҷо оварда зуд-зуд ба дидорбинӣ меоянд.

Ҳар лаҳза ба онҳо кӯмак карда дуои некӣ онҳоро мегиранд. Бояд гуфт, ки чунин оилаҳо дар ҷумҳурии мо кам нестанд. Мувофиқи моддаи 34 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат аст. Волидон барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини волидон масъуланд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

Дар оила фарзандор шудан ин сарбаландии падару модар, ба воя расондану тарбияи хуб додан ба фарзанд, вазифаи муҳими падару модар мебошад. Меҳнату кӯшиши хеле зиёде даркор аст, ки хислатҳои беҳтарини инсонӣ: хоксорӣ, инсонпарварӣ, меҳнатдустӣ, ахлоқи нек, одоби хамида ва ватандустиро фарзанд дар оила ба худ гирад.

Оила, ки мактаби аввал ва асоситарини тарбияи фарзанд мебошад нуқсонеро ё каҷравиеро мушоҳида кунад, барои пешгирӣ ва ислоҳи он ҳар чи зудтар чораҳои фаврӣ меандешад. Солҳои тифлии кӯдак аз 1 то 3 солагӣ аз занҳо заҳмати бисёреро талаб мекунад. Дар кори тарбия ва ба воярасии кӯдак падар низ саҳмгузор аст ва баробари зан бояд заҳмат кашад. Тарбияи фарзандро онҳо бояд якҷоя сар кунанд. Дар замони худ Унсурмаолии Кайковус гуфта буд: «Пас, бояд ки ҳар чӣ омӯхтанӣ бошад аз фазлу ҳунар фарзандро биёмузӣ то ҳаққи падариву шафқати падарон ба ҷо оварда бошӣ, ки аз ҳаводиси олам эмин натавон буд ва тавонист донист, ки бар сари мардумон чи гузарад. Ҳар ҳунареву фазле рӯзе ба кор ояд. Пас дар фазлу ҳунар омӯхтан тақсир набояд кардан».[3]

Ҳар ҳунаре, ки падар ба писар меомӯзад пешравӣ дар кору зиндагии ӯ мегардад. Модарон бошанд ба духтарон тамоми нозукиҳои ҳунари рузғордориро аз хурдӣ то ба камол расидан меомӯзанд. Ин маънои онро дорад, ки фарзандон дар зиндагии зану шавҳарӣ хамеша дастболо бошанд. Дар тарбияи фарзандон муносибат ва ҳамдигарфаҳмии байни падару модар, рафтори самимонаю ғамхоронаи онҳо таъсири хуб мерасонад. Рӯз то рӯз фарзандҳо калон шуда ҷиҳатҳои хуби рафтору рузғори падару модаронро меомӯзанд ва рафтори худашон низ тағйир меёбад. Падару модарон бошанд аз болои кори фарзандҳо назорат бурда ба онҳо маслиҳатҳои хуби ибратомез медиҳанд. Ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ ҳуқуқу вазифаҳои падару модар нисбати фарзандон баробар мемонанд.

Агар фарзанди ноболиғ бо модар монад падар ҳуқуқ дорад бо ӯ вохӯрад, дар тарбияи ӯ иштирок кунад ва бояд ягон мамониат гузошта нашавад (м. 66 КО ҶТ). Вазифаи падар фақат бо додани алимент (нафақа) тамом намешавад вай дар тарбияи фарзанд бояд фаъолона иштирок карда қарзи падариашро ҳам дар назди оила ва ҳам дар назди ҷомеа иҷро намояд. Агар падар дар додани нафақа саркашӣ кунад мувофиқи қонун ба ҷазои ҷиноятӣ кашида мешавад, лекин пеш аз ҳама ҷазои ин тоифа мардон азоби виҷдону дуои фарзандони бегуноҳ аст. Сари гавҳораи фарзанд бедорхобӣ кашидан, азобу машаққати дарди кӯдакро эҳсос кардан фақат модар қудрат дораду халос. Дарди модар кӯҳест, ки ба он баромадан душвор аст. Ранҷи зиёду меҳнати пурмашаққати падару модар барои тарбияи фарзанд дар ҳама давру замон сазовори эҳтироми бузург ва мартабаи баланд буд.


[1] Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, м.17.- Душанбе: 2003.- С. 11

[2] Дастур оид ба таълими ҳуқуқи занон.Душанбе.Нашриёти «Авасто», 1998. -С. 19.

[3] Раҳимзод Х.Маърифати оиладорӣ. Душанбе.- 2003. МТЛ ОРЕС, – С. 150.


  • Панду андарз, хазинаи маърифат, суханҳои  бузургонро аз инҷо мутолиа намоед >>ПАНДУ АНДАРЗ
ҚаблӣАҳдномаи никоҳ
БаъдӣВасоят, парасторӣ ва фарзандхонӣ