Мақом ва шуҳрати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) дар асрҳои баъдина. Маком ва шухрати Мавлоно Чалолиддини Балхи (Руми) дар асрхои баъдина.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) яке аз адибон, мутафаккирон ва орифонест, ки дар таърихи фарҳангу адаби тоҷику форс мақоми шоиста ва воло дорад. Гузашта аз ин, миёни халқу миллатҳои турктабор, ҳинд, араб, пушту ва халқу қавмҳои Аврупо шуҳратёр аст. Ҳанӯз аз асрҳои XIII сар карда, осораш ба забонҳои дунё тарҷума шудаанд.
Шиблии Нуъмонӣ, Робиндранат Такур, Мирзо Ғолиб ва бахусус шоир ва файласуфи барҷаста Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ хешро пайравони Мавлоно ба қалам дода, пешаш сари таъзим фурӯд овардаанд. Таъсири Мавлоно дар ғазалиёт ва маснавиҳои Икбол равшан инъикос ёфтааст. Дар маснавии «Ҷовиднома» Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун қаҳрамони асосӣ амал мекунад. Мавлоно, Зиндарӯд (Муҳаммад Иқбол), Дарвеши Судонӣ ҳамроҳ ба сафари афлок мебароянд ва дар баҳсу талошҳои қаҳрамонони асар фаъолона иштирок мекунанд. Бо камоли ифтихор Иқбол ёди Мавлоно менамояд:
Нуктаҳо аз Пири Рум омӯхтам,
Хешро дар роҳи ӯ восӯхтам.
Сабаби ин қадар маҳбубият пайдо кардани Мавлоно дар чист? Ба ин суол посух додан ҳам осон асту ҳам душвор. Чунонки аз тарҷумаи ҳоли адиб равшан гардид, барои Мавлоно дину мазҳаб, халқияту нажод тафовут надошт. Ӯ тарафдори инсони комил, инсони поку некусиришт, инсони ҳақбину ҳақшинос буд. Ӯ ҳамин гуна инсонҳоро ситоиш карда, ононро дӯсти Худо ва ҳамсояи Худо донистааст:
Онҳо, ки талабгори Худоед, Худоед!
Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед!
Чизе, ки накардед гум, аз баҳри чӣ ҷӯед?
В – андар талаби гумшуда аз баҳри чароед?!
Исмеду ҳуруфеду каломеду китобед!
Ҷабрили аминеду расулони Худоед!
Дар хона нишинед, магардед ба ҳар сӯ,
Зеро ки шумо хонаву ҳам хонахудоед!
Ҳар рамз, ки Мавло бисарояд ба ҳақиқат,
Медон, ки бад -он рамз сазоед, сазоед!
Ҳамин тавр, инсонҳои поки ба Ҳақ расида аз ақли ҷузъ ба ақли кулл расида, бо Худо як мешаванд. Барои ҳамин андешаҳои башардӯстонааш баъзе олимон, шоирон, орифон маломаташ кардаанд ва «Маснавии маънавӣ»-ро каломи беарзиш донистаанд. Масалан, Мираббоси Лутфӣ бо таън ба ин шоҳасар нигариста, дар ҷавоб ба он достони «анну салво»- ро иншо кард. Ӯ худписандона мегӯяд:
Ин каломи сӯфиёни шум нест,
«Маснавии маънавӣ»-и Рум нест.
Дар асрҳои XVII ва XVIII дар Ҳинд чароғи илму фарҳанги тоҷику форс боз ҳам фурӯзонтар гардид. Доираҳои адабӣ дар шаҳрҳои Ҳинд арзи вуҷуд карданд ва боз ҳам забони дарӣтоҷикӣ ривоҷу равнақ ёфт. Адибони бузург ба камол расиданд. Бешубҳа, дар рушду камоли Робиндранат Такур, Мирзо Ғолиб, Аҳмад Аббос ва чунонки дар боло гуфтем, Муҳаммад Иқбол таъсири эҷодиёти Мавлоно басо бузург аст.
Савол ва супоришҳо
- Чӣ зарурат пеш омад, ки волидайни Ҷалолиддин ватанро тарк наму даанд?
- Аз ҳикояти суҳбати Аттор бо Муҳаммади хурдсол ба чӣ хулоса омадед?
- Мавлоно дар бораи Аттор чӣ андеша дорад? Шеърҳои дар ситоиши Аттор эҷодкардаи Ҷалолиддини Румиро хонед ва ҳифз намоед.
- Чаро пири Мавлоно – Шамси Табрезиро қатл карданд?
- Дар марги Ҷалолиддин мусулмонону номусулмонон гиристанд. Ин корро онҳо ба чӣ хотир карданд?
- Асарҳои Мавлоноро номбар кунед ва ба тариқи мухтасар дар бо-раи «Фиҳи мо фиҳи» маълумот диҳед.
- Дар кадом мавзӯъҳо рубоиёти шоир суруда шудаанд?
- Мавзӯи ғазалиёти Мавлоноро бо мисолҳои конкретӣ фаҳмонед.
- Чаро шоир дили инсонро аз ҳама чиз боло мегузорад?
- Мавлоно дар бораи ваҳдат ва дӯстӣ чӣ мегӯяд?
- Чаро шоир ёди Шери Худою Рустами Дастон кардааст?
- Мавлоно дар ғазали «Дасти ман гир» ба кӣ муроҷиат намудааст ва чаро?
- Номи асари Мавлоно «Маснавии маънавӣ»-ро шарҳу эзоҳ диҳед.
- Чаро як гурӯҳ мухолифон «Маснавии маънавӣ»-ро «Каломи шум» номидаанд?
- Чаро муҳаққиқон Мавлоноро файласуф номидаанд?
- Мақсади Мавлоно аз ҳикояти «Луқмон ва ғуломон» дар чист?
- Мисраи «Пас ту ҳар ҷуфте, ки мехоҳӣ, бигир» чи маъно дорад?
- Муламмаъ чӣ хусусият дорад? Бо мисол ин санъати бадеиро фаҳмонед.
- Ҷалолиддини Балхӣ чаро «Порсӣ гӯ, арчи тозӣ хуштар аст» мегӯяд? Мисраъро шарҳ диҳед.

















