Муҳити психологӣ ва муносибатҳои шахсӣ дар оила

Мухити психологи ва муносибатхои шахси дар оила.


Иттифоқи ду шахси болиғ – писар ва духтари бакамолрасида қадами аввалин дар роҳи бунёди оила буда, он дар асоси аҳду паймони ошиқона, бо риштаҳои беолоиши меҳр ва муҳаббати пок баста мешавад. Пойдории он, бақову вусъати вай ба ҳамфикрӣ ва ҳамдигарфаҳмии тарафайн, ба машварату ризоияти онҳо вобаста аст. «Оила, – мегӯяд психолог ва мутафаккири австриягӣ Алфред Адлер (18701973), – шакли минётурии ҷамъият буда, амнияти тамоми ҷамъияти бузурги башарӣ ба ягонагиву бақодории он вобаста аст».

Оила дар асоси муҳаббати тарафайн, ба таври ихтиёрӣ барпо карда мешавад. Ду шахси баркамол дар асоси умумияти фаҳмишу ҷаҳонбинӣ, талаботу манфиатҳои якхела паймони оилавӣ баста, бо ҳамин ихтиёран уҳдадор мешаванд, ки минбаъд бо сулҳу салоҳ зиндагии якҷояи оилавиро ба роҳ монда, ба бақову пойдории ҷамъияти башарӣ саҳм мегузоранд.

Барои ин волидон дар ҳамфикрӣ, ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмӣ бо аъзои дигари оила – фарзандон, арӯсу домод, набераю абераҳо ибрат нишон дода, бояд ҳар корро бо мулоҳизаву машварат ва ба нафъи умум оғоз кунанд, ба он роҳ надиҳанд, ки шаъни касе коста ва манфиати он сарфи назар гардад. Ҳангоми маслиҳату машварат фикру дархости ҳар узви оиларо бо сабру таҳаммул шунида, ҳусну қубҳи онро оромона фаҳмонанд. Ҳангоми аз тарафи волидон зоҳир намудани заррае дағалӣ боиси ранҷиши фарзандон, коҳиши муҳити оила ва ҳатто низоъ ва нифоқ шуда метавонад. Дар адабиёти классикии форсу тоҷик чунин мисолҳо хеле зиёд ба чашм мерасанд. Масалан, Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Калила ва Димна» фармудааст: «Марди хирадманд бояд таҷрибаро пешаи худ созад ва бо таъбиру тааннӣ (сабр) кор карда, аз таъҷили сабукборӣ худдорӣ намояд».

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳар аъзои оила чун коллективи хурдтарин хулқу атвор, рафтору кирдор, афзалияту камбудӣ, арзишу фаҳмиши зебоӣ, назокату кароҳати (нафратангезии) худро дорад. Ҳангоми оғози ин ё он фаъолият ва амалиёт ҳамаи ин хислатҳоро ба эътибор гирифтан лозим аст. Манфиати якеро бар зарари дигаре ба ҷо овардан нашояд, ки боиси халалдор гардидани муҳити психологӣ дар оила шуда метавонад.

Чун қоида, оила аз ҷинсҳои мухталиф: зану мард (зану шавҳар, писару духтар, арӯсу домод) иборат буда, ҳар яки онҳо хусусиятҳои ҷисмонӣ, яъне хусусиятҳои хосси мардона ва занона доранд. Аксар вақт тақсимоти меҳнат ва вазифаҳову уҳдадориҳои оилавӣ низ вобаста ба ҳамин хусусиятҳои ҷинсӣ тақсим карда мешавад. Ҷинси латиф вазифаҳо ва уҳдадориҳои анъанавии занона – рӯзгордорӣ, тарбияи тифлон ва наврасон, пухтупаз, рӯбучин, шустушӯй; ҷинси тавоно – мардҳо – киштукор, хариду фурӯш, сохтмон ва таъминоти оиларо ба уҳда мегиранд.

Як қатор хусусиятҳои занон бо вазифаҳои хосси модаронаи онҳо алоқаманд буда, ба самти манфиатҳо, вазифаҳои ҷамъиятии истеҳсолӣ ва оилавию маишии онҳо алоқаманд аст. Аз ин рӯ ин хусусиятҳоро нуқсони онҳо ҳисобидан, бо ин ё он кори заифона дахолат кардан шаъни занҳоро паст мезанад, ки оқибати он барои муҳити психологии оила номатлуб аст, ба муносибати аъзои оила таъсири бад мерасонад.

Муҳити психологӣ гуфта чиро дар назар дорем? Муҳити психологӣ (рӯҳӣ) ин вазъият, ҳолати рӯҳӣ дар муносибатҳои байниҳамдигарии одамони як коллектив, гурӯҳ мебошад. Оила, чунонки гуфта будем, гурӯҳи хурдтарини ҷамъият мебошад, ки дар он якчанд кас хоҷагӣ ва рӯзгори умумӣ дошта, ҳамроҳ умр ба сар мебаранд. Неку бад будани муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо ба муҳити психологии оила таъсир мерасонад.

Тасаввур кунед, ки оилаи ҷавон бо падару модари шавҳар зиндагӣ мекунад. Падару модар бо ҳамдигар моҷарое карданду чанд рӯз боз бо ҳам гап намезананд. Дар сари дастархон нишаста бо ҳамдигар нигоҳ намекунанд. Ё ин ки падар аз кор бо табъи хира бармегардад. Бо баҳонае бо завҷааш ё дигар аъзои оила моҷаро мекунаду ба хонаи хоби худаш медарояд ва дарашро сахт мепӯшад. Дар ин ҳолатҳо вазъияти психологии оила номуътадил мегардад. Аз рафтори падар табъи ҳамаи аҳли оила хира мегардад. Чун ин вазъият дар оила гоҳо чандин рӯз давом мекунад, ин ба асаб, феълу рафтори аъзои оила, махсусан, ба кӯдакон таъсири бад мерасонад.

Омили дигаре, ки ба муҳити психологии оила таъсири бад мерасонад ва онро номуътадил мегардонад, майнӯшии мард мебошад. Баъзе мардон май нӯшида, ба хона омада бо ҳар баҳона ҷанҷол мекунанд. Агаp ин одати бад пешгирӣ нашавад, ба ҳамаи аъзои оила таъсири бад мерасонад. Самимият, эҳтироми аҳли оила нисбати падар аз байн рафта, оқибат ба вайроншавии оила оварда мерасонад. Аз ин сабаб ашхосе, ки ғазаби худро фурӯ нишонда наметавонанд ё шаробро аз меъёр зиёд хӯрда, ба худ бадахлоқиро раво мебинанд, бояд дар ҳолати оромию ҳушёрӣ дар бораи аҳли оила, фарзандон ва ояндаи онҳо хуб андеша кунанд. Чунонки Муҳаммад Ҳиҷозӣ гуфтааст: «Аҳволи рӯҳӣ ва вазъи зиндагонии ҳар кас намудори ақлу тадбири ӯст», яъне ҳар кас хонаи бахти хешро худаш обод мекунад. Оилае, ки дар он самимияту меҳрубонӣ, дӯстию қадрдонӣ ҳукмрон аст, муҳити психологии он хонадон муътадил аст. Аз хонае, ки садои ханда меояд, аҳли он хонадон хушбахтанд.

Дар оилаҳои солиму хушбахт барои тарбияи фарзандон муҳити рӯҳӣ муътадил аст. Фарзандон дар чунин оилаҳо ҳалиму инсондӯст ба воя мерасанд. Фахриддини Гургонӣ дар ин бора чунин гуфтааст:

Ба шодӣ дор дилро, то тавонӣ,
Ки афзояд зи шодӣ зиндагонӣ.

Саволҳо

  1. Мухити психологи гуфта чиро мефахмед?
  2. Дар бораи мухити психологии оилаатон накл кунед!
  3. Мухити психологии оила бештар ба ки вобаста аст?
  4. Агаp шумо оиладор шавед, муносибатхои оилавиро чи тавр ба рох мемонед?
  5. Мухити оила ба феъли кудак чи тавр таъсир мерасонад?
ҚаблӣХусусиятҳои оилаи ҷавoн
БаъдӣMеҳнат, фоида ва низоми сарфу харҷ дар оила