Мушоҳида – мулоҳиза – таҷриба… (физика)

Мушохида – мулохиза – тачриба… (физика).


Ҳама гуна дониш, аз ҷумла дониши физикӣ дар натиҷаи мушоҳида ва таҷриба ба василаи мулоҳиза ба даст меояд.

Мушоҳида кардан – яъне дидан, бо чашми худ дидан, муддати дурудароз дидан аст. Шумо ҳар рӯз даҳҳову садҳо чизро… (чӣ гӯем ин ҷо?) мебинед ё ин ки мушоҳида мекунед.

Ҳарду гуфта дуруст аст. Агар ин ҷо каме фикр кунед ё, чӣ хеле ки мегӯянд, андак мулоҳиза ронед, мефаҳмед, ки дидан ва мушоҳида кардан ҳаммаъно ҳам ҳастанду фарқ ҳам мекунанд.

Шумо ба чизе нигаристед. Агар он чиз лозим набошад, шумо нигоҳи худро ба ҷойи дигар мекӯчонед, ба чизе мекӯчонед, ки ҷолибтар, диққатангезтар бошад. Чунончи, шумо агар дар сари кӯча гурба ва сагчаеро бинед, ки яке дар гурез асту дигаре онро дунболагирӣ мекунад, мебинед, ки дар кунҷе, дар ҷойи танге, ки дигар роҳи гурез намемонад, гурба ногаҳон ақиб гашта, бурутҳои худро гиз мекунад ва бо оҳанги хеле ғазаболуд Мийа..ав!, Мийа..ав! мегӯяд. Сагча бошад, дар ҷавоби ӯ аввал чанд бор ъурр-ъурр… карда, сипас аз муборизаи минбаъда хиҷолатмандона рӯ метобад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ин манзараро агар додарчаи шумо низ мушоҳида карда бошад, дидаҳои худро дар шакли содаи «Сагча тарсид» хулоса мекунад. Шумо чӣ хулоса гирифтед? Оё дар сари шумо фикре пайдо нашуд, ки “сагча дид, ки зӯраш ба он гурбаи хашмолуд намерасад, ӯро ба ҳоли худ гузошт”?

Акнун, биёед, падидаи дигареро бинем, чизеро мушоҳида кунем, ки аз он хулоса гирифта тавонистани шумо  мулоҳизаи олимонатар талаб мекунад. Дар канори роҳи мактаб чароғпояе ҳаст, ки сояи он пагоҳиҳо – гоҳи сӯйи мактаб рафтани шумо дар рӯйи роҳ тарвоза мехобад (рас. 1.1). Вале шумо ҳини аз мактаб омадан мебинед, ки соя на тарвоза, балки ба рафти роҳ хобидааст. Ин ҳам мушоҳида аст.

Агар шумо инро мулоҳиза кунед, дер ё зуд ба хулосае мерасед, ки на танҳо сояи чароғпоя, балки сояи ҳама чизҳои дигар, аз ҷумла сояи худи шумо ҳам бо мурури замон мавқеъи худро тағйир медиҳад. Ин як.

Дуюм, оё шумо инро ҳам мулоҳиза кардаед, ки сояи чароғпоя ё сояи худи шумо дар лаҳзаи бозгашт аз мактаб назар ба сояи пагоҳонӣ кӯтоҳтар меояд?

Сеюм, оё мушоҳида кардаед, ки сояи ҳама чизҳо қарибиҳои нимрӯзӣ кӯтоҳи кӯтоҳ аст?

Чаҳорум, оё фикр кардаед, ки чаро ҷисмҳо шабонгаҳ соя надоранд?

Панҷум, оё мутаваҷҷеҳ шудаед, ки гоҳи абрпӯш будани осмон низ сояҳо нопадид мешаванд? Ё ин ки ин ҷо сирре ниҳон аст?

Биёед як чизи дигарро таҷриба (ё мушоҳида) кунем. Рӯзи зимистон, яъне гоҳи сард будани ҳаво додарчаи шумо тӯберо аз берун хона оварда гуфт: Акаҷон, инро дам кунед, сахт шавад. Шумо дар пеши дар тӯбро аз дасти ӯ гирифта, дидед, ки пучнамо аст. Онро дам карда, ба бозигар додед. Берун рафт. Пас аз лаҳзае бозомад ва ҳамон хоҳишашро такрор кард. Боз дам кардед. Берун рафт. Бозомад. Боз ҳам ҳамон ҳол. Шумо, агар надонед, ки ин ҷо гап дар чист, дар навбати худ ба бародари бузурги худ муроҷиат мекунед, ки ду-се синф болотар мехонад ва ин марҳаларо аз сар гузаронидааст, яъне дар ин бора, чунонки мегӯянд, таҷриба андӯхтааст, ба шумо ин гуна маслиҳат медиҳад: Агар тӯбро на дар хона, балки дар берун дам диҳӣ, дигар суст намешавад. Шумо месанҷед ва ба хулосае меоед, ки воқеан ҳам гуфтаи бародаратон дуруст аст.

Аввалин пурсише, ки дар ин маврид пайдо мешавад, ин аст: Чӣ фарқ дорад, ки мо тӯбро дар куҷо дам медиҳем?

Дар назари аввал ҳамин тавр ҳам менамояд. Аммо, охир, худи шумо дидед, ки сахтии тӯб ба ҷойи дам додани он бастагӣ доштааст (!) – ин таҷриба аст, пас, ҳақиқат аст.


Абуали Ибни Сино
Абӯалӣ ибни Сино (980-1037)

Абуалӣ ибни Сино (980–1037) – файласуф, табиб ва олими оламшумули тоҷик. Зодаи Бухоро. Ақидаҳои Ибни Сино дар бораи табиат ва шинохти он асосан дар китоби «Донишнома»-и ӯ баён шудааст.

Ӯ пайдоиши раъду барқ, борону жола, гирифти Офтоб, Моҳ, ҷунбиши Замин ва падидаҳои дигарро шарҳи илмӣ додааст. Абуалӣ Сино д.б.  нуршиносӣ ё худ оптика (илми манозир ва мароё), аз ҷумла д.б. густариш, инъикос ва шикасти нур, дар боби густариши садо, шикасти зарфҳо бо таъсири фишори моеъи ба даруни онҳо рехташуда ва ғайра баҳсҳои ҷолиб боқӣ гузоштааст.


Беҳуда нагуфтаанд, ки таҷриба меъёри ҳақиқат аст ё ин ки қозии ҳақиқат таҷриба аст. Пас, таҷриба андешидан ва онро анҷом додан ҳанӯз на ҳама ҷиҳати падидаи мушоҳидашударо равшан мегардонад. Ин ҷо боз фикр ронда, падидаи мазкурро дарк карда тавонистан мебояд. Кашфиёт карданӣ бошед, бо ҳамин роҳ меравед.

Хуб, натиҷаи таҷрибаи болоро чӣ ҷамъбаст кунем, бо чӣ роҳ ба хулосаи дуруст бирасем? Роҳ, чунонки дар унвони ин банд ишорат шуд, равшан аст:

аввал мушоҳида кардан, баъд мулоҳиза кардани натиҷаи мушоҳида, сипас таҷриба кардан, баъд боз мулоҳиза (мулоҳизаи натиҷаи таҷриба) кардан, ана баъд, дар охир, агар муяссар шавад, хулоса гирифтан. Ин ‘занҷир’-ро мухтасаран чунин ифода кардан мумкин аст:

Мушоҳида мулоҳиза таҷрибамулоҳизахулоса… (*)

Хуб ки бошад, биёед гузориши масъаларо як бори дигар пеши рӯ биёрем ва ба он аз нигоҳи нақшаи (*) нигарем:

(Қадами аввал): Тӯб дар даруни хона сахт аст, дар берун суст мешавад. Аммо вақте ки тӯбро дар берун дам диҳем, дигар суст намешавад.

(Қадами дуюм): Пас, ин ҷо чизеро дарк кардан зарур аст, ки дар даруни хона як, вале дар берун дигар аст. Чӣ бошад он чиз? Чӣ муъҷиза ниҳон бошад ин ҷо?

Агар шумо дар ҳақиқат ба моҳияти масъала сарфаҳм рафтанӣ бошед, фикри шумо пагоҳу бегоҳ, гоҳи роҳ рафтан ё хӯрок хӯрдан, гоҳи телевизион тамошо кардан, хулоса, ҳамеша бо ин масъала банд бошад, беихтиёр дар лаҳзаҳои фароғат ва ҳатто дар соатҳои хоб ҳам бо он банд мешавад.  


Абурайхон Беруни
Абурайҳони Берунӣ (973–1048)

Абурайҳони Берунӣ (973–1048) – олими оламшумули тоҷик, алломаи бузурги Машриқзамин. Зодаи Хоразм.

Ӯ қариб дар ҳама риштаҳои илмии замони худ, аз ҷумла дар риёзиёт ва, хусусан дар пешбурди риштаҳои табиатшиносӣ саҳми зиёд дошт – низом додани чаҳорчӯбаи ҳисоби даҳӣ, санҷиши арзу тӯли беш аз 600 мавзеъ, санҷиши вазни хоси ҷамодот (минералҳо), нишондоди мавқеъи конҳои гуногун, аз конҳои нафти Фарғона то кони лаъли Бадахшон, санҷиши андозаи Замин ва ғайра. Китоби ӯ «Қонуни Масъуд» (с. 1030) хеле машҳур аст.


Он гоҳ ҳатман рӯзе меояд, лаҳзае фаро мерасад, ки пеши назари шумо кушода мешавад ва шумо мефаҳмед, ки…

(Қадами сеюм):.. мефаҳмед, ки тӯб дар ҳавои сарди берун фишурда мешавад. Вақте ки шумо инро фаҳмидед, ҳамон дам ба хотир меоред, ки боре тӯби каме сустшударо як сӯ гузошта, додарчаи хунукхӯрдаатонро ба сари дастурхон нишондед, то ки хӯрок бихӯрад ва камубеш гарм шавад ва вақте ки азми берун кард, шумо тӯбашро дам додан хостед, вале дидед, ки тӯб суст нест, балки назар ба лаҳзаи аз берун оварда шуданаш хеле сахт аст – он вақт шумо қадре ҳайрон монда будед, вале ба ин эътиборе надодед. Акнун, ки сабаби суст шудани тӯбро камубеш фаҳмидед, инро ҳам мефаҳмед, ки тӯби сустшуда дар хонаи гарм дар муддати чанд дақиқаи хӯрок хӯрдани додарчаатон сахт шудааст, гарм шуда, сахт шудааст.

Ин ҷо шумо дарун-дарун шод мешавед ва, чунонки мегӯянд, як курта гӯшт мегиред. Дар ин гуна лаҳза хурсандии шумо беҳадду канор мешавад – охир шумо қариб мустақилона як чизи муҳимро дарк кардед, кашфиёт кардед. Каш-фи-ёт (!!!)

 Дили шумо мехоҳад, ки аз хона ба парвоз берун равед ва ба ёрону дӯстони худ ва ҳатто ба раҳгузарони ношинос бо ифтихор бигӯед:

Ман кашфиёт кардам, каш-фи-ёт!

Ана ҳамин хел ширинӣ дорад дарки сабаби рӯйдодҳо. Ин ҳолати ваҷд аст. Онро аллома Муҳаммад Иқбол бо мафҳуми лаззати эҷод ифода кардааст.

Ин таҷрибаҳо ва таҷрибаҳои монанди ин нишон дод, ки на танҳо сақои пӯлодин ва ҳавои даруни тӯб, балки ҳама филизот

(металлҳо) ва газҳо ва, умуман, ҳама чизҳо аз таъсири гармо васеъ ва дар асари сармо фишурда мешаванд.

Ин хулосаро дар ёд нигоҳ доред, зеро дар ҳама давраҳои ояндаи илмомӯзии шумо даркор мешавад.


Саволҳо

  1. Агар тӯберо, ки дар бораи он дар матн сухан рондем, вақти зимистон аз берун ба хона оварда, дам накунем ҳам, баъди муддате худбахуд сахт мешавад. Сабаб чист?
  2. Агар ҳамон тӯбро вақти зимистон дар берун сахт, хеле сахт дам дода, баъд ба хона дарорем, намекафад? Бояд бикафад ё накафад?
  3. Чаро тобистон ё баҳору тирамоҳ масъалаи дар берун ё даруни хона дам додани тӯб ба миён намеояд?

Машқ

Аз дидаҳо ва шунидаҳои худ хулоса бароварданро ёд гиред. Бо дусе ҳамсинфи худ барои равшан гардонидани ин ё он масъала таҷрибае тарҳрезӣ кунед, ки онро дар хона ё мактаб анҷом дода тавонед. Бигзор, масъалаи шумо иборат бошад аз муайян кардани самти вазиши боди суст дар ягон нуқтаи рӯйи ҳавлӣ. Ба чӣ тарз ҳал мекунед ин масъаларо?

Қаблӣ«Ҷисм». «Модда». «Майдон». «Ҳайуло» (материя)
БаъдӣТаҷриба меъёри ҳақиқат аст (физика)