«Ҷисм». «Модда». «Майдон». «Ҳайуло» (материя)

«Чисм». «Модда». «Майдон».  «Хайуло» (материя).


Дар баёноти илмӣ, аз ҷумла дар баёнҳои физикӣ дар баробари калимаҳои маъмул истилоҳҳо ном вожаҳое низ корбаст мешаванд, ки бори маънавии муайян бар дӯш доранд. Фарҳангҳои физикии муосир даҳҳо ҳазор истилоҳро дар бар мегиранд – ҷисм, модда, кор, қувва, тавон, неру, суръат, ҳаракат, шитоб ва ғайра.

Калимае, ки ба сифати истилоҳ пазируфта мешавад, бар хилофи вожаи муқаррарӣ бояд танҳо як маъниро ифода кунад, то ки хонанда гоҳи дар ин ё он матн дидани он ҳайрон намонад, ки ин калима ин ҷо ба чӣ маънӣ омада бошад. Чунончи, калимаи ҷисм, ки дар забони омма маънии тан, бадан, пайкар, ҷасад ва инчунин маънии колбуд дорад, дар физика ба маънии чиз, ба маънои ҳар чизи алоҳидае омада метавонад, ки шаклу ҳаҷми муайян дорад ва қисми муайяни фазоро ишғол мекунад.

Модда чизест, ки ҷисмҳо аз он сохта мешаванд. Чунончи, об модда аст, аммо чакраи об ба ҷумлаи  ҷисмҳои физикӣ дохил мешавад. Чумча (қошуқ)-и чӯбин ҷисм аст, валекин чӯберо, ки чумча аз як пораи он сохта шудааст, модда номидан мебояд. Аммо ҳамон чӯб, агар мо онро ба сифати дастак, болор (рав) ё тири ҷувоз ба кор бурданӣ бошем, бояд ба ҷумлаи ҷисмҳо дохил карда шавад.

Моддаҳо сохтори зарра-зарраӣ доранд, яъне аз зарраҳои алоҳида таркиб ёфтаанд. Зарраҳоеро, ки моддаҳо аз онҳо таркиб меёбанд, чунонки гуфтем, молекула меноманд. Молекулаҳо хурдтарин зарраҳоеанд аз ин ё он модда, ки ҳама хосиятҳои кимиёии он моддаро дар худ таҷассум мекунанд. Молекулаҳоро низ зарра номидан то дараҷае шартист, зеро инҳо ҳам, чунонки гуфтем, “дарун доранд”, мураккабанд – онҳо аз  атомҳо ном зарраҳои хурдтар таркиб ёфтаанд. Ҳар як молекула аз як, ду, се ё зиёда атоми якхела ё гуногун таркиб меёбад. Атомҳо андаруни молекулаҳо бо якдигар ба василаи робитаҳои кимиёӣ алоқаманданд. Маҷмӯъи атомҳои як навъи муайянро унсури кимиёӣ  мегӯянд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Адади унсурҳои то ҳол кашфшуда ва унсурҳое, ки бо роҳи сунъӣ сохта шудаанду ном дода шудаанд, ба 114 мерасад.

Моддаҳо сода ва мураккабанд. Моддаҳои сода онҳоеанд, ки аз ҳамон як навъ унсури кимиёӣ (аз ҳамон як навъи атомҳо) иборатанд. Моддаҳои  мураккаб  (пайвастагиҳои кимиёӣ) аз атомҳои ба тарзи кимиёӣ ба ҳам алоқаманди ду ё зиёда унсур таркиб меёбанд.

Ҷузъи таркибдиҳандаи моддаҳо – молекулаҳо якатома (монанди алумин Al, тилло Au ва ғ.), дуатома (чун ҳидроген Н2, оксиген О2 ва ғ.), сеатома (озон О3, об Н2О ва ғайра), чандатома (турушаи сулфат Н2SO4 ва ғайра) ва ҳоказо буда метавонанд. Моддаҳое низ ҳастанд (монанди сафедаҳо), ки молекулаҳои онҳо то садҳо ҳазор атом доранд.

Миқдори молекулаҳои ин ё он ҷисмро аз рӯйи ҳаҷм ва масса (ҷирм)-и онҳо ёфтан мумкин аст.

Яке аз мафҳумҳои физикии дигар мафҳуми «майдон» аст. Майдон дар физика ба маънии соҳае фаҳмида мешавад, ки дар он қувва зоҳир мегардад. Майдон навъҳои гуногун дорад – майдони магнитӣ, майдони электрикӣ, майдони ҷозиба ва ғайра.

Мавҷудияти майдонро аз рӯйи таъсире ошкор сохтан мумкин аст, ки аз тарафи ин майдон ба ҷисми дар он воридшуда оварда мешавад. Чунончи, агар ҷисмеро аз рӯйи Замин боло бардошта, раҳо кунем, рост сӯйи поён меафтад – ин афтидан далел аст, ки Замин ҷозиба, майдони ҷозиба дорад ва ҷисмро бо қувваи муайяне сӯйи маркази худ ҷазб мекунад. Навъи дигари майдон майдони электромагнитӣ мебошад, ки атомҳову молекулаҳои моддаро бо якдигар робита медиҳад. Ҳамин майдони электромагнитӣ аст, ки ҳосил кардан ва густариш додани радиомавҷҳоро имконпазир мегардонад. Дар ин замина мо имкон пайдо мекунем, ки радио бишнавем ё телевизион тамошо кунем.

Моддаву майдонро якҷоя ҳайуло (материя; matter) мегӯянд. 


  1. Инҳо ҷисманд ё модда: тилло, танга, қалам, оҳан, сим, тир, ҳаво, мис, абр, оҳак?
  2. Инҳо моддаанд ё падида (ҳодиса): барфбод, тирукамон, раъду барқ, жола, арзиз, алкул (спирт), барф, маска, шафақ, мисгарӣ ва оҳангарӣ, об, обхезӣ.
  3. Аз чӯб чӣ гуна чизҳо (ҷисмҳо) сохта мешавад? аз оҳану чӯян чӣ? аз барф чӣ?
ҚаблӣТоҷикон магар табармусулмонанд?
БаъдӣМушоҳида – мулоҳиза – таҷриба… (физика)