Таҷриба меъёри ҳақиқат аст (физика)

Тачриба меъёри хакикат аст (физика).


Оре, таҷриба меъёри ҳақиқат аст.

Чаро чунин гуфтаанд ва мо ҳам ба ин бовар дорему онро пайгирӣ мекунем? Меъёри ҳақиқат будани таҷриба аз он ҷост, ки натиҷаи таҷриба ба ҷойи анҷом додани он, ба майлу хоҳиши каси таҷрибакунанда ва одами машҳуру номашҳур будани ӯ бастагӣ надорад.

Аммо дарёфти ҳақиқат аз рӯйи натиҷаи таҷриба малака мехоҳад, зеро роҳи илм роҳи росту ҳамвор нест, норавшану номуайян аст. Барои дар ин роҳ гом бардоштан аввал ба хубӣ донистан зарур аст, ки шумо чӣ масъаларо ҳал карданӣ ҳастед ва он ҳал ба чиҳо бастагӣ дорад. Баъд дар қадами аввал шумо бояд ин ё он тахмин ба миён биёред. Ин гуна тахмин фарзия ном гирифтааст. Содатар гӯем, ҳар як фарзия як навъ пурсишест, ки дар пеши табиат гузошта мешавад.

Талаби нахустин аз шахси таҷрибагузор ин аст, ки ҳамин пурсишро дар як шакли барои табиат фаҳмо ба миён биёрад. Ин заруратро ҳанӯз Г. Галилей дарёфта, гуфта буд:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Фалсафа дар Китоби муҳташаме сабт аст, ки он дар пеши назари мо ҳамеша боз аст (ман Коинотро дар назар дорам), вале агар мо пешакӣ забони онро ёд нагирем, ҳарфҳову навиштаҷоташро нафаҳмем, фалсафаро дарк карда наметавонем. Забони фалсафа забони риёзиёт аст

(Дар замони Галилей фалсафа гуфта физикаро мефаҳмиданд).


Ба гуфти дигар,  таҷрибакорону табиатшиносон бо табиат бояд бо забони ӯ, ба воситаи ҳамон ҳарфҳову навиштаҷоти номбурдаи Галилей гуфтугӯ (суолу ҷавоб) кунанд. Ин ҳарфҳову навиштаҷот ҷисмҳоеанд, ки дар муҳити атрофи мо ҳастанд ва падидаҳоеанд, ки дар ин муҳит рух медиҳанд.

Шахси таҷрибакунанда бояд камубеш тасаввур кунад, ки   таҷриба чӣ тавр сурат мегирад ва чӣ гуна сабабу сабабчаҳо ба ҳам омада, падидаи пажӯҳиданиро воқеъӣ мегардонанд.

Натиҷаи таҷриба ҳар хел буда метавонад. Валек ин ҷо мо на ҳама гуногуниҳои он натиҷаро муҳокима мекунем. Биёед ба ду чиз таваҷҷуҳ кунем:

а) Бигзор таҷриба тахмин ва пешгӯии шуморо ба куллӣ тасдиқ кунад. Дар ин маврид шумо ҳақ доред шодмонӣ кунед, ба ин маънӣ шодмонӣ кунед, ки Худованд шуморо аз ақл бенасиб нагардонидааст ва шумо фикр ронда, ба моҳияти падидаҳои табиӣ расидагӣ гирифта метавонед. Зинда бод ақли гиро!

Чунин натиҷа шуморо фараҳманд месозад, шоҳроҳи пажӯҳишҳои баъдинаи шуморо равшантар мегардонад, шавқи шуморо ба ҷустуҷӯҳо зиёд мекунад.

б) Бигзор таҷрибаи шумо натиҷаи ғайричашмдошт диҳад. Дар ин сурат шумо бояд беш аз мавриди аввал шодмонӣ кунед, зеро агар натиҷа ғайричашмдошт бошад, имкон дорад, ки дар паси он қонунияти ҳанӯз ошкорношудае ниҳон бошад (кӣ медонад, шояд кашфи он дар оянда танҳо ба шумо муяссар гардад).

Дигар ин ки натиҷаи ғайричашмдошт ҳам натиҷа аст, маънии муайян дорад ва ин ё он ҷиҳати ин ё он рӯйдоди табииро зоҳир мегардонад. Чунончи, борҳо мушоҳида кардаед, ки санг, кулӯх ё чӯберо хеле дур партофта метавонед, аммо варақи кушодаи коғазро ҳатто ба масофаи 1-2 м дур андохтан муяссар намешавад. Вале агар варақро ғиҷим кунед, онро дуртар партофта метавонед.

Чӣ хулоса мегиред шумо аз ин ҷо? Фикр кунед. Чӣ чизи ноаён аст ин ҷо, ки монеъи парвози коғаз мегардад?

Баъд шумо дар сари ин масъала боз фикр ронда, дарк мекунед, ки ҳамон чизи ноаён на танҳо парвози варақи кушода, балки парвози варақи ғиҷимшударо низ монеъ мегардад. Ин шуморо водор месозад, ки хулосаи худро шакли қадре умумитар диҳед ва онро чунин баён кунед:


Ин ҷо чизи дар чашм ноаёне вуҷуд дорад, ки парвози варақи коғаз, варақи ғиҷимшудаи коғаз ва чизҳои дигари партофтшавандаро камубеш монеъ мешавад.

Фикри шумо ба ҳамин чиз банд мешавад. Шабу рӯз, гоҳи бозӣ, пагоҳу бегоҳ, вақти мактаб рафтан фикри шуморо ҳамин масъала банд мекунад. Назди пири худ – омӯзгори физика меравед ва моҳияти масъалаеро, ки фикри шуморо банд кардааст, арз мекунед. Он кас аз пажӯҳишҳои шумо шод мешавад, албатта. Баъд каме ба фикр фурӯ рафта, роҳи шуморо қадре равшан месозад:

Ҳама ҳодисаҳо, ҷони ман, дар ин ё он муҳит рӯй медиҳанд. Дар муойиноти худ ҳамин чизро низ ба назар бигир. Лек, агар ба хулосаи дуруст расида натавонӣ, таҷрибаи дигар бикун. Ман ба ту танҳо лавозимоти яке аз ин гуна таҷрибаҳоро мегӯям: як порчаи начандон фарохи матоъи тунук ва як чӯбе, ки матоъро бар он баста, парчам (байрақ) сохтан мумкин бошад. Давоми нек роҳатро!

Шумо аз пеши устоди худ берун омадед. Табъи шумо болида хоҳад буд, зеро омӯзгор таҷрибаи якуми шумо ва, умуман қисми аввали ҷӯйишҳои шуморо маъқул ёфт, шуморо ҷони ман гуфта, рӯҳбаланд кард. Ин амали падаронаву устодонаи омӯзгор дере нагузашта шуморо ба мурод мерасонад, хусусан, вақте ки шумо парчами ба гуфтаи ӯ сохтаи худро ин сӯ – он сӯ алвонҷ диҳед, мебинед, ки ҳамон чизи ноаён матоъи парчамро ба парпар кардану мавҷ задан водор мекунад ва буди (мавҷудияти) худро низ то дараҷае ошкор месозад.

Вале ҳар як «зарра»-и дониши нав, ҳар ҷиҳати асрори табиати саркаш танҳо барои касе ошкор мегардад, ки чашму гӯшу ҳуши ӯ барои дарк кардани навиҳо омода шуда бошад, яъне ӯ ба қадри кофӣ дониши табиатшиносанда андӯхта бошад. Агар шумо ин гуна дониш андӯхта бошед, дар яке аз лаҳзаҳои кушоиши кор дар заминаи гуфтаи устоди худ дармеёбед, ки ҳамон чизи ноаёни монеъшавандаи парвози коғазу ҷисмҳои дигари партофтшаванда ҳаво аст – ин ҳамон муҳитест, ки дар бораи мавҷудияти он омӯзгор гоҳи раҳнамоӣ кардани шумо ишорат карда буд.

Тамоми фазои атрофи мо пури ҳавост. Ҳаво моддаи газии сабуку шаффофе мебошад, ки, метавон гуфт, ҳеҷ гоҳ қарорӣ надорад, ҷунб мехӯрад, ҳаракат мекунад. Ҳаракати ҳаворо шамол мегӯянд. Шамоли суст (шамолак) барги дарахтонро алвонҷ медиҳад, сатҳи оби кӯлро водор месозад, ки оҳистаоҳиста мавҷ занад; агар ҳаракати ҳаво қавитар бошад, лолазору гандумзорро ба ҳоли мавҷ задан меоварад, дарахтҳоро ин сӯ – он сӯ меҷунбонад ва ғайра. Ҳаво дар сурати бо суръати боз ҳам баландтар ҳаракат кардан (шамоли сахт) метавонад, ки кулоҳи шуморо аз саратон рабуда, ким-куҷо бубарад, боми биноҳоро барканад, дарахтҳои бузургро ба замин хобонад ва ғайра.

Ҳаво дар баробари ин ҳама харобкориҳо амалҳои савоб низ дорад: агар ҳаво намебуд, мо нафас гирифта ё садоеро шунида наметавонистем; дар набудани ҳаво бӯйеро ҳам шунидан илоҷ намедошт; маҳз ҳаво аст, ки парвози гулпараку парандаҳо, парвози чархболу ҳавопаймоҳоро имконпазир мегардонад ва ғайра.

Ҳамин тариқ, хонандаи азиз, аз як-ду таҷрибаи одӣ хеле дониш гирифтан ва малака ҳосил кардан мумкин аст.

Таҷриба на танҳо меъёри ҳақиқат аст, балки воситаи муҳимми ба даст овардани дониши нав низ мебошад.

ҚаблӣМушоҳида – мулоҳиза – таҷриба… (физика)
БаъдӣНазарияҳо ва қонунҳои физикӣ