Хамкории мактаб ва чамоатчиги.
Мактаб фарзандони миллатро тарбия мекунад. Бинобар ин аҳли ҷамоатчигӣ дар тарбияи авлоди кишвар бетараф буда наметавонад. Барои ба ин масъалаи ниҳоят муҳим, ки поягузори ҷомеа мебошад, бештар таваҷҷӯҳ додани ҷамоатчигӣ – аз депутатҳои мардумӣ, иттиҳодҳои касаба сар карда то шӯрои занон ва саркорону сардорони ҷои кори падару модарони кӯдакон зарур аст. Ҳамкории онҳоро ҳам мактаб созмон медиҳад, то ки дар якҷоягӣ ба ҷойгирони сазовор ғамхорӣ зоҳир намоянд.
Дар хонаҳои калони серодам, маҳаллаҳо, касаба, деҳот, колхозу совхозҳо шӯрои ҷамъиятии мададрасони оила ва мактаб созмон дода мешавад, ки муаллимон бояд вазифаҳои онҳоро хуб донанд ва аз онҳо самарабахш истифода баранд. Ба ҳайати шӯрои мададрасони оила ва мактаб депутатҳои халқ, кумитаи иттиҳоди касаба, шӯрои занон, фаъолон ва маъмурияти муассисаҳо дохил мешавад. Ин шӯро нисбати баланд бардоштани маданияти педагогии аъзоёни коллективи худ ғамхорӣ менамоянд, таҷрибаҳои пешқадами тарбиявии оила ва ҷамоатчигиро тарғиб мекунанд, дар ҷамъомадҳои иттиҳоди касаба ва ҷаласаҳои умумӣ роҷеъ ба тарбияи кӯдакон масъала мегузоранд, барои сӯхбат ва маслиҳатҳо олимон – педагогҳоро даъват мекунанд.
Вазифаи муҳими ин шӯро бо мактаб робитаи наздик доштан аст, чунки фарзандони қисми зиёди онҳо дар мактаб таҳсили илм доранд. Ин гуна шӯроҳо ба он мактабҳое, ки вазифаҳои сарпарастиро адо мекунанд, баҳри таъминоти базаи моддӣ- таълимӣ ва барпо кардани шароити мусоиди таълимӣ ва тарбиявии кӯдакон мадад мерасонанд. Ба корҳои маҳфил, шӯъбаҳо, дастаҳои спортӣ, меҳнати истеҳсолии мактаб ва ҷои сукунати кӯдакон кӯмак мекунанд, то ки вақтҳои холигии худро бо машғулиятҳои муфиду дилҳоҳи худ гузаронанд. Барои фарзандони кормандон базаи истироҳатӣ, қароргоҳҳои меҳнатӣ ва дамгирӣ ташкил мекунанд.
Маълумот ба сомонаи Донишҷӯ нет – Donishju.net тааллуқ дорад
Муаллимон ва коллективи педагогии мактаб мунтазам ба шӯрои мададрасони оила ва мактаб нисбати вазъи таълимӣ ва тарбиявии кӯдакон маълумотҳо расонда меистанд.
Чуноне ки мебинем, дар созмон додан ва таъмин кардани фаъолияти ин шӯро нақши барандагии мактабу муаллимон калон аст.
Мавзӯи 26. Фаъолияти якҷояи мактаб ва оила дар тарбияи насли наврас