Навъҳои фаъолияти сиёсӣ

Барои таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти сиёсӣ мавриди омӯзиш қарор додани навъҳои он хеле аҳамиятнок мебошад. Навъбандии фаъолияти сиёсӣ аз рӯйи як қатор меъёрҳо амалӣ карда мешавад.

1.Аз рӯйи муҳиммияти фаъолияти сиёсӣ. Бо назардошти муҳиммияти фаъолият омилҳои назариявӣ ва амалии онро аз ҳам ҷудо менамоянд. Омилҳои назариявии фаъолият чунин навъҳои онро ташаккул медиҳанд: фаъолияти маърифатӣ, ояндабинӣ ва барномавию идеологӣ. Омилҳои амалии фаъолият низ навъҳои махсуси онро ташаккул медиҳанд: иштироки сиёсӣ ҳамчун навъи фаъолият, иҷроиши вазифаҳои сиёсӣ ҳамчун фаъолият, фаъолияти сиёсии касбӣ дар таркиби институтҳои сиёсӣ.

Давоми матн пас аз блоки реклама

2.Аз рӯйи шакли ташкилшавиашон фаъолияти сиёсии худ ба худ баамалоянда ва фаъолияти сиёсии муташаккилро аз ҳам ҷудо менамоянд.

3.Бо назардошти тағйирёбии муносибатҳои сиёсию ҷамъиятӣ фаъолияти сиёсии муқаррарӣ ва эҷодиро низ махсус қайд менамоянд. Фаъолияти сиёсии муқаррарӣ дар асоси меъёрҳои мавҷуда амалӣ мегардад. Аммо фаъолияти сиёсии эҷодӣ бошад, дар таркиби системаи сиёсӣ унсурҳои навро ба вуҷуд меоварад.

  1. Бо назардошти шаклҳо ва усулҳои амалишавӣ фаъолияти сиёсии мусолиҳатомез ва зӯроваронаро аз ҳам фарқ менамоянд. Ин ду гурӯҳи фаъолияти сиёсӣ, дар навбати худ, дар шаклҳои гуногун зоҳир мегарданд.
  2. I. Фаъолияти сиёсии мусолиҳатомез: ислоҳот, конформизм, фаъолияти парлумонӣ, фаъолияти консенсуалӣ ва ғ.

Ислоҳот – фаъолияти сиёсии бомаром ва мақсадноки субъектҳои сиёсат, ки бо роҳи нигоҳ доштани сохтори иҷтимоию сиёсии ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медароранд. Ислоҳот тағйиротҳои мушаххаси иҷтимоию сиёсиро тақозо менамояд. Ҳеҷ гоҳ ислоҳот воситаи аз як даст ба дасти дигар гузаштани ҳокимият намебошад. Ислоҳот бо мақсади таъмин намудани пешрафти ҷамъиятӣ гузаронида мешавад. Дар ҷомеаҳои муосир ислоҳот воситаи асосии таъмини рушду инкишоф мебошад.

Конформизм — итоаткорона пайравӣ намудан аз сиёсати давлат, надоштани андешаи шахсӣ, иштироки сиёсии нофаъол, бепарвоӣ зоҳир намудан. Чунин навъи фаъолият раванди мутобиқшавии шахс бо системаи сиёсии мавҷуда мебошад.

Фаъолияти парлумонӣ одатан хосси аъзоёни парлумон мебошад. Аммо дар баъзе аз мавридҳо одамон низ ба воситаи намояндагони худ ба фаъолияти сиёсӣ машғул мегарданд. Фаъолияти парлумонӣ дар чунин шаклҳо зоҳир мегардад: гузаронидани вохӯриҳо, ворид намудани тағйирот ба конститутсия, қабули қонунҳо, бастани шартномаҳо, истифодаи системаи интихоботӣ, ҳалли масъалаҳои умумимиллӣ.

Фаъолияти консенсуалӣ дар шакли ҳамкориҳои субъектҳои сиёсат зоҳир мегардад. Одатан субъектҳои гуногуни сиёсат бо роҳи баргузор намудани гуфтушунидҳо, бастани шартномаҳо ва ғ. роҳу усулҳои гуногуни ҳамкориҳоро ҷустуҷӯ менамоянд. Дар чунин шароит иштирокдорони мубоҳисаҳои сиёсӣ ба хотири манфиатҳои умумӣ аз ҳама гуна манфиатҷӯии канорӣ даст мекашанд.

  1. II. Фаъолияти сиёсии зӯроварона: ҷанг, инқилоб, аксулинқилоб, терроризм, диктатура.

Ҷанг муборизаи мусаллаҳона миёни субъектҳои сиёсат мебошад, ки он бо мақсади ҳимояи манфиатҳои гурӯҳӣ ва бо роҳи зери фишор қарор додани субъектҳои дигар амалӣ карда мешавад. Ҷангҳо ба чунин навъҳо ҷудо мешаванд: ҷангҳои байнидавлатӣ, байнисинфӣ, шаҳрвандӣ, этникӣ, динию мазҳабӣ; ҷангҳои забткорона ва озодихоҳона; ҷангҳои боадолатона ва беадолатона; ҷангҳои маҳаллӣ (дохилӣ), минтақавӣ ва ҷаҳонӣ. Асоси ҳама гуна ҷангҳоро манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ ташкил медиҳанд. Ҷангҳо ҳамчун фаъолияти сиёсӣ дар замони муосир баъди ба вуҷуд овардани яроқи қатли ом хеле хатарзо гардидаанд.

Инқилоб табаддулоти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии сохтори ҷамъиятиест, ки ивазшавии системаи сиёсиро ба вуҷуд меоварад. Масъалаи марказии ҳар як инқилоб ҳокимият мебошад. Инчунин, инқилоб маънои гузариш аз як сохтори ҷамъиятӣ ба сохтори дигарро ифода менамояд. Неруи пешбари инқилоб синфи ҷамъиятие мебошад, ки системаи сиёсии мавҷуда талаботи онҳоро қонеъ намесозад.

Аксулинқилоб доимо баъди баамалоии инқилоб пайдо гардида, намояндагони он барои барқарор намудан ва ё нигоҳ доштани сохтори иҷтимоию сиёсии пештар мавҷудбуда мубориза мебаранд. Инчунин, аксулинқилоб раванди фишороварӣ ва ё аз сари ҳокимият дур намудани неруҳои ба тозагӣ ба сари қудратомада мебошад. Гуфтан мумкин аст, ки аксулинқилоб фаъолияти неруҳои сиёсии сарнагуншаванда ва ё сарнагуншуда мебошад. Муваффақияти аксулинқилоб аз неруҳои инқилобчиён ва аз мавқеи ҷонибдорони он вобаста мебошад. Дар аксар маврид муваффақияти аксулинқилоб аз неруҳои худи онҳо низ вобаста мебошад. Дар баъзе мавридҳо имконияти афзалият пайдо намудани фаъолияти аксулинқилобӣ ба мушоҳида мерасад, ки дар натиҷа инқилобчиён торумор гардида, дар пайи он инқилобчиён пароканда карда шуда, баъзан террори аксулинқилобӣ ҷорӣ мегардад.

Террор фаъолияти сиёсии экстремистӣ ба шумор рафта, бо роҳи зӯроварӣ нисбат ба душманони сиёсӣ ҷазоҳои гуногун амалӣ карда мешавад. Одатан, чунин навъи фаъолияти сиёсӣ барои тарсонидани рақибон ва душманон истифода мегардад. Террор одатан дар шаклҳои зерин зоҳир мегардад: куштор, таҳдид, вайронкорӣ, ҷазодиҳӣ ва монанди инҳо.

Аз солҳои 70-уми асри гузашта сар карда дар ҷаҳони муосир терроризми байналхалқӣ пайдо гардидааст. Одатан, терроризми байналхалқӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва дар миёни неруҳои гуногуни сиёсӣ, ки дар хориҷа пуштибон пайдо намудаанд, истифода мегардад. Масалан, фаъолияти ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва дастаҳои муташаккили ҷиноӣ ба ин мисол шуда метавонанд. Дар шароити муосир як қатор давлатҳои абарқудрат ва ҳамзамон баъзе аз давлатҳои озордида терроризми байнахалқиро ба таври пинҳонӣ дастгирӣ намуда, баҳри ҳимояи манфиатҳои сиёсию геополитикии хеш онро дар муқобили ҳарифони сиёсиашон истифода менамоянд.

Диктатура шакли махсуси фаъолияти сиёсӣ буда, истифодаи усулҳои зӯроварона, таъқибот, ҷазодиҳӣ ва зери фишор қарор доданро тақозо менамояд. Диктатураи инқилобӣ, аксулинқилобӣ ва авторитариро аз ҳам фарқ менамоянд. Дар раванди инқилоб ва ё аксулинқилоб диктатура пайдо мегардад. Инчунин, дар натиҷаи аз ҷониби як шахс ғасб гардидани ҳокимият низ диктатура ба вуҷуд меояд.

Дар амалияи ҷамъиятӣ шаклҳои гуногуни фаъолияти сиёсӣ бо ҳамдигар алоқамандии зич доранд ва дар бисёре аз мавридҳо якдигарро пурра месозанд. Раванди либерализатсия ва демократизатсия заминаҳои объективии рушди фаъолияти сиёсӣ мебошанд, ки онҳо шаклҳои қонунии иштироки сиёсиро ба вуҷуд меоваранд. Ҳамин тариқ, раванди сиёсӣ бе фаъолияти сиёсӣ наметавонад рушду инкишофи худро таъмин намояд ва ҳамзамон фаъолияти сиёсӣ бе назардошти иштироки сиёсӣ вуҷуд дошта наметавонад.


Калидвожаҳо: реферат, равандхои сиёсии чомеа, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси, Навъхои фаъолияти сиёси, Фаъолияти сиёсии мусолихатомез, фаъолияти сиёсии Диктатури, диктатурӣ, Инкилоб чист.


Дигар маводҳо пас аз блоки реклама