Мақсади омӯзиш (максади омузиш).
Қонуни мақсади омӯзишро мо дар фасли аввал дида баромада будем, он ҳамчун ногузир амал мекунад ва дар системаи раванди омӯзиш зерсистема буда, хеле бештар ба тарбия мансубият дорад. Мақсади умумии таҳсилот (маълумот) аз мақсади тарбия ҷорӣ мегардад ва бо он ҳамчун як қисми яклухтро ташкил медиҳад.
Маълумот ба сомонаи Донишҷӯ нет – Donishju.net тааллуқ дорад
Қонунҳои асосии инкишофи иҷтимоӣ ва давлатӣ – маълумот, рӯҳиёт, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангиро Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мекунад. Маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади ташаккули мустақилият, озод, маданӣ, маърифатии шахсият, масъулиятшиносӣ нисбати оила, ҷомеа ва давлат, эҳтиромкунии ҳуқуқ, озодии дигар шаҳрвандонро дорад. Конститусия ва қонунҳо қобили ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни одамон, халқҳо, нажотҳои гуногун, миллатҳо, этникӣ, динӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошанд.
Вазифаҳои асосии мактаби маълумоти миёнаи умумӣ:
- таъмин кардани талаботи миллӣ – фарҳангии аҳолӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва ахлоқан солими наслҳо;
- таъмини талабагон барои азхудкунии системаи донишҳои муайянкардаи талаботи ҷомеа ва истеҳсолот;
- ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқи маданӣ, арзишҳои гуманистӣ ва идеалҳо, тафаккури эҷодӣ, мустақилонагӣ дар ғановати дониш;
- дар ҷавонон ҳосил кунонидани коркарди мавқеи шууронаи шаҳрвандии ҳақиқӣ, шоистагии одамият, кӯшиш ба иштироки худидоракунии демократӣ, масъулиятнокӣ ба рафтор.
Қисматҳои маълумоти мактабӣ – фанҳо, асосҳои дониш, маҳорате, ки ҳаҷмашон аз 30 – 40% ҳаҷми умумии донишҳо зиёд набошад, барои омӯхтан ва барои ҳамаи талабагон дар тамоми намудҳои муассисаҳои таълимӣ ҳатмист. Қисматҳои таҳсилоти мактабӣ имконияти қонеъгардонии талабот ва дархостҳои гуногуни талабагонро мутобиқи шароити минтақавӣ, миллӣ, истеҳсолӣ ва омилҳои шахсият таъмин мекунад.