Паҳншавии мева ва тухм

Дар аксари ҳолатҳо мева ва тухми рустаниҳо ба ҷойҳои хеле дур паҳн мешаванд. Сабаб он аст, ки мева ва тухми як гурӯҳи муайяни рустаниҳо барои бо шамол паҳн шудан мутобиқат пайдо кардаанд. Гурӯҳи дигари онҳо бошад, маҳз тавассути одам, ҳайвонот ва об паҳн мегардад. Меваи пухтаи баъзе рустаниҳо, масалан, ақоқиёи зард ва ҳанзал (пажанг) (7) тухмашонро ба берун пош медиҳанд, шамол тухмҳои сафедорро, ки бо пати сафед пӯшидааст, ба масофаҳои дур парронда мебарад. Тухми қоқу ва бедро, ки «парашутчаҳо» доранд, шамол ба ҳар ҷониб мебарад.

Меваи фарк, (7) ки аз ду паллаи болмонанд иборат аст, ҳангоми аз шохи дарахт афтидан болҳои он дар ҳаво босуръат чарх мезанад ва аз ин рӯ вай дуру дароз дар ҳаво нигоҳ дошта шуда, шамол онро аз дарахт ба масофаи хеле дур мебарад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Бо пухтани меваашон баъзе рустаниҳои дашту биёбон хушк мешаванд. Аз ин рӯ, шамол пояи шоху мевадори онҳоро шикаста рӯ-рӯйи замин ғелонида ба ҳар тараф мебарад ва бо ин восита тухми онҳо ба замин мерезад. Ҳамин тавр, рустаниҳои бо шамол паҳншаванда бисёр хусусиятҳои мутобиқатӣ доранд.

Бо ёрии об ҳам меваю тухми рустаниҳои обӣ ва баъзе рустаниҳои рӯйизаминӣ паҳн мешаванд. Об меваи афтодаи дарахти роздор ё хашнак (олха)-ро, ки бештар дар соҳили дарёҳо месабзад, ба ҷойҳои хеле дур мебарад. Меваи дарахти норгил (норҷил)-ро оби баҳр  мумкин аст аз як ҷазира ба ҷазираи дигар барад.

Тухм ва меваи бисёр рустаниҳоро одатан одамон ва ҳайвонот беихтиёр паҳн мекунанд. Масалан, «сабадак»-и мушхор бо меваҳои пухтааш ба пашми ҳайвонот ё либоси одамон часпида, аз рустанӣ хеле дур бурда мешавад.

Дар лаби наҳр, наздикии ҳавзу дарёҳо алафи бегонаи (7) хори сагак (гармалаф) мерӯяд. Меваашро, ки донакчаи хордор аст, дандонаҳои чангакшакл пӯшидаанд. Агар аз анбӯҳи хори сагак ягон ҳайвон ё одам гузарад, меваҳои майдаи серхори он ба пашм ё либос чунон сахт мечаспанд, ки маҷбур мешавед, онҳоро бо даст чида партоед.

Тухми меваҳои сершираи ғубайро, ангури сагак, марҷонбутта, хуланг, мӯрди ҷангалӣ (черника), маҳлаби русӣ, гули ливондарро ҳайвонот, хусусан парандаҳо паҳн мекунанд. Парандаҳо ин меваҳоро хӯрда аз як ҷо ба ҷойи дигар мепаранд ва тухми осебнадидаи онҳоро бо саргин (пехол) ихроҷ мекунанд.

Меваю тухмҳои баъзе рустаниҳо тасодуфан бо роҳи ғайриодӣ паҳн мегарданд. Онҳо ба қанору тойҳои бор часпида андармон мешаванд ва тавассути роҳҳои обию ҳавоӣ ба ҷойҳои тамоман дур бурда шуда, маҳалли нави зист пайдо мекунанд. Масалан, барги зулф, ки дар пайроҳаву роҳҳо   гиёҳи муқаррарист, як замоне аз Аврупо ба Амрико ҳамин тавр бурда буданд.  Сокинони аслии Амрико – ҳиндуҳо барги зулфро «изи сафедпӯстон» мегӯянд.

Дар бисёр рустаниҳо метавон пошхӯрии тухмро мушоҳида кард. Масалан, тобистон, дар рӯзҳои офтобӣ агар аз назди буттаи ақоқиёи зард гузар кунед, садои қирс-қирс ба гӯш мерасад. Ин кафидани меваҳои пухта ва пош хӯрдани тухми онҳост.

 Кӯсаки нахӯд ва лӯбиё ҳам баъди пухтан тухмашонро пош медиҳанд. Бинобар он, ҳосили ин зироатҳоро пеш аз пурра хушкиданашон меғундоранд. Вагарна онҳо кушода шуда, тухмашон мерезад ва ҳосил талаф меёбад.

Инчунин хонед:

Мева ва тухм


Саволҳо

  1. Меваҳое, ки ба туфайли шамол паҳн мешаванд, чӣ гуна аломатҳои мутобиқатӣ доранд?
  2. Тухми кадом рустаниҳоро одам, ҳайвон ва парандаҳо паҳн мекунанд?
  3. Тухми кадом рустаниҳо худ аз худ пош мехӯранд?
  4. Меваю тухми кадом рустаниҳо тавассути об паҳн мешаванд?
  5. Пахншавии мева ва тухм
Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед