Даврахои хаёти рустанихо / растанихо: чанини, чавони, камолот, пиронсоли.
Рустаниҳо дар муддати фаъолияти ҳаётиашон вазну андозаи реша, поя ва навдаву баргашон сол аз сол мунтазам афзуда, на танҳо месабзанд, онҳо инчунин инкишоф ёфта, хусусияту хосиятҳои нав ба нав пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, дар рустаниҳои гулдор, яъне пӯшидатухмон чор давраи инкишоф фарқ карда мешавад.
Сараввал, овони ҷанинӣ – аз давраи ба вуҷуд омадани ҷанин то ҳангоми ба сабзиш шурӯъ кардани он. Чӣ тавре ки маълум аст, ҳаёти ҳар як рустании гулдор ҳангоми афзоиши тухмӣ аз бордоршавии тухмҳуҷайра ва ҳосилшавии зигота оғоз мешавад. Зигота борҳо, такрор ба такрор тақсим шуда, ба ҷанин табдил меёбад.
Дуюм, овони наврасӣ ё ҷавонӣ, ки аз давраи ба сабзиш шурӯъ кардани тухм то лаҳзаи гулшукуфти нахустини рустании дар нашву нумӯбуда давом мекунад. Аз ҳама пеш, он узвҳое ба сабзиш шурӯъ мекунанд, ки онҳо аллакай дар ҷанини ҳосилшуда заминаи муътамад доштанд. Чунончи, решачаи асосӣ ё ҷанинӣ, пояи ҷанинӣ ва баргчаҳои ҷанинӣ ё тухмпаллагӣ. Онҳо то ба вуҷуд омадани аввалин узвҳои рӯйизаминӣ асосан аз ҳисоби моддаҳои дар тухм (эндосперм) захирашуда ғизо мегиранд. Сипас, решаҳо сабзида, шоха ронда, решаҳои иловагӣ ва паҳлуӣ ҳосил мекунанд ва системаи (силсиламаҷмӯи) решагӣ ташаккул меёбад.
Ҳамин тавр, навниҳол ба туфайли решаву баргҳояш пурра ба зиндагонии мустақилона мегузарад.
Ҳаётгузаронии ояндаи рустаниҳои ҷавони нумӯёбанда бештар ба он вобаста аст, ки рустанӣ ба кадом шаклҳои ҳаётии рустаниҳо тааллуқ дорад. Масалан, сабзиши рус- таниҳои яксола дар давоми як мавсими нашъунамо пурра ба охир мерасад. Онҳо гул карда мева ҳосил мекунанд ва нобуд мешаванд (нахӯд, бодиринг, тарбуз, харбуза ва ғайраҳо).
Баъзе алафҳои бисёрсола дар соли аввали ҳаёташон хеле боавҷ нашъунамо карда, ҳатто гул мекунанд (себарга). Вале бештари онҳо дар солҳои муайяни ҳаёташон гул мекунанд. Ҳамин тавр дар рустаниҳои гуногун давраи ҷавонӣ метавонад солҳои гуногунро дар бар гирад.
Дарахтону буттаҳо дар давраи 5-10 соли ҳаёташон нисбатан суст нашъунамо мекунанд. Сипас, нашъунамои онҳо авҷ гирифта, решаашон калонҳаҷму боқувват гардида, ба хок чуқур меравад. Қадкашии пояю навдаҳояшон низ авҷ гирифта, ҳар сол тақрибан то 30-35 см ва баъзан то 70-80 см дароз мешаванд.
Сеюм, овони камолот – аз лаҳзаи пайдошавии узвҳои гул то ҳосилшавии тухм ё мевабандӣ, ки дар бисёр намудҳои набототи дарахтию буттагӣ солҳои зиёд (то давраи пиронсолӣ) давом мекунад.
Ин давра дар ҳаёти рустаниҳои яксола ва дусола ниҳоят кӯтоҳ буда, баъди як бор мевабандӣ ба итмом мерасад.
Дар рустаниҳои бисёрсола бошад, ин овони ҳаётӣ солҳои хеле зиёдеро дар бар мегирад. Пас аз ҳар бори гулшукуфт – гулшукуфти дуюм, сеюм, чорум ва ҳоказо, дар давоми бисёр солҳо идома меёбад. Рустаниҳо дар ин давра аз ҷиҳати вазну андоза ва калон гардидани появу навдаҳояшон ба дараҷаи баланди сабзишу инкишофашон мерасанд.
Давраи чорум, овони пиронсолӣ мебошад. Дар ин давра рустанӣ аз гулшукуфт ва мевабандӣ боз монда, нобудшавии боавҷи узвҳои он сар мешавад, ки ин ба нобудшавии рустанӣ оварда мерасонад. Зеро алафҳои бисёрсола ва рустаниҳои дарахтию буттагӣ бо мурури замон пир мешаванд. Дар онҳо қобилияти мевабандӣ ниҳоят суст гардида, дар охир қатъ мегардад (масалан, себҳои пиронсол тамоман мева намебанданд). Дар рустаниҳои пиронсол қобилияти ҳосилшавии узвҳои нав (реша, навда, барг) то дараҷаи ниҳоӣ суст мешавад. Навдаю пояҳои қисмҳои нӯгии рустаниҳо бошад ба хушкшавӣ сар мекунанд. Дар танаи рустаниҳо ковокиҳо ба вуҷуд омада, шохаҳои камқувватгардидаю хушкида шикаста меафтанд.
Дар алафҳои бисёрсолаи пир сабзиш ва аз нав пайдо- шавии узвҳо ниҳоят суст мешавад. Пояю баргҳои наврустаи онҳо бисёр заифу ноқисанд. Решаашон ба калонҳаҷмии худ нигоҳ накарда, дарунковоку пӯсидаанд. Ҳосилшавии реша- ҳои иловагӣ ва паҳлуӣ қариб ки рӯй намедиҳад. Ҳосилшавии муғҷаҳои нав қатъ гардида, онҳо ба марги табиӣ дучор мегарданд.
Ҳамин тавр, донистани давраҳои инкишофи рустаниҳо имкон медиҳад, ки ба ҳаёту фаъолияти узвҳои он бахубӣ сарфаҳм равем, парваришу нашъунамои онҳоро бо назар- дошти давраҳои ҳаётиашон мақсаднок идора кунем ва аз онҳо пурмаҳсул истифода барем.
- Дар рустаниҳои бисёрсола кадом давраҳои синнусолӣ фарқ карда мешаванд?
- Давраи ҷанинӣ кай сар мешавад ва то кай давом мекунад?
- Хусусиятҳои муҳимми давраи ҷавонии рустаниро номбар кунед ё шарҳ диҳед.
- Давраи ҷавонии алафҳои бисёрсола ва дарахту буттаҳо чӣ тавр идома меёбад?
- Кадом аломатҳои махсуси давраи пиронсолии рустаниро медонед?




















