Ҳаракати рустаниҳо / растаниҳо

Харакати  рустанихо / растанихо.


Агарчанде рустаниҳо дар як ҷой муқимӣ сабзанд ҳам, вале вобаста ба таъсири омилҳои муҳити беруна ва ғайраҳо дар раванди рушду инкишофашон ҳаракатҳои гуногуни узвҳои рӯйизаминӣ ва зерихокии онҳоро мушоҳида кардан мумкин аст. Қисми зиёди ҳаракати рустанӣ – сабзишӣ мебошад.

Дар натиҷаи сабзиши появу навдаҳо рустаниҳо ботадриҷ ба тарафҳои гуногун сабзида, дар фазо мавқеи муайянеро ишғол мекунанд. Ба ҷуз ҳаракатҳои нисбатан сусту ботадриҷ, боз ҳаракатҳои нисбатан босуръати узвҳои алоҳидаи рустаниҳо, вобаста ба омили таъсиркунанда, маъмуланд. Масалан, баргу пояи бисёр рустаниҳо (анҷибар, настурсия (лодан), гул ё тӯдагул (масалан, тӯдагули (сабадаки) офтобпараст) ба тарафи равшанӣ фаъолона ҳаракат карда, (98) месабзанд.

Расми 98. Ҳаракати рустанӣ ба самти рӯшноӣ (нақша)
Расми 98. Ҳаракати рустанӣ ба самти рӯшноӣ (нақша)

Маълум мешавад, ки чунин ҳаракат ё майли боавҷи рустаниҳо ба ин ё он ҷониб одатан ба сабзиши нобаробари думчаҳои барг ё гулпоя вобаста мебошад. Зеро ҳуҷайраҳои тарафи нисбатан торики думчаи барг ё гулпоя босуръат тақсим шуда, калон мешаванд (нисбат ба ҳуҷайраҳои тарафи равшани онҳо). Дар натиҷа тарафи торики думчаи барг ё гулпоя нисбат ба тарафи равшани онҳо дарозтар шуда, хамшавӣ ба тарафи равшанӣ рӯй медиҳад.

Инчунин, дар рустаниҳои буттагию дарахтӣ хотамбандии барг мушоҳида (99) карда мешавад. Туфайли ин ҳодиса баргҳо дар навда тавре ҷойгир мешаванд, ки равшанӣ ба аксари онҳо дастрас бошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Расми 99.  Хотамбандии барг вобаста ба таъсири рӯшноӣ
Расми 99. Хотамбандии барг вобаста ба таъсири рӯшноӣ

Ба чунин сабзиши нобаробари ҳуҷайраҳои рустанӣ, ки боиси ҳаракат ё рӯйгардонии ин ё он узви онҳо мегардад, ба ҷуз равшанӣ боз дигар омилҳои чунин таъсирдошта (ҳарорат, намӣ, моддаҳои маъдании таркиби хок ва ғайраҳо) сабаб мешаванд. Масалан, решаҳои ҷавон ба тарафи сернам ё ба самте, ки намакҳои маъданиаш зиёд аст, сабзида ҳаракат мекунанд. Бо таъсироти тағйиротҳои шабонарӯзии равшанӣ ва ҳарорати ҳаво гул ё тӯдагули рустаниҳо дар соатҳои муайяни шабонарӯзӣ кушода ва пӯшида мешаванд.

Дар намудҳои гуногуни рустаниҳо кушодашавии гул ё тӯдагули онҳо дар соатҳои гуногуни рӯз сурат мегирад. Чунин тағйирёбии ҳолати гул (кушодашавӣ ё пӯшидашавии он) дар аксари мавридҳо ба сабзиши нобаробари тарафҳои (дохилӣ ва берунии) косабаргу гулбарг вобаста аст. Ин хусусияти рустаниҳои гулдорро ба инобат гирифта (дар соатҳои муайяни рӯз кушода ё пӯшидашавии гули рустаниҳои гуногун), вақтро аниқ кардан мумкин аст. Ё бо таври дигар, онҳоро чун «соатҳои биологӣ» истифода бурдан мумкин аст. Барои ин дар майдончаи мактаб рустаниҳои дар соатҳои гуногуни рӯз гулшукуфтро гирд оварда, бо тартиби муайян парвариш кардан лозим аст.

Инчунин, дар рустаниҳо ҳаракати босуръати (тези) баъзе узвҳо маълуманд, ки ба сабзиши он узвҳо алоқаманд нестанд. Ин хели ҳаракатҳо ба ниҳоят тез тағйир ёфтани миқдори об дар узвҳои дахлдор вобаста аст. Масалан, бо суръат (қарсосзанон) кушодашавии ғилофакмеваҳо ё ин ки баробари даст расондан ба мимозаи шармгин баргҳояш бо суръат ба поён хам (100) мешаванд.

Расми 100.  Нозгули шармгин (мимоза) дар ҳолати муқаррарӣ ва баъди таъсиррасонӣ
Расми 100. Нозгули шармгин (мимоза) дар ҳолати муқаррарӣ ва баъди таъсиррасонӣ

  1. Ҳаракати сабзишии рустаниҳо чӣ тавр сурат мегирад?
  2. Кадом сабабҳо боиси ҳаракати узвҳои гуногуни рустаниҳо мегарданд?
  3. Ба ҷуз равшанӣ боз кадом омилҳои дигар боиси ҳаракати рустаниҳо мегарданд?
  4. «Соатҳои биологӣ» ба чӣ асос ёфтаанд?
  5. Кадом ҳаракатҳои ғайрисабзишии рустаниҳоро медонед?
ҚаблӣСабзиши рустаниҳо. Танзими сабзиш. Нуқтаи сабзиш. Моддаҳои зарурӣ барои сабзиш
БаъдӣДавраҳои ҳаёти рустаниҳо: ҷанинӣ, ҷавонӣ, камолот, пиронсолӣ