Дар фаслҳои тобистону тирамоҳ меваҳои гуногунранги пухтарасидаи рустаниҳои дастпарвару худрӯй диққати касро ҷалб мекунанд. Себҳои сурху ҷилодор, нок, олую олуболуҳои сершира, шингилҳои пурбори ангур шохи дарахту буттаҳоро бо серборӣ хам мекунанд. Меваи бисёр рустаниҳои сабзавотӣ: помидор, бодиринг, қаламфур, боимҷон хушрангу ботароват мебошанд.
Новобаста ба гуногунии шакл, ранг, маза, бӯй ва андозаашон аксари меваҳо аз ғӯраки гул ташаккул меёбанд. Девораи сабзидаю тағйирёфтаи ғӯрак мевапарда номида мешавад. Он ташаккул ёфта ба мева табдил меёбад. Ҳар мева дар дохилаш тухм (ё дона) дорад.
Мева тар ва хушк мешавад.
Ғуҷуммева (ё буттамева) як навъ тармеваест, ки мағзи онро аз берун пӯсти тунук пӯшидааст. Дар даруни мева тухмҳои бисёре мавҷуданд. Қот, нордонак, мӯрди ҷангалӣ, помидор ва ангур ба гурӯҳи рустаниҳои ғуҷуммева (5) дохил мешаванд.
Донакмева як навъ тармеваест, ки пӯсти тунук дошта, мағзаш сероб буда, донаки сахти якмағза (5) дорад. Олуболу (олучабандак), олу, зардолу, шафтолу донакмева доранд.
Баръакси меваҳои тар, меваи хушки пухта мағзи сершира (6) надорад. Дон (ё дона) меваи хушкест, ки мевапардаи тунуки он бо пӯсти тухм ба монанди донаи гандум ва ҷуворимакка ба ҳам сахт (маҳкам) часпидаанд.
Кӯсак низ меваи хушк буда, дар вақти кушодашавиаш ба ду палла ҷудо мешавад. Пас аз пухтани кӯсак паллаҳои хушкидаи он тоб мехӯранд ва донаҳояшон (6) мерезанд. Кӯсаки лӯбиё, нахӯд, боқило ва ақоқиё ҳамин хел мепазад.
Ғилофак монанди кӯсак ду палла дорад, аммо дона ё тухмҳои он чун кӯсак на дар худи палла, балки дар сатҳи девораи дарунии мева ҷой гирифтаанд. Чунин тарзи меваи хушк ба вазирак, карам, шалғамча, шалғам, сарсонкарам, турб (6) хос аст.
Мағзакмева ҳам меваи хушк аст. Мевапардаи он агарчанде тухмашро пӯшонида бошад ҳам, аммо ба якдигар часпида нарустаанд. Донаи офтобпараст ҳамин гуна (6) мева аст.
Ғӯза дар зағир, пахта, хашхош (кӯкнор), бунафша, тамоку ва лола инкишоф меёбад. Пас аз пухта расидани мева аз сӯрохии махсус ё ҷойи кафидаи девораи ғӯза (масалан, кӯкнор) тухми бисёр (6) ба берун мерезад.
Саволҳо
- Меваҳо аз рӯйи кадом аломатҳо тар ва хушк мешаванд?
- Кадом мева[ои тарро медонед?
- Ғуҷуммева аз донакмева бо чӣ фарқ мекунад?
- Рустаниҳои хушкмеваро номбар кунед.
- Кӯсак аз ғилофак чӣ фарқ дорад?
- Рустаниҳои uилофакмеваро номбар кунед.
Мева чист? Тухм чист? Гучуммева чист?, буттамева чист? Донакмева чист? Кусак, Гилофак, Магзакмева, Гуза чист? Бо забони точики ботаника, реферат, кори курси