Раъду барқ (чанд факти ҷолиб)

Раъду барқ

Ҳарорати барқ метавонад ба 30 ҳазор дараҷа бирасад , ки ин нисбат ба ҳарорати сатҳи Офтоб панҷ маротиба зиёдтар мебошад. Суръати паҳншавии барқ 300 000 км / с, шиддаташ то 16 000 000 волт ва қувваи ҷараёнаш то 200 ҳазор ампер мебошад.

Раъду барқ дар як лаҳза ба вуқӯъ мепайванданд. Лекин барои чӣ аввал мо равшании барқро мебинему, баъдан пас аз чанд лаҳза садои онро мешунавем? Гап дар сари он аст, ки суръати рӯшноӣ нисбат ба суръати садо дар ҳаво хеле зиёд аст. Суръати паҳншавии рӯшноӣ ба 300 000 км /с ва суръати паҳншавии садо дар ҳаво ба 340 м /с баробар аст. Масалан агар раъду барқ дар масофаи 3 400 м ба амал ояд, пас мо садои онро пас аз 10 сония мешунавем. Раъду барқ ду намуд мешавад: амудӣ ва уфуқӣ. Баландии раъду барқи амудӣ аз 2-3 км то 20 км мерасад. Барқе, ки дар байни абрҳо ҳосил шуда ҳаракат мекунад, уфуқӣ номида мешавад. Зарбаҳои уфуқӣ пуриқтидортарин ва хатарноктарин ба ҳисоб мераванд, зеро хавф дар дарозии онҳост. Чунин барқ қодир аст ба масофаҳои дур ҳаракат кунад, то он даме ки абрҳои заряди манфӣ бо абрҳои зарби мусбат дучор оянд. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии метеорологӣ, дарозтарин барқи уфуқӣ ба 321 000 метр ба қайд гирифта шудааст.

Зарари раъду барқ

Дар муддати як шабонарӯз дар атмосфераи Замин то 8000 000 раъду барқ мезанад, дар муддати 1 сол ин рақам ба 2 миллиарду 920 миллион баробар мешавад. Дар муддати як сол дар кураи Замин раъду барқ тақрибан 24 000 одамро ба ҳалокат мерасонад.

Аз гурӯҳи фейсбукии Илми муосир (Хусейн Асоев)

ҚаблӣСад байт Аз Рустами Ваҳҳоб
БаъдӣИнтернет ва истифодаи дурусти он аз ҷониби ҷавонон

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед