Подшоҳ ва ғуломи аҷамӣ (ҳикоя)

Подшоҳе бо ғуломи аҷамӣ (эронӣ) дар киштӣ нишаст. Ғулом ҳаргиз дарё надида буд ва меҳнати (азоби) киштӣ наозмуда. Гиряву зори оғоз кард ва ларза бар андомаш (вуҷудаш) афтод. Чандон, ки мулотифат карданд (дилдорӣ доданд), ором нагирифт. Айши малик аз ӯ мунагтас шуд (кайфаш парид). Чорае надонистанд.

Ҳакиме дар он киштӣ буд, ба малик гуфт:

Агар фармон диҳӣ, ман ӯро ба тариқе хомуш мегардонам.

Подшоҳ гуфт:

-Ғояти (ниҳояти) лутфу карам мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳаким фармуд, то ғуломро ба дарё’ андохтанд. Боре чанд ғута хурд. Пас аз муяш гирифтанду пеши киштӣ оварданд. Ғулом ба ҳар ду даст дар суккони киштӣ овехт (ба рули киштӣ часпид). Чун (аз об) баромад, ба гушае бинишаст ва ором ёфт.

Малик ҳайрон шуд ва пурсид:

Дар ин ҷо чӣ ҳикмат буд?

Ҳаким гуфт:

Аввал меҳнати ғарқ шуданро начашида буд ва кадри саломати киштиро намедонист. Қадри офият (тандурустӣ) касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд.

ҚаблӣБулбул ва мур (ҳикояи тоҷикӣ)
БаъдӣДурӯғи маслиҳатомез (ҳикоя)