Мавзӯҳои байналхалқӣ ва сулҳу дӯстӣ дар ашъори Мирзо Турсунзода

Мавзухои байналхалки ва сулху дусти дар ашъори Мирзо Турсунзода.


Мирзо Турсунзода

Мавзӯъ: Мавзӯъҳои байналхалқӣ ва сулҳу дӯстӣ дар ашъори Мирзо Турсунзода

Нақша:

Сарсухан

Давоми матн пас аз блоки реклама
  1. Мавзӯи сулҳ ва дӯстӣ дар ашъори шоир
  2. Сулҳу дӯстӣ – сарчашмаи хушбахтии тамоми миллатҳо

Хулоса

Устод Мирзо Турсунзода соли 1911 дар деҳаи Қаратоғ ба дунё омада, таҳсили ибтидоии худро дар мактаби кӯҳнаи Қаратог шурӯъ намудааст вале аз сабаби нодурустии тарзи таълиму тарбия ӯ хатту савод иабаровардааст.

Сипас, шоир дар мактабҳои усули нав, дар омӯзишгоҳҳо ва донишкадаҳои ҳамонвақта таҳсили худро идома медиҳад. Баъди таҳсилоти олӣ ба хизматҳои илми, адабй ва давлатй сафарбар карда мешавад. Қисми зиёди осори ӯро шеъру асарҳои ба мавзӯи дӯсгй ва сулҳ бахшидаи ӯ ташкил мидиханд. Аз ин рӯ, Турсунзода ҳамчуи вассофи сулҳу дӯстӣ шинохтаву эътироф карда шудааст.

Баъд аз сафарҳои хориҷӣ ва ҷаҳонгардии шоир, дар эҷодиёти ӯ, махсусан, дар доираи мавзӯъҳои байналхалқӣ тағйироти куллие ба миён омаданд. Ва ӯ тамоми ҳастӣ ва фаъолияти адабии худро барои мустаҳкам намудани сулҳу дӯстии халқҳои ҷаҳон бахшидааст Шоир бо суруданп ашъори дар мавзӯи сулҳу дӯстй тавонистааст, ки дар тамоми кишварҳои дуру наздик гояҳои сулҳу дӯстиро паҳн намояд.

Ҳамин тариқ, яке аз бахшҳои асосии мавзӯъҳои эҷодиёти шоирро мавзӯи супҳу амонй ва ҳамраъйии халқҳои тамоми дунё л ашкил медихад, Шоир сулҳу амониро ҳамчун сарчашмаи асосии ободии ҳар як сарзамин, ободии кишвару диёр ва хушбахтии инсонҳо ба қалам додаасг. Сулҳу амонӣ монанди офтоби тобои ба ҳама кишварҳо лозиму зарур аст:

Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.
Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррам кудакон.

Дар ҳақиқат, хотири ҷамъи падару модарон ва зиндагии осудаву хоби ороми кудакон, ин худ як барқарориву мавҷудияти сулҳу амонӣ маҳсуб мешавад. Вале ин сулҳу амонӣ бо душвориҳои хеле зиёд ба мардуми мо насиб гаштааст:

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беороми рузафзуни дил.
То яроқи тез гардида ба дасти дӯстон,
Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯйи ҷаҳон.

Зарурати сулҳу амониро дар байни ҷамъият таъкид намуда, онро дар мисоли сулҳҷӯйии одамони шӯравй чунин шарҳ медиҳад:

Пурҳарорат нест бе сулҳ офтоб,
Дар замин ҳам нест файзи беҳисоб.

Шоир бар он таъкид мекунад, ки тамоми халқу миллатҳои озодихоҳи ҷаҳон озодиву хушбахтии комили хешро аз сулҳ дидаанд:

Сулҳ бо имзои мо-мардумони фатҳёб,

Менамояд нақшаҳои ҷангҷуёнро хароб.

Мавзӯи дӯстии халқҳо дар ашъори шоир яке аз мавзӯъҳои асосӣ ба шумор меравад. Шоир мафҳум ва маънии дустиву рафоқатро дар ашъори худ содаву самимй чунин ифода менамояд:

То тавонӣ, дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
Мушкил осон кун касонро гум макун.

Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун. Пурра >>

Шоир дӯстии халқҳои тоҷикро бо халқҳои мухталифи дунё хеле муҳим мешуморад. Бинобар ин, дар ашъори ӯ дӯстии халқи тоҷик бо халқи рус низ тасвир ёфтааст. Халқи рус дар ашъори шоир ҳамчун муаллим, раҳнамо, дуст ва ҳамкори тамоми халқҳо ба қалам дода шудааст. Чунин фикру андешаи худро дар «Уқоб» ном асараш чунин баён мекунад:

Тоҷиконро ту болу пар додӣ,
Қудрати тоза ин қадар додӣ.
Бахту тақдири мо ягона бувад,
Мурғи бахти як ошёна бувад.

Хулоса, Турсунзода мавзӯи дӯстии халқҳоро дар осори боқимондааш инкишоф додааст. Дар шеъри «Дил барнагашт» дӯстиву рафоқатн мардуми тоҷику украинро чунин тасвир менамояд:

Хурдаам нону намак аз дасти фарзандони ӯ,
Лутфу эҳсон ёфтам аз чеҳраи шодони ӯ.

Шоир озодиву хушбахтии халқи меҳнаткаши худро дар дӯстӣ ва якдилии бародаронаи ҷамъи халқҳо медонад:

Ту донӣ, ки Шарқи ман аз ин бало
Раҳо ёфт кайҳо, дар он халқҳо
Ба ҳам дӯстӣ, меҳрубонӣ кунанд,
Чу як ҷону тан зиндагонӣ кунанд.

У дӯстиву рафоқати халқҳои шӯравиро сарчашмаи асосй ва такягоҳи сулҳу осоиши тамоми ҷаҳон меҳисобанд.