Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар! (ҳикоя)

Чабри устод бех аз мехри падар – хикоя

Ҳакиме писаронро панд медод:

-Эй ҷонони падар, ҳунар омузед, ки ба мулку давлати дунё эътимод нест. Симу зар дар сафар маҳалли хатар аст ё дузд ба якбора барад, ё хоҷа ба тафорик бихурад (ё соҳибаш кам-кам истифода карда ба охир расонад). Аммо ҳунар чашмаи зоянда аст ва давлати поянда. Агар ҳунарманд аз давлат биафтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст. Ҳунарманд ҳар ҷо, ки равад, қадр бинад ва дар садр (пешгоҳ) нишинад ва беҳунар ҳар ҷо ки равад, луқма чинад ва сахтӣ бинад.

Вақте афтод фитнае дар Шом,
Хар кас аз гушае фаро рафтанд.
Рустозодагони донишманд,
Ба вазирӣ подшо рафтанд.
Писарони вазири ноқисақл,
Ба гадоӣ ба русто рафтанд.
Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симинаш бар канор ниҳод.
Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар:
«Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар!»
Мероси падар хоҳӣ, илми падар омуз,
К-ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Иншо дар бораи устод >>

Чабри устод бех аз мехри падар (иншо)


Чабри устод бех зи мехри падар, хикоя, шеър, хикоя аз Гулистони Саъди Шерози

ҚаблӣНамунаи тахлили лугави калима
БаъдӣКалимасозӣ ва имло. Таркиби морфологии калима

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед