Булбул ва мур (ҳикояи тоҷикӣ)

Овардаанд, ки булбуле дар боғе бар шохе ошён1 сохт ва барои чандрӯзае мақом маскане2 пардохт3.

Булбул шабу рӯз дар гулистон дар парвоз омада ва барбати4 нағмоти5 дилфиреб дар овоз оварда. Мур ба ҷамъи нафақоти6 лайлу наҳор7 машғул гардида ва хазордастон8 дар чаману бoғ ба овози хуш ғappa гашта.

Булбул бо шохи гул рамзе мегуфт9 ва боди сабо дар миён ғамза10 мекард. Чун он мури заиф нози гулу ниёзи булбул мушоҳида менамуд, ба забони ҳол мегуфт:

-Аз ин қилу қол11 чӣ кушоянд?

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Чун фасли баор рафт ва мавсими хазон даромад, хор ҷои гулро гирифт ва зоғ  дар мақоми булбул нузул кард12. Боди хазон дар вазидан омад ва барги дарахт резидан гирифт. Рухсораи барг зард шуд ва нафаси хаво сард гашт. Аз қиллаи абр дурр мерехт ва аз гирбоди ҳаво кофур мебехт.

Ногоҳ булбул дар боғ омад, на гул дид ва на буи сунбул шунид. Забонаш бо ҳазор достон лол бимонд. На гул, ки ҷамоли ӯ бинад ва на сабза, ки дар камоли ӯ нигарад. Аз бебаргӣ тоқаташ тоқ  шуд ва бенавоӣ аз наво фуру монд. Ба ёдаш омад, ки на охиррӯзе муре дар зери ин дарахт хона дошт ва донае ҷамъ мекард, имрӯз ҳоҷат бар ӯ барам ва чизе талаб кунам.

Булбул – гуруснаи дирӯза, пеши мур ба даруза13 рафт ва гуфт:

-Эй  азиз, саховат нишони бахтиёрӣ аст ва сармояи комгорӣ14. Ман умри азизи худро ба ғафлат мегузоштам ва ту зиракӣ мекардӣ ва захира меандохтӣ. Чӣ шавад, ки имрӯз насибе аз он каромат кунӣ?

Мур гуфт:

-Ту шабу рӯз дар кол будӣ на дар ҳол. Ту лаҳзае дар таровати гул машғул будӣ ва даме наззораи баҳор, намедонистӣ, ки ҳар баҳореро хазоне ва ҳар роҳро поёне бошад.


Калимаю ибораҳои тоза

  1. Ошён – хона, лона.
  2. Маскан – ҷой.
  3. Пардохтан – оростан, обод кардан.
  4. Барбат – номи асбоби мусиқӣ.
ҚаблӣШуҷоати маликзода (ҳикоя аз Саъдии Шерозӣ)
БаъдӣПодшоҳ ва ғуломи аҷамӣ (ҳикоя)