Тағйиротҳои иҷтимоӣ. Назарияҳои рушди ҷомеа. Тагйиротхои ичтимои. Назарияхои рушди чомеа.
Имрӯз яке аз проблемаҳои муҳимтарини сотсиология проблемаи тағйиротҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Мафҳуми «тағйироти иҷтимоӣ» дорои маънои васеъ мебошад. Тағйироти иҷтимоӣ-ин гузариши ташкилоту ниҳод ва умумияту низоми иҷтимоӣ аз як ҳолат ба ҳолати дигар мебошад.Мафҳуми «тағйироти иҷтимоӣ» бо мафҳуми рушд мушаххас мегардад.
Рушд – ин тағйироти ба самти муайян равонашудаю барнагардандаи объектҳои моддӣ ва маънавӣ ба ҳисоб меравад. Дар зери ин мафҳум маъноҳои гузариш аз навъи оддӣ ба мураккаб, аз шакли паст ба олӣ ва ғайра фаҳмида мешавад. Сотсиологҳо навъҳои зерини рушду тағйиротҳои иҷтимоиро зикр месозанд: тағйиротҳои таҳаввулӣ ва инқилобӣ (эволютсионӣ ва револютсионӣ), пешраванда ва пасраванда (прогрессивӣ ва регрессивӣ), тақлидӣ ва навъоваранда (имитатсионӣ ва инноватсионӣ).
Равандҳои таҳаввулӣ ва инқилобӣ аксаран чун навъҳои ба ҳам муқобили тағйироти объектҳои моддию маънавӣ арзёбӣ мегарданд. Равандҳои таҳаввулӣ ҳамчун дигаргунсозиҳои тадриҷӣ, оҳиста ва миқдории объектҳо, равандҳои инқилобӣ бошанд, ҳамчун тағйиротҳои нисбатан тез, бунёдӣ ва сифатӣ баррасӣ мегарданд. Мутлақсозии ин ду навъи тағйирот ба пайдоиши ду равия дар сотсиология сабаб шудааст: таҳаввули иҷтимоӣ ва инқилоби иҷтимоӣ. Таълимоти таҳаввули иҷтимоӣ дар таълимоти сотсиологи англис Г.Спенсер нисбатан равшан инъикос ёфтааст. Ӯ тарҳи нисбатан пурраи равандҳои иҷтимоиро коркард намудааст, ки якчанд лаҳзаро дарбар мегирад.Мағзи ин тарҳро дифференсиатсия ташкил менамояд.
Дифференсиатсия ҳатмист, зеро ҳама гуна низоми интиҳоии якхела ноустувор аст. Чунки қисмҳои алоҳидаи онҳо шомили шароитҳои гуногун буда, ба унсурҳои гуногуни онҳо нерӯҳои берунаи мухталиф таъсири гуногун мерасонанд. Вобаста ба афзоиши мураккабшавию гуногуннавъӣ дар низомҳо суръати дифференсиатсия низ зиёд мегардад, зеро ҳар як қисми дифференсиатсия шуда, натанҳо натиҷаи дифференсиатсия, балки ҳамзамон сарчашмаи минбаъдаи он низ мебошад. Дифференсиатсия, тибқи андешаи Спенсер, махсусшавӣ яъне, тақсими вазифаҳоро байни қисматҳо дар назар дорад.
Тағйиротҳои таҳаввулӣ дар самти зиёдшавии мувофиқат, яъне ба ҳаммувофиқойии структурию функсионалии қисмҳои таркибии том сурат мегирад. Аз ин ҷо бармеояд, ки дифференсиатсия ҳамеша бо баҳамойӣ (интеграция) ҳамроҳӣ карда мешавад. Дар ин ҳолат ҳолати тавозуни динамикӣ, ки шомили нерӯи худҳифзсозӣ ва қобилияти мутобиқшавӣ ба шароитҳои нав мебошад, ҳадди табиӣ барои равандҳои таҳаввулотӣ ба ҳисоб меравад. Таҳаввули ҳама гуна низом аз зиёдшавию мураккабшавии сохтори он иборат мебошад. Аммо ғун гардидани номувофиқатию дисгармония дар раванди таҳаввулот метавонад ба парокандашавии ақсоми он оварда расонад.
Таҳаввули иҷтимоӣ ба ақидаи Спенсер, қисми таҳаввули универсалӣ ба шумор меравад.Вай аз мураккабшавии шаклҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, дифференсиатсия ва интеграцияи онҳо дар зинаи нави ташкилёбӣ иборат мебошад. Дар сотсиологияи Г. Спенсер идеяи асосии таҳаввули иҷтимоии асри XIX – идеяи вуҷуд доштани марҳилаҳои таърихии ҷомеаи инсонӣ, ки аз навъи ҷомеаи оддӣ ба дифференсиатсияшуда, аз ҷомеаи анъанавӣ ба ратсионалӣ, аз ҷомеаи бемаърифат ба бомаърифат, аз ҷомеаи технологияи дастӣ истифодабаранда ба ҷомеаи технологияи мошинӣ истифодабаранда, аз ҷомеаи дақиқ муттаҳид нагардида ба ҷомеаи сахт муттаҳидшуда рушд мекунад, татбиқ шудааст.
Дар рушди идеяҳои таҳаввули иҷтимоӣ саҳми муҳимро сотсиологи фаронсавӣ Э. Дюркгейм гузоштааст. Маҳз Э. Дюркгейм аввалин маротиба ба таври васеъ асоснок намуд, ки тақсимоти меҳнат асос ва натиҷаи мураккабшавии афзояндаи ҷомеа мебошад. Э.Дюркгейм ду навъи ҷомеаро ба ҳам муқобил гузошт. Дар як тарафи таҳаввули иҷтимоӣ ҷомеаҳои оддӣ бо тақсимоти рушдкардаи меҳнат ва сохтори ба қисматҳо тақсимшуда, ки аз қисматҳои якхелаю шабеҳ иборатанд, воқеъ гардидааст. Дар тарафи дигари таҳаввули иҷтимоӣҷомеаҳои мураккаб қарор доранд, ки онҳо аз маҷмӯи органҳои мухталиф, ки ҳар яке нақши махсусро иҷро менамоянду худ шомили қисматҳои аз ҳам ҷудо шуда ҳастанд, иборат мебошанд.
Гузариш аз як ҷомеа ба ҷомеаи дигар бо роҳи таҳаввулии дароз сурат мегирад, ки онро ба таври зер метавон нишон дод: 1)дар ҷомеаи сегментарӣ аҳолӣ зиёд мешавад; 2) ҳолати зикршуда ба пайдоиши шаклҳои гуногуни муносибатҳои ҷамъиятӣ ки дар онҳо ҳар як инсон ширкат меварзад, оварда мерасонад. Дар натиҷа байни онҳо рақобат пурзӯр мегардад; 3) ҳолати мазкур ба муттаҳидии аҳли ҷомеа таҳдид менамояд; 4) тақсимоти меҳнат бояд ҳамин таҳдидро бартараф намояд, зеро ин тақсимот якҷоя бо дифферентсиатсия (вазифавӣ, гурӯҳӣ, дарачавӣва ғ.) сурат мегирад ва азҳамвобастагии фардҳою гурӯҳҳои соҳибтахассусро тақозо менамояд.
Дар доираи равияи таҳаввули иҷтимоӣ як қатор назарияҳое пайдо шуданд, ки онҳо дар назди худ вазифаи инъикоси зина ба зинаи рушди ҷомеаро дар асоси муқоисаи ҳолати имрӯза ва гузаштаи вай гузошта буданд. Аввалин маротиба кӯшиши ба вуҷуд овардани чунин назария аз тарафи сотсиологи немис Ф.Тённис (1855-1936) дар китоби машҳури ӯ «Ҷамоа ва ҷомеа» сурат мегирад. Ф.Тённис барои фарқ гузоштан байни ҷомеаҳои анъанавию муосир дар асоси панҷ навъи асосии робитаҳои байниҳамдигарии иҷтимоӣ истилоҳҳои «Гемейншафт» ва «Гезелшафт»ро истифода мебарад. Мафҳуми «Гемейншафт»-ро ӯ дар нисбати ҷамоаи деҳотии деҳқонӣ ва мафҳуми «Гезелшафт»-ро дар нисбати ҷомеаи шаҳрии индустриалӣ истифода мебарад. Фарқият дар байни онҳо ба таври зер ифода меёбад: 1) дар «Гемейншафт» одамон дар асоси принсипи ҷамоа ва арзишҳои дунявӣ зиндагӣ мекунанд, дар ҳолате ки ҷомеаи навъи «Гезелшафт» ба талоши одамон барои манфиати шахсӣ асос ёфтааст; 2) «Гемейншаф» ба урфу одатҳо аҳамияти асосӣ медиҳад, дар ҳолате ки «Гезелшафт» ба қонунҳои расмӣ такя менамояд; 3)дар «Гемейншафт» раванди рушднокардаю маҳдуди мутахассисшавии касбӣ ба мушоҳида мерасад, дар ҳолате ки дар «Гезелшафт» баландшавии нақши мутахассисони касбӣ чашмрас мебошад; 4) «Гемейншафт» ба арзишҳои динӣ такя менамояду «Гезелшафт» ба арзишҳои дунявӣ;5) асоси «Геменшафт»-ро оила ва ҷамоа ташкил менамояду асоси «Гезелшафт»-ро шаклҳои бузурги корпоративию асотсиатсиявии иттиҳоди одамон. Фарқияти ин ду навъи робитаҳои иҷтимоии одамонро дар нақша ба таври зер нишон додан мумкин аст:
| Гемейншафт(ҷомеаи деҳотии деҳқонӣ) | Гезелшафт (ҷомеаи шаҳрии индустриалӣ) | |
| 1 | Ҳаёт дар асоси принсипи ҷамоа
(община)ва арзишҳои дунявӣ |
Талоши одамон барои манфиати шахсӣ |
| 2 | Такя ба урфу одатҳо | Такя ба қонунҳои расмӣ |
| 3 | Раванди рушднокардаю маҳдуди
мутахассисшавии касбӣ |
Сатҳи баланди мутахассисшавии касбӣ |
| 4 | Такя ба арзишҳои динӣ | Такя ба арзишҳои дунявӣ |
| 5 | Асос-оила ва ҷамоа | Шаклҳои бузурги корпоративию асотсиатсиявии иттиҳоди одамон.
|
Дар заминаи равияи таҳаввули иҷтимоӣ дар асоси ба ҳам муқобилгузории ҷомеаи анъанавию ҷомеаи муосир назарияи ҷомеаи индустриалӣ ташаккул ёфт. Вай дар ду вариант дар таълимоти сотсиологи фаронсавӣ Р. Арон ва дар таълимоти иқтисодчӣ ва сиёсатшиноси амрикоӣ У. Ростоу дар китобаш «Марҳилаҳои рушди иқтисодӣ» (1960) ифода ёфтааст. Назарияи «Ҷомеаи индустриалӣ» рушди зина ба зинаи ҷомеаро ҳамчун гузариш аз ҷомеаи қафомондаи аграрию «анъанавӣ», ки дар он хоҷагии натуралию иерархияи табақавӣ ҳукмрон аст, ба ҷомеаи пешқадами аз ҷиҳати саноатӣ рушдкардаи индустриалӣ тавсиф менамояд. Аз нигоҳи сотсиологҳои мазкур ба ҷомеаи индустриалӣ чунин сифатҳо хос мебошанд:
1)низоми мураккабу рушдкардаи тақсимоти меҳнат дар ҷомеа якҷоя бо тахассуснокии ҷиддӣ дар соҳаҳои мушаххаси истеҳсолот ва идоракунӣ;
- истеҳсоли оммавии маҳсулот барои бозори васеъ;
- механикунонӣ ва автоматикунонии истеҳсолот ва идоракунӣ;
- инқилоби илмӣ-техникӣ.
Қобили зикр аст, ки сатҳи баланди рушди воситаҳои нақлиёту алоқа, сатҳи баланди зудҳаракатӣ (мобилият-аз поён ба боло ҷойивазкунии табақаҳои иҷтимоии ҷомеа) ва шаҳрсозӣ, пешравии сифатӣ дар сохтори истеъмолоти миллӣ натиҷаи равандҳои фавқуззикр мебошанд. Аз нуқтаи назари назарияи мазкур нишондодҳои асосии саноати калон – индустрия шакли рафтору амалро на танҳо дар соҳаи ташкилу идоракунӣ, балки дар ҳамаи дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ низ муайян мекунанд.
Дар асоси назарияи ҷомеаи индустриалии дар солҳои 60-ум маълуму машҳур дар солҳои 70-ум назарияи «ҷомеаи баъдииндустриалӣ» пайдо мешавад. Намояндагони машҳури ин назария сиёсатшиносон ва сиёсатмадорони амрикоӣ Д. Белл, З. Бжезинский, А. Тоффлер ва сиёсатшиносону сотсиологҳои фаронсавӣ А.Турэн ва ж.Фурасте б а ҳисоб мераванд. Мувофиқи ин назария ҷомеа дар рушди зина ба зинаи хеш се марҳиларо паси сар менамояд: 1) тоиндустриалӣ (аграрӣ); 2)индустриалӣ; 3) баъдииндустриалӣ (постиндустриалӣ). Дар марҳилаи якум соҳаи аввалини фаъолияти иқтисодӣ-хоҷагии деҳот , дар марҳилаи дуввум – саноат, дар марҳилаи саввум – соҳаи хизматрасонӣ бартарият доранд. Вазифаи асосии ин марҳила аз инфиродӣ сохтани истеҳсолоту истеъмот иборат мебошад. Дар ҷомеаи тоиндустриалӣ мақсади асосӣ – ҳокимият, дар индустриалӣ–пул ва дар ҷомеаи баъдииндустриалӣ дониш ба ҳисоб меравад, ки вай дар ин ҷомеа аз имтиёзи баланд бархӯрдор мебошад. Барои ҳар яке аз ин марҳилаҳо шаклҳои махсуси ташкилоти иҷтимоӣ хос мебошад. Дар ҷомеаи аграрӣ шакли бештар хоси ташкилоти иҷтимоӣ калисо ва қувваҳои мусаллаҳ, дар ҷомеаи индустриалӣ корпоратсия ва дар ҷомеаи баъдииндустриалӣ донишгоҳҳо ба ҳисоб мераванд. Ба ташкилоти иҷтимоии бартариятдошта сохтори иҷтимоии мувофиқ хос мебошад. Ҳамин тариқ, дар ҷомеаи аграрӣ руҳониёну феодалҳо, дар ҷомеаи индустриалӣ корчаллонҳо ва дар ҷомеаи баъдииндустриалӣ олимону менеҷерҳо нақши ҳукмронро бозида, мақоми муайянкунандаро ишғол менамоянд.Таносуби фарқиятҳои се марҳилаи рушди ҷомеаро дар нақша ба таври зер нишон додан мумкин аст:
| Самтҳои фарқият | Марҳилаҳои рушди ҷомеа | |||
| Ҷомеаи тоиндустриалӣ
(аграрӣ) |
Ҷомеаи индустриалӣ | Ҷомеаи баъдииндустриалӣ | ||
| Соҳаи бартариятдоштаи иқтисодиёт | Хоҷагии деҳ | от | Саноат | Соҳаи хизматрасонӣ |
| Мақсади асосӣ дар ҷомеа | Ҳокимият | Пул | Дониш | |
| Шакли бартариятдоштаи ташкилоти иҷтимоӣ | Калисо ва мусаллаҳ | қувваҳои | Корпоратсияҳо | Донишгоҳҳо |
| Табақаҳои иҷтимоии бартариятдошта | Руҳониён феодалҳо | ва | Корчаллонҳо | Олимону менеҷерҳо |
Бори дигар такрор хоҳем кард, ки назарияҳои индустриалӣ ва баъдииндустриалӣ дар доираи таълимоти таҳаввули иҷтимоӣ ба вуҷуд омадаанд. Чуноне ки маълум гардид, ҷомеа тибқи ин назарияҳо марҳилаҳои муайянро дар асоси навоварриҳои техникию технологӣ дар ҳамбастагӣ бо асос (мотив)-ҳои равонии фаъолият, чун миллатчигӣ, рӯҳияи корчаллонӣ, рақобатҳо, ахлоқи протестантӣ, талошҳои шахсии корчаллону кормандони сиёсӣ ва ғайра паси сар намудааст. Дигаргуниҳои технологӣ дигаргуниҳоро дар дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ низ ногузир месозанд, лекин ин дигаргуниҳо бе низоъҳои иҷтимоию инқилобхои иҷтимоӣ амалӣ мешаванд.
Қобили зикр аст, ки зимни шарҳи тағйироти иҷтимоӣ таълимоти таҳаввули иҷтимоӣ дар сотсиология мақоми афзалиятнокро ишғол менамояд. Аммо дар қатори ин назария боз назарияи дигаргунсозиҳои инқилобии ҷомеа, ки асосгузоронашон К.Маркс ва Ф.Энгелс буданд, васеъ паҳн шуда буданд.Таълимоти марксистии рушди ҷомеа ба таҳқиқи форматсионии таърих асос меёбад. Мувофиқи ин тарзи таҳқиқот инсоният дар инкишофи худ панҷ марҳилаи асосиро паси сар менамояд: ҷомеаи ибтидоӣ, ҷомеаи ғуломдорӣ, ҷомеаи феодалӣ, ҷомеаи сармоядорӣ ва ҷомеаи коммунистӣ. Гузариш аз як форматсияи ҷамъиятӣ-иқтисодӣ ба форматсияи дигар дар асоси инқилоби иҷтимоӣ сурат мегирад. Инқилоби иҷтимоӣ дигаргунии сифатии бунёдӣ дар тамоми низоми ҳаёти ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Асоси иқтисодии инқилобҳои иҷтимоиро зиддияти тезутундшавандаи байни қувваҳои истеҳсолкунандаи инкишофёбанда ва муносибатҳои истеҳсолии куҳна ташкил менамояд. Ин зиддият дар қувват гирифтани антагонизм (зиддият)- иҷтимоӣ ва шиддат ёфтани муборизаи синфӣ байни синфи ҳукмрон, ки дар ҳифзи сохти мавҷуда манфиатдор аст, ва синфҳои мазлум ифода меёбад. Дар инқилоби иҷтимоӣ вазифаи аввалин ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба шумор меравад. Дар асоси инструментҳои ҳокимият синфи ғолиб дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дигаргунӣ ба вуҷуд меоварад ва ҳамин тавр, барои ташаккул додани низоми нави муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавӣ замина фароҳам оварда мешавад.Аз нуқтаи назари марксизм нақши бузург ва дурнамои инқилобҳо аз он иборат аст, ки онҳо монеаҳоро аз роҳи рушди ҷомеа бартараф месозанд . К. Маркс инқилобҳоро «локомотивҳои таърих» ҳисобидааст.
Зермавзӯи мазкурро ҷамъбаст намуда, хотиррасон сохтанием, ки назарияҳои таҳаввулӣ ва инқилобии ҷомеа бар идеяи пешрафти иҷтимоӣ асос меёбанд. Онҳо имконияти рушди мақсадноки ҷомеаро, ки бо гузариш аз зинаи паст ба зинаи олӣ, аз шакли номукаммал ба шакли мукаммал тавсиф меёбад, таъкид месозанд. Дар як ҳолат меъёри пешрафт мураккабшавии ташкилоти иҷтимоии ҷомеа (Г. Спенсер), дар ҳолати дигар – тағйиротҳо дар низоми робитаҳои иҷтимоӣ ва навъи танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ (Ф. Тённис), дар ҳолат саввум – тағйирот дар характери истеҳсолот ва истеъмолот (У.Ростоу ва Д. Белл), дар чаҳорум – сатҳи азхуднамоии нерӯҳои табиат, ки дар афзоиши маҳсулнокии меҳнат ва озодшавии одамон аз зулми нерӯҳои иҷтимоии ҷомеа (К.Маркс) ифода меёбад, эътироф мегардад.
Зермавзӯҳо:



















