Аҳромҳои Мисри Қадим

Дар ин мақола чунин суолҳо баррасӣ хоҳанд шуд:

  • Аҳром чист?
  • Чаро фиръавнҳо аҳром месохтанд?
  • Аҳромҳои Мисрро чӣ тавр сохтаанд?
  • Видео дар бораи муъҷизаи Аҳромҳо.

пирамидахои ахромхои миср


Аҳром чист?

Аҳром шакли ҷамъи ҳирам аст. Ҳирам ҷисми сегӯшаеро гӯянд. Чун қабрҳои бузурги фиръавнҳо ба ҳамин шакл сохта шудаанд, онҳоро аҳром (ҳирамҳо) мегӯянд. Дар сарзамини Мисри қадим бештар аз ҳаштод аҳроми хурду бузург дар соҳили дарёи Нил ба ёдгор мондааст. Мисриёни қадим аз тахтасангҳои яклухти чаҳоркунҷа аҳроме сохтаанд, ки то имрӯз боқӣ монда, бо бузургию шукӯҳашон ҷаҳониёнро дар ҳайрат мегузоранд.

Чаро фиръавнҳо аҳром месохтанд?

Подшоҳони Мисри қадимро фиръавн мегуфтанд. Фиръавнҳои Мисри қадим чун ба тахти давлат менишастанд, барои худ сохтани ҳирамеро мефармуданд, ки қариб нисфи дороиву иқтидори давлат сарфи он мегардид. Бунёди аҳром агар, аз як тараф, шукӯҳу ҳашамати фиръавнҳоро дар чашми мардум нишон диҳад, аз тарафи дигар, ҳамчун манзили дафни ҷасади фиръавнҳо хидмат мекард. Дар ҳар кадоми ин ҳирам ҷасади мӯмиёии фиръавн ва дороии он нигаҳдорӣ мешуд.

Дар сохтани аҳром кадом усулро истифода мебурданд?

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аввал аз силсилакӯҳҳои Араб сангҳои чортарошро то соҳили дарёи Нил оварда, аз он ҷо тавассути ғулааробаҳо то макони сохтмон мекашонданд ва баъдан онҳоро бо душвории гарон суфта мекарданд. Ҳунармандон дар оғози кор харсангҳоро дар тани шах интихоб намуда, аввал аз ягон гӯшааш тарқише мекушоданд. Сипас ба тарқиш фонаҳои чӯбин зада, дар соатҳои муайян ба тани фона об мерехтанд.

Фонаҳои чӯбин аз ҷабидани об варам карда сангро мекафонданд. Сипас, санги кафидаро аз харсанги бузург ҷудо намуда, бо олоти мисин тарошида, суфта мекарданд.

Даромадгоҳи аҳром чӣ асрор дошт?

Аҳромҳои муъҷизавӣ дар нигоҳи аввал кӯҳтеппаҳои яклухти сангинеро мемонданд, ки дари даромад надоранд. Вале дар яке аз рӯяҳои аҳром дар гӯшаи яке аз тахтасангҳои рамзӣ барҷастагии чун варақи коғаз ноаёнеро гузошта буданд, ки ҳангоми зер кардани он тахтасанги бузурге тоб хӯрда, роҳи тираву торики аҳром кушода мешуд. Барои воридшавандагон дар сари ҳар гардиш шамъ гузошта буданд. Асрори даромадгоҳи аҳром сахт пӯшида буд ва онро фиръавнҳо аз насл ба насл нигоҳ дошта, танҳо ба ворисони қонунии тахту тоҷи шоҳӣ мекушоданд.

Аз миёни аҳромҳои сершумор танҳо се ҳирами бузург – ҳирами Хеопс, Ҳафрен ва Мекерин муъҷизаи нахустини олам эътироф шудаанд. Муҳандисон шумурдаанд, ки барои бунёди ҳирами Хеопс қариб дуюним миллион тахтасангҳои хурду калон сарф шудааст. Барои аз як ҷой ба ҷойи дигар бурдани ин тахтасангҳо имрӯз камаш 20000 поезди боркаш лозим аст, ки ҳар кадомаш дорои сӣ қатор вагон бошад.

Харсангҳо бо як маҳорате болои ҳам чида шудаанд, ки дар байнашон ҳатто сӯзан ҷой намегирад.

Видео бо забони тоҷикӣ дар бораи Пирамидаҳои Миср


Ахромхои Мисри Кадим Ахром чист? Чаро фиръавнхо ахром месохтанд? Ахромхои Мисрро чи тавр сохтаанд? Миср пирамиды маълумот дар бораи Миср ахромхои миср.

Фактҳои ҷолиб

ҚаблӣФактҳои ҷолиб дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ
БаъдӣКоронавирус: аломатҳо ва пешгирӣ

2 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед