Дурӯғи маслиҳатомез (ҳикоя)

Подшоҳеро шунидам, ки ба куштани асире ишорат кард. Асири бечора дар ҳолати ноумедӣ подшоҳро дашном додан гирифт ва сақат (бад) гуфтан. Гуфтанд: «Ҳар кӣ даст аз ҷон бишӯяд (аз ҷони худ умедашро канад), ҳар чӣ дар дил дорад, бигӯяд».

Байт

Вақти зарурат намонад гурез,

Даст бигирад сари шамшери тез.

Подшоҳ пурсид, ки:

-Чӣ мегуяд?

Яке аз вазирони некмазҳар (покдил) гуфт:

-Эй, худованд, мегӯяд: «Касоне, ки хашми худро фурӯ менишонанд, гуноҳи касонро мебахшанд».

Подшоҳ (ба ҳоли ӯ) раҳм кард ва аз хуни ӯ гузашт.

Вазири дигар, ки зидди ӯ буд, гуфт:

-Абнои ҷинси моро нашояд (ба тоифаи мо – вазирон раво нест) дар ҳузури подшоҳон ҷуз ба ростӣ сухан гуфтан. Ин подшоҳро дашном дод ва носазо гуфт.

Подшоҳ рӯй аз ин сухан дарҳам кашид ва гуфт:

-Маро дуруғ писандидатар омад аз ин рост, ки ту гуфтӣ. Мақсади он дар маслиҳате буд ва бинои (асоси) ин бар хубсе (бадӣ ва палидӣ). Ҳукамо гуфтаанд: «Дурӯғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез».


Дуруги маслихатомез бех аз рости фитнаангез

ҚаблӣПодшоҳ ва ғуломи аҷамӣ (ҳикоя)
БаъдӣҲикояҳо аз эҷодиёти Саъдии Шерозӣ