Шакл ва методҳои тарбияи ахлоқӣ

Шакл ва методхои тарбияи ахлоки.


Таҷриба собит мекунад, ки шуурнокии мактаббачагон ҳамон вақт бомуваффақият ташаккул меёбад, ки агар он ба ягонагии дониш ва таҷрибаи рафтор такя карда шавад. Аз ҳамдигар ҷудоии онҳо донишҳои ахлоқӣ ва таҷрибаи фардӣ ба инкишофи яктарафаи тарбияи ахлоқии шахсият меорад. Натиҷаи меъёри тарбияи ахлоқ ягонагии омехтаи донишҳо, итминон ва фаъолияти амалӣ мебошад. Маълумот ва фаҳмиши ташаккули ахлоқӣ дар бораи некӣ ва бадӣ бе эътиқод ва ақидаи шахсӣ табдил ёфтани онҳо шаклҳои дарс, лексия, ҳикоя, сӯҳбат мубоҳисаи этикӣ, маҳфилҳо, хониши берун аз синф ва ғайраҳо мадад мерасонанд.

Дар таҷрибаи тарбияи ахлоқ бештар сӯҳбати этикӣ маъмул гаштааст. Он ҳамчун як шакли эътирофшуда ба талабагон фаҳмондани назария, принсип ва нормаҳои ахлоқ, инчунин чун методи ба муҳокимаронӣ, баҳсу таҳлили падидаҳо, рафтор ва амал водоркунӣ ва ба мақсади дар онҳо коркарди баёни ахлоқӣ, мулоҳиза, маъно ва эътиқод ҷои муайянро ишғол мекунад.

Вазифаҳои муҳими сӯҳбати этикӣ – ба талабагон барои муайян кардани масъалаҳои мураккаби ахлоқӣ ёрӣ расонидан ба кӯдакон ташаккул додани мавқеи устувори ахлоқӣ, ба ҳар як талаба баҳри муайян кардани таҷрибаи рафтори шахсиаш мадад расонидан, ба онҳо маҳорати коркарди ақидаҳои ахлоқро ёд додан, изҳор кардан, мулоҳизаронӣ дар асоси донишҳои ҳосилшударо дар бар мегирад. Дар раванди сӯҳбатҳои этикӣ барои он ки талабагон ба муҳокимаи масъалаҳои ахлоқӣ фаъолона иштирок кунанд, худашон хулосаҳои муайян бароранд, зарур аст, ки дар фикри худ устувор буданро ёд гиранд, рафиқони худро бовар кунонида тавонанд.

Сӯҳбати этикӣ зимни таҳлил ва муҳокимаи исботу далелҳои мушаххаси аз ҳаёти ҳамарӯзаи худи кӯдакон гирифта шуда, бо мисолорӣ аз адабиёти бадеӣ, матбуоти даврӣ, филмҳо ва ғайра баргузор мегардад. Хусусияти сӯҳбати этикӣ дар он аст, ки тибқи ин метод худи бачаҳо ба коркарди дурусти баҳодиҳӣ ва муҳокимаронӣ нисбати тарбияи ахлоқ ҷалб карда мешаванд. Дар мактаб сӯҳбатҳои этикӣ, синфӣ, гурӯҳӣ ва фардӣ гузаронида мешаванд. Муаллим системаи мавзӯъҳои муайянеро, ки ба нақша мегирад ва пай дар пай системанок хонандагонро бо нормаҳои ахлоқ шинос мекунад. Дар синфҳои ибтидоӣ сӯҳбатҳое ба нақша гирифта мешаванд, ки ба маданияти рафтор, ба қоидаҳо барои хонандагон ва ғайра дахл дошта бошанд. Ба ғайр аз сӯҳбатҳои этикии барномавӣ сӯхбатҳои ғайримунтазам низ бо синф гузаронида мешаванд. Сӯхбатҳои ғайримунтазами этикӣ бештар ба масъалаҳои дар коллектив бамиёномада баргузор мегардад. Баъзан ба муаллим лозим меояд, ки бо синф ва ё гурӯҳ сӯҳбати этикии бадеҳатан гузаронад. Сӯҳбатҳо дар мавридҳое баргузор мегарданд, ки зарурати ба рафтори хонандагон фавран баҳодиҳӣ ва ислоҳи мухолифатҳои пайдо шуда бошанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Натиҷаҳои муфид он сӯҳбатҳо дода метавонанд, ки ба он хуб тайёрӣ дида шуда бошад. Аксари муаллимон барҳақ қайд мекунанд, ки гузаронидани сӯхбати этикии самарабахш аз дарс ҳам душвор аст. Душвории гузаронидани сӯҳбати этикӣ дар чист? Пеш аз ҳама, сӯҳбат набояд пандомез бошад. Дар рафти сӯҳбат муаллим бештар ба муҳокимаронии осудаҳолона, ки мубодилаи фикр доранд, эътибор медиҳад.

Сӯҳбати эитикӣ аз муаллим бо талабагон хеле наздикӣ доштанро талаб мекунад. Кӯдакон бояд ба муаллим боварӣ дошта бошанд, ӯро дӯст доранд, фақат дар ҳамин ҳолат ба онҳо кӯшиши фикрбаёнкунӣ пайдо мешавад. Дар ҷараёни сӯҳбат муаллим бо олами ботини онҳо эҳтиромона, эҳтиёткорона, беғаразона ва одобона рафтор мекунад.

Интихоби мавзӯи сӯҳбат аз хусусиятҳои синну соли кӯдакон, дараҷаи тарбияи ахлоқии онҳо, инкишофи коллективи бачагона вобаста аст. Муаллим бо кӯдакон маслиҳат карда, мавзӯеро сӯхбати этикӣ қарор медиҳад, ки ба он иштиёқ дошта бошанд. Сӯҳбати марбути мактаббачагони хурдсол бояд аз нигоҳи образнокӣ ва мушаххасӣ ба талаботи онҳо мувофиқат кунад. Пас аз муайян кардани мавзӯи сӯҳбат ба номгузории он ҳам эътибор дода мешавад, то номи он такрор наёбад, чунки дар тарбияи ахлоқ борҳо ба як мавзӯъ баргаштанро тақозо мекунад.

Натиҷаи дилхоҳ додани сӯҳбати этикӣ аз бисёр ҷиҳат ба мавзӯи баҳси тавсияшуда иштиёқманд будани талабагон вобастагӣ дорад. Барои ҳамин ҳам муаллим ҳангоми омодагӣ гирифтан дар барномаи сӯҳбат ба шогирдонаш хондани маводҳои ба мавзӯъ дахлдорро зикр мекунад, то ки синф рӯҳан ба мавзӯи сӯҳбати этикӣ тайёр бошад.

Сӯҳбатҳои этикӣ бо ду роҳ– индуктивӣ ва дедуктивӣ гузаронида мешаванд. Дар синфҳои ибтидоӣ бештар роҳи индуктивӣ (аз ҷузъ ба кулл фикрронӣ) истифода бурда мешавад. Дар сӯҳбат аз далелҳои возеҳ ва мушаххас сар мекунанд. Дар асоси таҳлили далелҳо муаллим ба хулосаҳои ахлоқӣ, ба тасвияи мафҳумоти ахлоқӣ меорад. Дар синфҳои ибтидоӣ сӯҳбати дедуктивӣ ҳам имконпазир аст. Сӯҳбати дедуктивӣ аз мафҳуми ахлоқӣ бо далелҳои возеҳи проблемавӣ (аз кулл ба ҷузъ) ва бештар ба хулосаҳои амиқ мегузаранд.

Хусусияти гузаронидани сӯҳбати этикӣ дар синфҳои ибтидоӣ боз дар он аст, ки дар он саҳнабобкунии асарҳо (нақшофарӣ), хондани таъсирноки парчаҳо аз асарҳои бадеӣ ва сухангариро низ дохил кардан мумкин аст. Дар ҳамин радиф зимни сӯҳбати этикӣ мубодилаи фикрҳо, диалогро ҳам фаромӯш набояд кард. Баъди гузаронидани сӯҳбати этикӣ муаллим, роҳбарони синф барои тақвият додани маънои падидаҳои ахлоқӣ, нормаҳои рафтор фаъолияти амалии кӯдаконро ташкил мекунанд.

Дар системаи тарбияи ахлоқ муҳимаш он аст, ки дар кӯдакон қоидаҳои ахлоқи ҳамида устувору пойдор гарданд. Ин ҳамон вақт имконпазир мегардад, ки мо барои машқкунии хонандагон шароит муҳайё кунем. «Ҳар чӣ бештар рафтори наҷибонаи бедоркунии хоҳиш, саъю кӯшиши шахсият ба идеали ахлоқӣ – ана яке аз қоидаҳои тиллоии тарбияи наврасон» – тасдиқ карда буд В. А. Сухомлинский[1].

Тавассути дигар шаклҳо (дарс, маҳфил, хониши берун аз синф ва ғ.) ҳам тарбияи ахлоқ ва дигар намудҳои тарбия дода мешавад. Аз ин шаклҳои тарбия мо хониши берун аз синфро ба тарзи мухтасар шарҳ медиҳем, зеро он ҳам ба хусусияти тарбияи ахлоқи талабагон (хусусан синфҳои ибтидоӣ) бештар мувофиқат мекунад.


Хониши беруназсинфӣ

Хониши беруназсинфӣ. Толибилмон мувофиқи тавсияи барномаи таълимӣ ва пешниҳоди муаллимони синфҳои ибтидоӣ бо асарҳои беҳтарини бачагона, асарҳои илмию бадеӣ, илмию оммавӣ, ки дар рӯзнома ва маҷаллаҳо нашр мешаванд, шинос мегарданд. Хуб мешуд, агар муаллимон роҷеъ ба ташаккул додани тарбияи ахлоқи шогирдон порчаҳои ахлоқии асарҳои зерини ниёгонро, ки аз китобхонаи мактаб дастрас кардан мумкин аст, низ тавсия медоданд: «Калила ва Димна», «Қобуснома» – и Унсурулмаолии Кайковус, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» – и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва ғайраҳо. Ин асарҳо саросар аз панду ҳикматҳои ҳокимонаву ҳикояту саргузаштҳои ибратбахш иборатанд. Аз онҳо чандин насл сабақи зиндагӣ омӯхта, дарси ахлоқу одоби ҳамида гирифтаанд.

Ба методҳои ташаккули таҷрибаи рафтори ахлоқии мактабиён ёддиҳӣ ва машқ қимати хоса доранд.

Ёд додан. Азбаски кӯдакон, хусусан синни томактабӣ ва хурдимактабӣ, дар бисёр масъалаҳо таҷрибаи ҳаётӣ надоранд, ба онҳо ёд додани қоидаҳои рафтори ахлоқӣ лозим аст. Ба ёддиҳӣ таъкиди пандомези зайли Саъдии Шерозӣ мисол шуда метавонад: «Таом он гаҳ хӯранд, ки иштиҳо ғолиб ояд ва сухан он гаҳ гӯянд, ки зарурат бошад ва сар он гаҳ ниҳанд, ки хоб ояд, сӯҳбат он гаҳ кунанд, ки шавқ ба мунтаҳо бирасад».

Машқ барои ҳосил кардани маҳорату малака пай дар пай иҷро намудани амалиётест.

Натиҷаи ёддиҳӣ ва машқро методҳои мушоҳида, назорат ва худназоратӣ таҳти баён қарор медиҳанд.

Яке аз масъалаҳои ниҳоят муҳим дар мактаб муҳайё кардани вазъиятҳои махсуси тарбиявӣ мебошад. Талабагон ҳар яке аз он шакли ба худ маъқулро интихоб мекунанд. Дар инҷо вазифаи тарбиятгар аз идора карда тавоннистани вазъияти педагогӣ иборат мешавад. Чунки ҳар вазъият хусусиятҳои худро дорост. Агар яке хусусияти ҳиссиёти ахлоқии ватандӯстӣ дошта бошад, дигаре хусусияти барангезиши ҳисси мулоҳизакунӣ, рафтору амал, ғамхорӣ байни ҳамдигар ва ғайраро дорад.

Акнун мактабхони хурдсол рафторҳои ахлоқии ботини худ: виҷдон, қурбу манзалат, шарму ҳаёро дарк ва идора карда метавонад. Вай акнун ба калонсолон ҷой додану надодан, ба бозӣ рафтан ва ё дар назди бемор нишастан, ба ҳамсоли қафомондааш дасти ёрӣ дароз карданро дарк мекунад. Барои ҳамин ҳам дар мактаб ташкил кардани вазъиятҳои озодона интихобкунии рафтор, аз қабили рассомӣ, сурудхонӣ, мусиқинавозӣ, шӯъбаҳои шоҳмотбозӣ, дамкабозӣ, варзиш, поси хотир, мададрасонӣ, пайшиносӣ, гулу ниҳолпарварӣ ва ғайра дар раванди тарбия хеле заруранд. Онҳо нафақат воситаи муҳими ташаккулдиҳии рафтори ахлоқӣ, инчунин нишондиҳнадаҳои маънавиёти зоҳиран ва ботинан дуруст тарбияёбии кӯдакон низ ба шумор мераванд.

Дар назарияи тарбияи ахлоқ муайян кардани меъёри ахлоқан тарбия ёфтани мактабиён яке аз масъалаҳои мураккаб аст. Доир ба ин масъала ақидаҳои гуногун мавҷуданд: муносибати мактаббача ба талаботи муаллиму рафиқон намунаи ахлоқан тарбия ёфтани ӯст; меъёри ахлоқан тарбия ёфтани мактаббача аз амалиёти ӯ маълум мешавад ва асоси инро баҳои дар муҳокима додашуда ташкил мекунад; одату хусусиятҳои ахлоқии дар шахсият ташаккулёта асоси ахлоқан тарбияёбӣ ҳисоб меёбад; дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок кардани мактаббача меъёри ахлоқии тарбия ёфтани ӯро муайян мекунад.

 Дар муносибатҳои зикршуда ҳақиқияте мавҷуд аст, вале ҳар кадоме аз онҳо ба ин масъала ҷавоби том дода наметавонанд. Воқеан дар фаъолият, дар муносибат бо калонсолон, рафиқон, иштирок дар корҳои муҳокимарониҳо ва ғайра ин ҳоло дар ҳақиқат ахлоқан тарбия ёфтани мактабиёнро ифода намекунад. Чунки барномаи ташаккули ахлоқии шахсият хеле васеъ аст, бо зоҳир намудани якчанд сифатҳои мақбули ахлоқӣ дар бораи дараҷаи умумии ахлоқан тарбия ёфтани талаба ҳукм баровардан нашояд. Дар таҷриба борҳо дидаем, ки талаба дар мактаби ибтидоӣ дар доираи ахлоқи писанддида фаъолият мекунад, вале баъди ба мактаби асосӣ гузаштан бо кадом сабабе аз чорчӯбаи ахлоқ берун мебарояд, яъне сифатҳои ахлоқии ӯ устувор нестанд.

Ба фикри мо, меъёри ахлоқан тарбия ёфтани мактабиёнро ба се зина, ҳамчун Қоидаҳо барои хонандагон (мактаби ибтидоӣ, асосӣ, миёнаи ҳамагонӣ) тақсим карда, баён намудан беҳтар аст. Ин мувофиқи синну сол, сатҳи умумии азхудкунии барномаи ахлоқии ҳар зина ва устуворию ноустувории нормаҳои рафтори ахлоқиро муайян кардан ба талаб мувофиқ аст.

Мавзӯи пурра >> Тарбияи ахлоқӣ ва интизоми бошуурона


[1] Сухомлинский В. А. Рождение гражданина. М. – 1972. с. 201.

ҚаблӣМазмуни тарбияи ахлоқии мактабиён
БаъдӣМавзӯи 18. Тарбияи ҳуқуқӣ ва вазифаҳои он