Чунонки қайд карда шуд, назорати донишазхудкунии талабагон дар мактаб басо зарур аст. назорат ҳамчун раванди қонунмандии воқеии дидактика аст ва барои он ки маҳсулоти донишандӯзии талабагон аз миқдор ба сифат майл дода шавад, назорат бояд сари вақт (фаврӣ), чуқур, холисона гузарад. Барои он ки он пурра дар амал татбиқ карда шавад, маънои онро дақиқ бояд дарк кард ва дар шароити мавҷуда ба мавқеъ истифода бурд. Дар назарияи имрӯза нисбати муносибати муайянкунии мафҳумоти «баҳо», «назорат», «санҷиш», «баҳисобгирӣ» ва дигарҳо, ки ба он алоқаманд мебошанд, ҳоло барқароркунии дақиқ нест. Баъзан онҳоро бо ҳам омехта, гоҳо якмоҳията мепиндоранд.
Мафҳуми умумии қавми «назорат» қисми ташхис ба шумор меравад, ки он маънои равшанкунӣ, ченкунӣ ва баҳомонӣ бо дониш, маҳорати талабагонро мефаҳмонад. Равшанкунӣ ва ченкунӣ гуфта, санҷиш дар назар дошта мешавад. Санҷиш барои ҳамин ҳам қисми таркибии назорат буда, вазифаи асосии дидактикии он таъмин кардани бозгашти алоқаи байни муаллиму талабагон, гирифтани ахбороти воқеӣ нисбати дараҷаи азхудкунии маводи таълимӣ аз ҷониби педагог, дар вақташ муайян кардани камбудиҳои ҷойдошта дар дониш аст. Санҷиш мақсади нафақат муайян кардани сатҳи дараҷаи дониш ва сифати омӯзандагии талабагон, ҳамчунин дар охир миқдори меҳнати омӯзишро низ дар зимма дорад. Назорат ба ғайр аз санҷиш дар худ ҳамчун раванд баҳомониро ҳам мегирад ва баҳо ҳамчун натиҷаи санҷиш ҳисоб меёбад. Дар табелҳои азхудкунӣ, дафтар (рӯзномаҳои) синфӣ, базаҳо (бонкҳо) ва дигар санадҳо зикр карда мешаванд. Асоси баҳомонӣ барои дониши талабагон ҷамъбасти (натиҷаи) контролӣ мебошад. Дар ин маврид кори хонандагон ҳамчун нишондоди сифатӣ ва ҳамчун миқдорӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Нишондиҳандаи миқдорӣ бештар бо баллҳо ё фоизҳо, вале нишондиҳандаи сифатӣ бо арзёбии андешамандии навъи «хуб», «қаноатбахш» ва ғайра зикр карда мешавад. Ҳар кадом баҳои қаблан андешидашуда ба қайди муқарраршудаи нишондод, (масалан, дар муҳокимаи баҳодиҳӣ «аъло» бо балли «5») гирифта мешавад. Фаҳмидан зарур аст, ки баҳо ин адад нест, ки дар мавридҳои ченкунии ҳисоб ҳосил мешавад, балки баҳои натиҷаи қайд кардашудаи муҳокимавист. Ҳаракати миқдорӣ бо муҳокимаи баҳодиҳӣ (бо баллҳо) имконпазир аст. барои он ки дар баҳомонӣ дилфиребӣ нашавад, истифода бурдани баҳо ҳамчун адад дар бисёрии кишварҳои ҷаҳон баҳо бо ҳарфҳо гузошта мешаванд, масалан. А, В, С ва ғ.
Маънои миқдории сатҳи омӯзандагӣ ҳамон вақт қабул карда мешавад, ки баҳоро ҳамчун муносибати байни дар ҳақиқат азхудкунии дониш, маҳорат ва дар ҳаҷми умумии донишҳо, маҳоратҳои пешбаришуда бошад. Нишондоди азхудкунӣ (маҳсулнокии омӯзиш) аз муносибат ҳисоб карда мешавад:
О=Ф/П. 100%,
дар ҷое, ки О – баҳои азхудкунӣ (омӯзандагӣ, маҳсулнокӣ), Ф – ҳаҷми ҳақиқии азхудкунии дониш, маҳорат, П. – ҳаҷми пурраи дониш, маҳоратҳои пешбинишуда. Чӣ тавре, ки мебинем, нишондоди азхудкунӣ (баҳо) дар инҷо байни 100% мекалавад, пурра намешавад.
Барои муайян кардани баҳоҳо дар ҳамин меъёр ҳатман омӯхтани ченкунӣ ҳаҷми азхудкунӣ ва ахбороти пешбаришуда лозим аст. ин вазифа дар сатҳи амалиёти қуллаи технологӣ ҳал шуд.
Вазифаҳои баҳо, чӣ тавре, ки маълум аст, натанҳо муқаррар кардани дараҷаи омӯзандагист. Баҳо – дар ихтиёри педагог воситаи муҳими ҳавасмандгардонии омӯзиш, боиси беҳтарин, таъсиррасонӣ ба шахсият аст. Махсусан зимни таъсири баҳои холисона ба мактабиён айнан якхела худбаҳодиҳӣ, муносибати танқидӣ ба ноилгардии худ ба миён меояд. Барои ҳамин ҳам аҳамияти баҳо вазифаи гуногун дошта, толибилмонро ба ҷустуҷӯи такомулоти донишгирӣ водор мекунад. Аз ин лиҳоз минбаъд системаи ҳозираи бахомонӣ ба дониш, маҳорат таҷдиди назар – баланд бардоштани моҳият ва холисонагии меҳнати онро талаб мекунад.
Принсипи муҳими ташхисонӣ ва назорати омӯзандагии (азхудкунии) талабагон холисонагӣ, системанокӣ, аёнӣ (кушода) мебошад.
Холисонагӣ аз мазмуни ташхиси санҷиш (супориш саволҳо) баромада, аз нигоҳи илмӣ асосёфта, расму қоидаҳои ташхис, баробарӣ, муносибати дӯстонаи педагог бо тамоми талабагон, дақиқӣ, мувофиқатнокии меъёри баҳомонӣ ба дониш, маҳорат иборат аст. Холисонагии амалии ташхисонӣ нишон медиҳад, ки баҳогузорӣ новобаста ба методҳо ва воситаҳои назораткунӣ ва педагогҳо амалӣ мегардад.
Талаботи принсипи системанокӣ аз зарурати гузаронидани назорати ташхисонӣ дар ҳамаи марҳалаҳои раванди дидактикӣ – аз ибтидои донишандӯзӣ то амалан истифодабарии онҳо ба кор бурда мешавад.
Системанокӣ дар он дида мешавад, ки танзими ташхисонӣ ҳамаи хонандагонро аз рӯзи аввал то рӯзи охири дар мактаб буданашон фаро мегирад. Назорати мактабӣ ҳатман бо тамоми покизагӣ, боварибахш санҷидани ҳамаи он чизи муҳим, ба талабагон чиро омӯзонидан ва тавонистан гузошта шудааст, дахл мекунад. Принсипи системанокӣ талаб мекунад, ки муносибати комплексона намудан ба гузаронидани ташхисонӣ бо шаклҳои гуногун, методҳо ва воситаҳои назоратӣ, санҷиш, баҳогузорӣ дар бо ҳам алоқамандии зич ва ягонагӣ баҳри як мақсад хизмат мекунад. Чунин муносибат универсалона баъзе метод ва воситаҳои ташхисиро ба худ мегирад.
Принсипи аёнӣ (кушода) пеш аз ҳама дар гузаронидани санҷиши кушода ҳамаи талабагон бо як меъёр мегузарад. Хислати ҳар кадом талаба, дар раванди ташхисонӣ муқаррар карда мешавад, хусусияти аёнии муқоисашаванда мегирад. Принсипи кушод ҳамчунин эълон кардан ва сабабҳои баҳоро талаб мекунад. Баҳо – ин нишонае, ки тавассути он талабагон дар бораи талаботи меъёри ба онон гузошта ва холисонагии педагог мулоҳиза мекунанд. Шароити зарурии амалигардонии ин принсип эълон кардани натиҷаҳои ташхис, муҳокима ва таҳлили онҳо, тартиб додани нақшаи минбаъд батарафкунии камбудиҳо мебошад.
Ташхисонӣ, назораткунӣ, санҷиш ва баҳогузорӣ ба дониш, маҳорати талабагон бояд дар он пайдарҳамии омӯзиш мантиқан сурат гирад.
Звенои аввал дар системаи санҷиш он тахминан муайян кардани дарараҷаи дониши талабагон мебошад. Ҳамчун қоида, он дар аввали соли хониш мегузарад, то ки дониши талабагон дар шароити муҳим унсурҳои курси тадрисшаванда, муайян гардад. Санҷиши тахминӣ дар якҷоягии омӯзиши офиятгардонӣ (ҷубронкунӣ), ки баҳри бартарафкунии камбудиҳои дониш, маҳорат равона карда мешавад. Чунин санҷишро на фақат сари сол, инчунин дар мобайн низ ҳангоми омӯзонидани қисми нав бурдан мумкин аст.
Звенои дуюм санҷиши ҷорӣ дар ҷараёни омӯзиши ҳар мавзӯъ муайян шудааст. Агарчи он дар ҳар дарс истифода шавад. Вазифаи асосии санҷиши ҷорӣ – ин омӯзонидан. Метод ва шаклҳои ин гуна санҷиш метавонад гуногун мебошад, онҳо аз омилҳои мазмуни маводи таълимӣ, мураккаби он, син ва сатҳи дониши талабагон, дараҷа ва мақсади омӯзиш, шароити мушаххас вобастаанд.
Звенои сеюми санҷиши дониш, маҳорати талабагон санҷиши такрорӣ мебошад, ки ҳамчун санҷиши ҷорӣ бояд мавзӯӣ бошад. Пайваста бо омӯзиши мавзӯи нав талабагон гузаштаро такрор мекунанд. Санҷиши такрорӣ барои устувор азхудкунии донишҳо пардохта мешавад, вале муайян кардани ҳаракати кори таълимӣ, ташаккулкунии сатҳи устувории донишҳо имконият намедиҳад. Муфидонагии ин намуди санҷиш дар ягонагӣ бо дигар намуд ва методҳои ташхисонӣ бурдашавӣ дида мешавад.
Звенои чоруми санҷиш – санҷиши даврагии дониш, маҳорати таълимгирандагон дар ҳар як қисмати бутун. Мақсади ин гуна санҷиш – ташхисонидани сифати азхудкардаи хонандагон нисбати алоқамандии байни сохти унсурҳои маводи таълимӣ, ки дар дигар қисматҳои курси омӯхтаистода воқеанд. Вазифаи асосии ин санҷиши даврагӣ – ба системадарорӣ ва ҷамъбасткунӣ.
Звенои панҷум дар ташкил кардани санҷиш санҷиши ҷамъбастӣ ва ҳисоботи дониш, маҳорат талабагон мебошад. Дар ин санҷиш ба ҳамаи марҳалаҳои раванди дидактикӣ эътибор дода мешавад. Ҳисоботи ҷамъбастии азхудкунӣ дар охири ҳар чоряк ва охири соли хониш гузаронида мешавад. Ин пеш аз ҳама, дараҷаи ташхисонии ҳақиқати омӯзандагӣ мувофиқи мақсади гузошташуда мебошад.
Намуди махсуси санҷиш – санҷиши комлпексӣ. бо ёрии он фаъолияти омӯзандагии талабагон дар азхудкунии маҷмӯи фанҳои таълимӣ ва дар амал истифода бурда тавонистани онҳо ба инобат гирифта мешавад. Маслан, ҳисоби даромаднокии паррандапарварӣ дар хоҷагии фермерҳои шахсӣ истифодабарии донишҳои дар курсҳои физика, кимиё, риёзиёт, биология, ҷуғрофия ва дигарҳо гирифтаро талаб мекунад. Чунин санҷӣш ҳоло қиёсан кам таҷиба карда мешавад, вале ҷорӣ кардани курсҳои якҷокунӣ моҳиятан инкишоф меёбанд. Чунин кусрҳо махсусан барои он амалӣ мегардонанд, ки ҷудоӣ доштани байни фанҳои таълимии мактабро бартараф кунанд. Вазифаи асосии комплексӣ – ташхисонидани сифати амалигардонии алоқамандии фанҳо, меъёри амалии санҷиши комплексӣ, муайян кардани қобилияти талабагон, комплексона фаҳмондани ҳодисаҳо, ҷараёнҳо аст.
Педагог ба шогирдон баҳои гузоштаашро бояд шарҳ диҳад, зеро қадри баҳо дар шарҳи он аст. муаллимони таҷрибакор инро хуб медонанд, ки талаба аз шарҳи баҳо дар куҷо камбудии худро пай мебарад ва нисбати он кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Ташхисонӣ баҳои рӯякӣ бо муқоиса дониши ту аз дониши ҳамсинфонат ё фалонӣ баланд), раҳмона (ту бачаи дар ташкилотчигӣ фаъол) ва ғайра, ки ғайри холисонагӣ баҳогузории иддаи педагогҳоро ифшо медиҳад. Аз ин лиҳоз баҳо ҳолисона дар асоси дониши барномаи муайяншуда дақиқ гузошта мешавад.
Ба дониш, маҳорати талабагони мактабҳои миёнаи ҳамагонии ҷумҳурии мо баҳомонӣ бурда мешавад. Ин системаи бахогузорӣ ҳанӯз соли 1935 дар шакли панҷзинагӣ: хеле нағз (аъло), хуб, миёна (қаноатбахш), бад, бади бад ҷорӣ шуда буд. Соли 1944 ин шакли шифоҳӣ ва бо ҳарфҳо навишташаванда барои дар санадҳо осону қулай зикр кардан ба системаи рамзии панҷбаллии рақамӣ: «5», «4», «3», «2», «1» гузашта шуд, ки то ҳол идома дорад.
Баҳои «5» ба донишу маҳорати омӯзандагии хонандае гузошта мешавад, ки тамоми ҳаҷми барномаи таълимиро ҷудо карда метавонад ва мавриди ҷавоб додан душворӣ намекашад, донишҳои гирифтаашро дар амал озодона истифода мебарад, дар корҳои хаттӣ ва нӯтқ ба хатогиҳо роҳ намедиҳад.
Баҳои «4» ба дониши хонандае асос гузошта мешавад, ки тамоми маводи омӯхташударо медонад, ба саволҳои омӯзгор бе душвории махсус ҷавоб медиҳад, донишҳои гирифтаашро дар амал истифода бурда метавонад, дар нутқи бадеӣ хатои ҷиддӣ надорад. Баъзе хатоҳои ҷузъиро ба саволҳои ёрирасон бо осонӣ бартараф мекунад, дар корҳои хаттӣ хатоҳои ҷузъӣ дорад.
Донишҳое, ки бо «5» ва «4» арзёбӣ карда мешаванд, ҳамчун қоида, аз сатҳи баландии дониши хонанда нисбати барномаи таълимии марбут ҷавобгӯ мебошад.
Баҳои «3» ба дониши хонандае гузошта мешавад, ки қисми асосии маводи барномаи таълимиро медонад, вале дар мустақилона истифодабарии онҳо душворӣ мекашад ва ба саволҳои иловагӣ эҳтиёҷ дорад ва ба онҳо бо душворӣ ҷавоб мегардонад. Дар корҳои хаттӣ хатоҳо содир мекунад. Дониши «3» – балла ба дараҷаи тасаввуроти умумӣ вобастагӣ дорад.
Баҳои «2» ба дониши хонандае гузошта мешавад, ки нисбати маводи омӯхташуда тасаввуроти алоҳида дорад ва қисми зиёди маводи барномавиро намедонад. Дар корҳои хаттӣ хатоҳои ҷиддӣ содир мекунад.
Баҳои «1» ба хонандае гузошта мешавад, ки маводи таълимии барномавиро тамоман намедонад.
Ин ҷадвали меъёри баҳоҳои умумии дидактикӣ дар курсҳои методикаи хусусӣ мушаххас карда мешаванд. Аз ҳар фанни таълимӣ ба ҷавобҳои шифоҳӣ корҳои амалии хаттии талабагон чӣ гуна баҳо мондан тавсия мегардад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки синфҳои якуми мактабҳои ҷумҳурии мо, агарчи дар давоми соли хониш санҷиши ҷорӣ гузаронида шавад ҳам, вале аз фанни забони тоҷикӣ баҳои ададӣ гузошта намешавад. Ба дониш, маҳорат ва малакаҳои талабагон бахои ададӣ бо зикр аз аввали чоряки дуюми синфи дуюм дар назар дошта шудааст. Истифода бурдани меъёри баҳо, шарҳи баҳо аз педагог маҳорат, қобилият, одоби муоширатро талаб мекунад. Дониши шогирдон тавре арзёбӣ гардад, ки ононро ба донишгирӣ такон диҳад, ангезонад.
Мавзӯи пурра » Ташхиси омӯзиш