Назарияҳои пайдоиши давлат

Давлат дар натиҷаи рушду инкишофи ҷомеа ва мураккаб гардидани муносибатҳои ҷамъиятӣ пайдо гардидааст. Дар илмҳои сиёсӣ нисбат ба пайдоиши давлат назарияҳои мухталиф ташаккул дода шудаанд.

Назарияҳои теологии пайдоиши давлат сарчашмаҳои илоҳии онро асоснок намуда, аз иродаи Худо вобаста будани пайдоиши давлатро нишон додаанд. Ба андешаи илоҳиётшиносон (Фомаи Аквиниягӣ ва диг.), давлат ҳамчун институти сиёсӣ барои ташкили тарзи ҳаёти одамон аз ҷониби Худо ато гардидааст. Аз ин рӯ, одамон бояд ба давлат зарар нарасонанд, зеро он муқаддас аст. Ҳокимону подшоҳон ҷонишини Худо дар рӯйи замин ва дар муносибат бо тобеон ифодагари иродаи Худо мебошанд.

Назарияи патриархалӣ пайдоиши давлатро ҳамчун шакли ҳокимияти ташаккулёфтаи патриархалӣ муаррифӣ менамояд. Ба ақидаи намояндагони назарияи мазкур (Р.Филмер, Н.Михайловский), давлат дар натиҷаи муттаҳид гардидани авлодҳо ва ба вуҷуд омадани қабилаҳо, муттаҳид гардидани қабилаҳо ва ба вуҷуд омадани ҷамоатҳо ва дар натиҷаи муттаҳид гардидани онҳо пайдо гардидааст. Дар охир дават ба як оилаи бузург мубаддал мегардад, ки ҳокими он ҳимоятгари манфиатҳои кулли ҷомеа мебошад.

Назарияи шартномаи ҷамъиятӣ пайдоиши давлатро маҳсули шартномае медонад, ки он дар миёни одамон баста шуда, барои риояи шарту шароитҳои муайян ва ташкили ҳаёти якҷояи онҳо равона гардидааст. Ба ақидаи намояндагон ва ташаккулдиҳандагони назарияи мазкур (Т.Гоббс, Ҷ.Локк, Ж.Ж.Руссо), давлат натиҷаи ризоияти дохилии миёни шаҳрвандоне мебошад, ки онҳо ба хотири ҳимояи моликияти худ ва тартиботи ҷамъиятӣ як қисми озодиҳои худро ба давлат додаанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Назарияи зӯроварӣ (Л.Гумплович ва Ф.Оппенгаймер). Мувофиқи таълимоти намояндагони назарияи мазкур, давлат дар натиҷаи аз ҷониби як халқ истило гардидани халқи дигар ба вуҷуд омадааст. Бинобар ин, давлат ҳукмронии гурӯҳҳои пурқувват аз болои гурӯҳҳои камқувват мебошад, ки дар чунин шароит мағлубон тобеи ғолибон гардонида мешаванд.

Назарияи синфӣ (К.Маркс, В.И.Ленин). Мувофиқи назарияи мазкур давлат дар натиҷаи пайдоиши моликияти хусусӣ, тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ва тақсими ҷомеа ба синфҳо ба вуҷуд омада, ба воситаи он як синфи ҷамъиятӣ аз болои синфи дигар ҳукмронии худро ба амал мебарорад. Таълимоти мазкур навъҳои зерини давлатро, ки хусусияти синфӣ доранд, муайян намудааст: давлатҳои ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ ва сотсиалистӣ.

Ғайр аз ин, як қатор омилҳои дигареро, ки ба раванди пайдоиши давлат таъсири амиқ расонидаанд, нишон додан мумкин аст. Чунончи, омилҳои антропологӣ, демографӣ, ирригатсионӣ, ҷуғрофӣ, психологӣ ва ғ. Пайдоиш ва рушду инкишофи давлат сабабҳои гуногун дорад. Аз ин рӯ, як таълимоти илмиро ҳамчун таърифи ягона пазируфтан низ қобили қабул нест. Давлат ҳамчун институти махсуси сиёсӣ дар асрҳои V-III то милод пайдо гардидааст. Заволи давраи ваҳшигарӣ ва оғози рушду инкишофи маданияти инсонӣ яке аз сабабҳои асосии пайдоиши давлат мебошад. Бинобар ин, давлат дар натиҷаи мураккаб гардидани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, тағйир ёфтани шаклҳои қонеъ намудани талаботи онҳо ва ниҳоятан дар натиҷаи ба вуҷуд омадани зарурияти идораи корҳои ҷамъиятӣ пайдо гардида, мавҷудияти худро нигоҳ медорад ва минбаъд марҳила ба марҳила рушду инкишоф меёбад.

Дарки табиат ва моҳияти давлат таҳлили ҳамаҷонибаи онро талаб менамояд. Аз ин рӯ, дар илмҳои сиёсӣ дар раванди омӯзиши давлат як қатор муносибатҳои илмӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд:

1.Фаҳмиши сиёсию фалсафӣ. Давлат ташкилоти пуриқтидоре мебошад, ки ягонагӣ ва мукаммалии ҷомеа, ҳалли корҳои ҷамъиятӣ ва танзими муносибатҳои байни ҳокимон ва тобеонро таъмин менамояд.

2.Фаҳмиши синфӣ. Давлат маҳсули ба синфҳо ҷудо гардидани ҷомеа буда, воситаи ҳукмронии як синф аз болои синфи дигар мебошад.

3.Фаҳмиши ҳуқуқӣ. Давлат сарчашмаи ҳуқуқ ба шумор рафта, ба воситаи иерархияи қонунҳо мустақилияти ҳокимияти сиёсиро таъмин менамояд.

Бояд гуфт, ки фаҳмишҳои мазкур бо ҳамдигар алоқаманд гардида, то андозае мазмун ва моҳияти давлатро ба таври пурра ифода менамоянд. Аммо табиат ва моҳияти давлатҳои муосир ба воситаи унсурҳо ва нишонаҳои он мушаххас гардонида мешаванд.


Калидвожаҳо: реферат бо забони точики, реферати точики, кори курси, маводхои омузишии точики, сомонаи донишчу тч, донишҷӯ тҷ, donishju tj, сайтхои точики, сайти омузиши, сомонаи омузиши, давлат, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси, Назарияхои пайдоиши давлат

ҚаблӣДАВЛАТ ҲАМЧУН ИНСТИТУТИ СИЁСӢ
БаъдӣНишонаҳои давлат