Ташхискунии омузандаги.
Ташхисонидани омӯзандагӣ аз ташхискунии омӯзандагӣ ҷудоӣ надорад, зеро дуруст тасаввуркунӣ нисбати дастовардҳои натиҷаҳо метавонад фақат дар алоқамандии шароити (роҳҳои, воситаҳои) он натиҷаҳо гирифта шавад.
Омӯзандагӣ – ин қобилияти (лаёқати) талабагон нисбати азхудкунии мазмуни супоришҳои омӯзиш аст. Муродифҳои маъмули мафҳуми омӯзандагӣ аз ин мафҳумот иборат: «қобил», «қобилияти омӯзандагӣ», «тамоилҳои имконпазир», «бофаросат» ва ғ., ки сифати омӯзандагии шахсиятро ифода мекунанд.
Қисматҳои муҳимтарини маънои омӯзандагӣ инҳо мебошанд: 1) тамоили имконпазирии омӯзандагӣ; 2) фонди (захираи) амалкунандаи дониш; 3) ҷамъбасти тафаккур; 4) суръати ҳаракат дар омӯзиш (азхудкунии дониш). Тамоили имконпазир ҳамчун омил ба худ тавсифҳои фардиро (сифат) фаро мегирад. Дар байни онҳо фаросат (идрок), омодагӣ ба меҳнати ақлӣ, қобилияти хондан, бароркорӣ, фаҳмидагирӣ, фаъолият ва диг. Бештар ташаккулёбии амалиёти ақлӣ, васеъгии дониш, фазилати пурдонии умумӣ, инкишофи забонӣ, сатҳи азхудкунии донишҳо, маҳорат ва ғ. Ҷамъбасти тафаккур ин боз як муйянкунандаи омӯзандагии омили комплексӣ, масъул будан ба сифати (амиқ, муфидона) фаҳмидагирии раванд мебошад. Чунин тавсифҳои тафаккур, ҳамчун нерӯ, гиро, мустақӣлият, сарфакор ва дигарҳоро, ки моҳиятан имконпазир ва афзалияти ҳар шахсиятро дар омӯзиш муайян мекунанд.
Омили суръатро мантиқан ҳамчун маҳсули пештара дидан лозим аст, зеро, ки ҳамаи афзалиятҳои шахсият, дорандаи бештар баланди омӯзандагӣ, дар назди шахсият бештар паст тавсифёфта нисбати сифати мазкур амалан бо фарқият дар суръати (вақт) азхудкунии донишҳо, маҳорат, пешравӣ дар омӯзиш ва инкишофи натиҷаҳо нишон дода мешавад. Ба суръат тамоюли имконияти омӯзандагон ва фонди амалии донишҳо, маҳоратҳо ва тавсифи тафаккури онҳо ҳам таъсир мекунад. Аз ин ҷо махсусан суръатмуайянкунандаи хислати омӯзндагӣ мебошад. Баландшавии суръат ва пастшавӣ сарфашавии вақт ҳама ба омӯзандагӣ вобастагӣ дорад.
Дар омӯзиш, чӣ гуна суръат зарурат дорад, онҳоро чӣ тавр муайян мекунанд ва нисбати суръат чӣ хел ташхиси омӯзандагӣ мебаранд?
1. Суръати азхудкунии донишҳо, маҳорат (Са).
Ин нишондиҳанда шарҳи гуногун дорад. Ба онҳо пеш аз ҳама мумкин аст мафҳуми меъёри вақти азхудкунӣ (иҷрои меъёри санҷиш), ҳамчунин ихтиёран (вале якхела барои ҳамаи талабагон) фаҳмидани маъно ё тест:
Са= Св/См. 100%,
дар ҷои Са – суръати азхудкунӣ; Св – суръати вақти сарфшуда барои пурра азхудкунии меъёри фаҳмиши маъно ё иҷрои меъёри санҷиш бо омӯзандагии аниқ; См – суръати миёнаи эҳсоиявии вақти иҷрои меъёри супориш. Мафҳуми «меъёр» маънои аниқ дорад ва метавонад маъноҳои «миёнаэҳсоиявӣ», «бо мушоҳидаи бисёрсола», «дар мактаби мо», «дар сатҳи талаботи қабулкунанда» ва амсоли инҳоро ҳам диҳад. Ташкил кардани тадқиқот нисбати ин нишондодҳо мураккаб нест: ба хонандагон пешниҳод кардан лозим аст, ки тестро иҷро кунанд ва ҳангоми ҷавоб вақтро дақиқ қайд намоянд. Шароити зарурӣ дар ин маврид пурқувват кардани далеловарӣ мебошад, яъне барои тез иҷрокунии кор кӯшиш кунанд, вале бехато бошад. Бо натиҷаҳои санҷиш ё иҷро кардани супориш рейтинги талабагон барқарор карда мешавад, валади онон дар рӯйхат зикр меёбад, тибқи нишондоди онҳо вақти (суръати) иҷрои супориш вусъат дода мешавад.
2. Суръати пешравӣ дар омӯзиш (Сп).
Ин нишондиҳанда як қадар пурра тавсифи омӯзандагиро медиҳад, азбаски омӯзиш хеле давраҳои тӯлониро фаро мегирад, бо он сифати таъсирасонӣ басо пурқувват мешавад. Ҳангоми истифодабарии нишондиҳандаи мазкур вақти пурраи азхудкунии қисм, фасли курс, тамоми фанни таълимӣ ба назар гирифта мешавад. Ифодаи аналитикии нишондиҳанда аз пештарааш фарқ намекунад:
Сп=Са/См. 100%,
ҷое, ки Сп – суръати пешравӣ; Са – суръати азхудкунии қисм (қисми курс, тамоми фанни таълимӣ) бо талабагони муайян; См – суръати меъёри вақти азхудкунии ҳамин ҳаҷми маводи таълимӣ, ки бо роҳи эксперт (мумайиз) бо ёрии ҳисобҳои назариявӣ барқароршуда.
Таҷриба мунтазам собит мекунад, ки он талабаи ҳаҷми дониши ба вай пешниҳодшударо зуд аз худ мекунад, вай дорои хеле баланди омӯзандагӣ. Барои ҳамин ҳам омӯзиши Сп ба миқдори баҳо нисбати имконпазирии омӯзандагӣ роҳ мекушояд. Ҳангоми амалан муайян кардани нишондиҳандаи Сп боз ҳам баҳри таъмини мақсади гузошташудаи омӯзиш зарур аст. Беалоқамандии он (ҳақиқӣ баҳо додани суръат, омӯзандагӣ, имконияти талабагон ва ғ.) мушкил аст.
Сарфа кардани вақт, тезонидани суръат, ҳатман омӯхтани на фақат мавзӯъҳои алоҳида, фаслҳо, ҳамчунин тамоми, чӣ тавре, ки мо дар педагогҳои ботаҷриба мушоҳида намудем, ноилшавӣ аз ҳисоби сафарбаркунии омӯзандагон, амалигардонии рағбатонӣ, ангезонидани баландбардории шиддатнокии фаҳмидагирии меҳнат бармеояд. Ҳамин тавр, талабагон на як бор, балки ҳама вақт ба сифати муқарраршудаи шахсият, ноил мегарданд, вале раванди ҳаракат, ки бо таъсири сабабҳои гуногун инкишоф меёбад, бо мақсад идора кардани он мумкин аст.
3. Суръати афзоиши натиҷаҳо (Са).
Ин нишондиҳанда тавсифи ҳаракати омӯзандагӣ ва моҳияти басо муҳим доштани фаҳмидагирӣ ва ҳисобу китоби фаврии тағйироти раванди таълимиро инъикос мекунад. Ин тағйирот хусусияти болоравӣ дошта, устуворкунӣ ё пастшавии натиҷаҳоро нишон медиҳад. Онҳоро бо баҳо мушобеҳ кардан мумкин нест, чунки охиринаш метавонад ноустувор бошад, дар дарсҳо тағйир ёбад. Тағйирёбӣ, ки гап дар бораи он меравад, хусусияти анъанавӣ дошта, пешравии ҳар омӯзандаро дар фаъолияти таълимгирӣ нишон медиҳад. Бояд қайд кард, ки анъана ин ба шароити омӯзандагон мушобеҳ карда мешавад. Аммо анъанаро чун одат яку якбора тасодуфан дигар кардан мумикн нест, онро бо оҳистагӣ ислоҳ бояд кард. Нишондиҳандаи афзоиши натиҷаҳо огоҳӣ медиҳад, ки раванд бо кадом суръат ҳаракат дорад ва худ чӣ хел майл ва хусусият мегирад.
Маънои тағйирдиҳӣ (афзалият, пастшавӣ) натиҷабахшии омӯзишро бо мисолҳо мекушоем. Бигзор бо муваффақият тести аввал 0,2 иҷро гардад, вале баъди он 0,9 мешавад. Нисбати натиҷаи аввалин дуюмаш афзалиятноку бо сураъти баланд натиҷа дод. Дар раванди омӯзиши «мӯътадил» ҷаҳиши аналогӣ хеле кам рӯй медиҳад, ҳамчунин пастшавӣ ҳам бо амри тасодуф чунин рӯй доданаш мумкин аст. Амали тағйирёбии суръати натиҷабахшӣ дар ҷараёни раванди омӯзиш лаппишёбии омӯзандагии талабагони алоҳида ё тамоми синфро муайян мекунад.
Нишондиҳандаи натиҷаҳои тағйирёбанда (Сн) муносибати комёбиҳои охиринро нисбат аз пештара ифода мекунад:
Сн=См/Ск.100%
дар ҷои Сн – суръати натиҷаҳои тағйирёбанда; См – суръати «минбаъда» зикрёфтаи нишондиҳандаи омӯзиш (дар фоиз, маънои дахлдор, баллҳо); Ск – суръати комёбшавии маънои нишондиҳанда (аз пештара) ё маънои миёнаи арифметикии сафи нищондиҳандаҳо зикр карда мешавад. Формулаи аниқи аналитикӣ аз он иборат аст, ки маънои охирин ва пештараи пешравӣ чӣ тавр шарҳ дода мешавад, вобаста аст.
Технологияи муайянкунандаи омӯзандагии талабагон нисбати суръати дидакткӣ осонтар кардани ҳалли бисёр масъалаҳоро тақозо мекунад. Пеш аз ҳама он барои синфҳои омӯзиши тафриқавии якхела (гурӯҳ, зергурӯҳ) истифода бурда мешавад. То ҳол барои мақсад чунин маъёрҳо гирифта мешуданд, ҳамчунин азхудкунӣ, дараҷаи тайёрӣ нисбати фанҳо, қисман қобилият ва майли талабагон, баъзе дигар аломатҳо. Вале ҳамаи онҳо дар омӯзандагӣ, ба фарқ кардани талабагон пайравӣ мекунанд: махсусан ин тавсифи ҳамгирокунӣ имконияти ҳар кадом талаба, роҳҳои такмили раванди шахсии ӯро бехато нишон медиҳад.
Мавзӯи пурра » Ташхиси омӯзиш