Санчиши комёбшави ва инкишоф.
Масъалаи ташхисонии санҷиш ҳоло ҳаллу фасли худро ёфтааст. Санҷиши омӯзандагӣ – ин маҷмӯи супоришҳо баҳри ҳолдоншавӣ аз сатҳи азхудкунии ҷанбаи (қисми) мазмуни муайяни омӯзиш аст.
Дар шароити имрӯза санҷишҳо бештар тавассути тестҳо бурда мешаванд. Қалимаи «тест» англисӣ буда, маънои «озмоиш», «санҷиш» – ро дорад. Тести омӯзандагӣ бо супоришҳои худ сатҳи донишгирии мактабиёнро муайян мекунад. Вақте, ки мо дар ин ҷо санҷиш мегӯем, онро санҷиши тестӣ (тестҳо) фаҳмидан лозим аст.
Дуруст ташкил кардани санҷӣши (тестии) омӯзандагӣ бояд ба якҷоягии талаботҳо ҷавобгӯ бошад. Онҳо бояд нисбатан кӯтоҳмуддати буда, яъне вақти зиёдро нагиранд; ҳаммаъно, яъне бидуни кашолдиҳӣ, таъбиркунӣ бошанд; дуруст, яъне истиснои имконияти тасвияти ҷавобҳои сермаъно бошанд; нисбатан кӯтоҳ, ки ҷавоби фишурда талаб мекунанд; ахборотӣ, яъне имкондиҳандаи таъмини мувофиқи миқдори баҳоҳои барои иҷрои санҷиши ботартиб ё ба тарзи ҷадвали ченкунии фосилаҳо бошад; қулай, яъне соз барои коркарди натиҷаҳои арифметикӣ; стандартӣ (якхелагӣ), яъне барои истифодабарии қулайии амалиёти васеъ – чекунии дараҷаи омӯзандагӣ ва имконпазирӣ барои бештари ҳайати васеи омӯзандагон ки хоҳиши ҳаҷман якхела дониширӣ дошта бошанд.
Санҷиши омӯзандагии мактаб – ин фақат як навъи санҷиши психологӣ ва педагогӣ барои ташхисонидани паҳлӯҳои гуногуни инкищоф ва ташаккулёбии сифати одамият, он ба тарзи зайл намоён мегардад:
- Санҷишҳои умумии қобилияти ақлӣ, инкишофи зеҳнӣ.
- Санҷишҳои махсуси қобилият дар соҳаҳои гуногуни фаъолият.
- Санҷишҳои омӯзандагӣ, азхудкунӣ, комёбиҳои академикӣ.
- Санҷишҳо барои муайян кардани сифатҳои алоҳидаи шахсият (хотира, тафаккур, хислат ва ғ).
- Санҷишҳо барои муайян кардани дараҷаи тарбиятнокӣ (ташаккулёбии умумиинсонӣ, ахлоқӣ, муносибати иҷтимоӣ ва диг. сифатҳо),
Истифодабарии ин ё он санҷӣш ҳамон вақт муфид ва таъмингари хулосаҳои боэътимод мегарданд, ки фақат дар шароити дуруст алоқамандии онҳо бо тамоми дигар гурӯҳҳои санҷиш нигоҳ дошта шавад. Барои ҳамин санҷиши тестӣ ҳама вақт хусусияти комплексӣ мегирад.
Хулосаи умумӣ баровардан, масалан, дар бораи сатҳи инкишофи омӯзандагон дар асоси истифодабарии фақат санҷиши омӯзандагӣ хатои нобахшанда мешуд. Вақте, ки омӯзиши ташхисӣ бо алоқамандии комёбиҳо ва инкишофи шахсият вазифа гузошта мешавад, бояд мутобиқи намудҳои вазифаи санҷиши тестӣ ва ба онҳо ҳамроҳ кардани нишондодҳои методикаи ченкунӣ, хусусияти маҳаллии ташхисониро бояд ба назар гирифт.
Ҳангоми коркарди санҷӣшҳо (тестҳо) муҳимаш муайян кардан лозим аст, ки чӣ қадар онҳо ба мақсади лоиҳашудаи омӯзиш, маълумот, инкишофи омӯзандагон мувофиқат мекунанд, меъёри муҳими ташхисонии санҷишҳо омӯзандагӣ, амалиёт (нишондиҳандагӣ), эътимодият (эҳтимолӣ, саҳехӣ), тафриқавӣ (фарқиятнокӣ) мебошад.
Таъсирбахшии санҷиш (тест) бо мазмуни худ ба талаботи пуррагӣ, ҳаматарафагии санҷиш, бо тасаввуроти мавзуният ҳамаи унсурҳои дониш, маҳоратҳои омӯхташаванда наздик аст. истилоҳи «таъсирбахшӣ» ҳамчун ақалият ду муродиф дорад – арзандагӣ ва нишондиҳандагӣ, босалобатӣ низ ҳамин маъноро дорост, ҳамчун намояндагӣ. Тартибдиҳандаи санҷиш бояд доим дар назар дошта бошад, ки ҳамаи қисматҳои барномаи таълимӣ, китобҳои дарсиро дақиқ омӯзад, мақсад ва вазифаҳои мушаххаси омӯзишро хуб донад. Фақат ҳамон вақт вай метавонад тестҳои санҷишӣ тартиб диҳад, ки онҳо барои категорияи омӯзандагони муайян амалӣ гардад.
Дақиқӣ ва фаҳмо будани саволҳои пешниҳшуда дар ҳудуди азхудкунии донишҳо – вазифаи умдаи санҷиш – тестҳост. Агар онҳо аз ҳудуди мазмуни азхудкарда берун бароянд ё ки ба онҳо пурра ҷавобгӯ нестанд, сатҳи лоиҳаи омӯзишро баланд набардоранд, ва барои он омӯзандагоне, ки равона карда шудааст, қобили амал шуда наметавонад.
Таъсирбахши санҷиш (тест) бо методи эҳсоиявӣ муайян карда мешавад. Бузургии 0,7 – 0,9 дар бораи таъсирбазшии баланд гувоҳӣ медиҳад. Агар коэффисиенти муносиб то 0,45 – 0,55 расад, он гоҳ таъсирбахшии тест қаноатбахш, агар аз он паст бошад, моҳиятан ғайриқаноатбахш дониста мешавад.
Дараҷаи умебахш бо хусусияти бардавомӣ ва устуворӣ, ҳангоми такроран ченкунӣ бо ёрии ҳамон тест ё ба он монанд муайян мегардад.
Саводона тартиб додани саволу супоришҳои санҷишии омӯзандагӣ имконияти ноилгардии коэффисиенти умедбахш то 0,9 афзоиш меёбад.
Муайян шудааст, ки ҳар қадар мавзӯъ ва мазмуни гуногуни супоришҳои санҷиш баланд шавад, ҳамон қадар эътимоднокии санҷиш паст мегардад. Ин чунин сабаб дорад: санҷише (тесте), ки ба азхудкунии мавзӯи аниқ равона карда шудааст, ҳамеша эътимоднок мешавад, агар санҷиш ҳамаи қисмҳо (курс), қисми зиёди маводро фаро гиад, қонунан натиҷа паст мегардад.
Эътимоднокии санҷиши омӯзандагӣ аз душвории иҷрои онҳо вобаста аст. душворӣ аз нодуруст муносибаткунӣ ва нодурустии ҷавобҳо муайян карда мешавад. Ба саволҳои санҷӣш ҳамин хел супоришҳо дохил карда мешаванд, ки ҳамаи талабагон ба онҳо ҷавоби дуруст, ё баръакс, ҷавоби нодуруст медиҳанд ва эътимоднокии санҷиш тез паст мешавад. Пештар қимати амалии супоришҳое, ки талабагон 45 – 80% дуруст ҷавоб медиҳанд, баланд аст.
Хусусияти тафриқавӣ (фарқият) ба истифодабарии санҷишҳое вобаста аст, ки дар онҳо аз байни чандин саволи алтернативӣ бояд ҷавоби дуруст интихоб кард. Агар, гӯем, ки ҳама талабагон бехато ба як савол ҷавоби дуруст ёбанд, онгоҳ ин гувоҳи комилан дурустии санҷишро ифода мекунад. Аммо онро ҳатман тафриқавӣ дигаргун кардан лозим аст, то ки ҳар ки мувофиқи дониши гирифтааш ҷавоб ёбад. Санҷишҳо амалан тибқи натиҷаҳои таҳлили эҳсоиявӣ, муқоисаи натиҷаҳои иҷрошудаи вазифаҳои алоҳида тафриқа карда мешаванд. Агар коэффисиенти байни ҷавобҳои мушаххаси вазифаҳо ва санҷиш бешатр аз 0,5 – ро ташкил кунад, ин комилан аз мутобиқаткунии тафриқа гувоҳӣ медиҳад.
Ба ғайр аз дида баромадани меъёр ва нишондиҳанда таъсирбахшии санҷиш низ истифода бурда мешавад. Санҷиш дар шароитҳои якхела ба миқдори зиёди ҷавобҳо дар ягонагии воҳиди вақт бештар муфидона ҳисоб меёбад. Мсалан, дар 10 дақиқа бо талабгон зимни методҳои гуногуни санҷиш (тестҳо) аз 5 то 10 ҷавоб гирифтан мумкин аст.
Вақти тайёрии мавод барои санҷиш назорат ба қоидаҳои зерин эътибор додан зарур аст:
- Ба санҷиш ҷавобҳое, ки ба талабагон баррасӣ нашудааст, дохил кардан мумкин нест.
- Ҷавобҳои нодуруст бояд дар асоси хатоҳои типикӣ тартиб дода шавад.
- Ҷавобҳои дуруст дар байни ҳамаи ҷавобҳои пешниҳодшуда бояд ба тартиби тасодуфӣ ҷой дода шавад.
- Саволҳо набояд такрори тасвияти китоби дарсӣ бошанд.
- Ҷавобҳои як савол набояд ба дигараш такрор гардад.
- Саволҳо набояд маънои «домро» дошта бошанд.
Санҷишҳои омӯзандагӣ дар ҳамаи марҳалаҳои раванди дидактикӣ истифдоа бурда мешаванд. Бо мадади онҳо самарабахшии назорати тахминӣ, ҷорӣ, мавзӯӣ ва ҷамъбастии дониш, маҳорат, ҳисоби азхудкунӣ, комёбиҳои академикӣ таъмин карда мешавад.
Назорати тахминӣ. Барои кори омӯзиши ҳар мавзӯъ (қисм ё курс) дар муайян кардани дараҷаи азхудкунии он мафҳумҳо, истилоҳот, қоидаҳо ва ғ., ки дар марҳалаҳои гуногун пештар омӯзонида шудаанд, вобаста аст. агар дар ин бора педагог ахборот надошта бошад, он гоҳ вай аз лоиҳасозӣ ва идоракунии раванди таълим, интихоби вариантҳои он маҳрум аст. Педагог ахбороти заруриро аз пропедевтивии ташхисонӣ истифода мебарад, ки бештар ба педагог ҳамчун назорати тахминии дониш маълум аст. Охиринаш барои зикр кардани дараҷаи аввали омӯзандагӣ зарур аст. Муқоисаи аввали дараҷаи омӯзандагӣ бо комёбиҳои охирин имконияти ченкунии рушди дониш, сатҳи ташаккулёбии маҳорат ва малакаҳо, таҳлили ҳаракат ва самарабахшии раванди дидактикӣ, инчунин баровардани хулосаҳои беғаразона нисбати «ҳиссаи» педагог дар омӯзандагии талабагон, самарабахшии меҳнати педагог, моҳирона баҳо додани ӯ имконият медиҳад. Агар хусусияти аввалини система маълум шавад, масъалаи муфидонагии он аз бисёр ҷиҳат ҳалёфта пиндошта мешавад.
Ғун кардани ахборот дар ҳаҷми зиёд нисбати хусусияти ибтидои омӯзандагӣ ва бахо додани онҳо дар нишондодҳои миқдорӣ ба туфайли санҷиши тестӣ имконпазир мегардад.
Назорати ҷорӣ. Он барои ташхисонидани равиши ҷараёни дидактикӣ, зоҳир намудани ҳаракати охирин, таққос кардани дастовардҳои ҳақиқӣ дар давраҳои алоҳидаи натиҷагирӣ бо лоиҳасозӣ. Ғайри вазифаи ташхисонӣ назорати ҷорӣ ва баҳисобгирии дониш, маҳорат меҳнати таълимии талабагонро ҳавасманд мегардонад, барои дар вақташ камбудиҳои содирнамудаи азхудкунии маводи таълимиро нишон медиҳад ва баҳри бартарафкунии камбудиҳо чораҳо меандешад.
Одатан назорати ҷорӣ ба воситаи пурсиши шифоҳӣ сурат мегирад, ки он ҳамавақт такомулот ёфта меистад: педагогҳо чунин шаклро васеъ истифода мебаранд. Ҳамчун гуфтугӯи ҷабҳавӣ, истифодаи карточкаҳо, комбинатсия, магнитафон ва ғ. Он асосан унсурҳои муҳими 2 – 3 мавзӯи гузаштаи охиринро дар бар мегирад. Давомнокии санҷиш 10 – 12 дақиқааст. Баъзе педагогҳо пешниҳод мекунанд, ки гузаронидани чунин санҷиш баъди ду дарс дар дарси сеюм бурда шавад, вале ҳамаи хусусиятҳои мушаххас ва талаботҳо дар натиҷаи санҷиш муайян мегардад. Бинобар ин баъди анҷомёбии ҳар дарс албатта таҳлил бояд кард, то ки шогирдон хатоҳои содир кардаашонро пай баранд ва сари вақт ислоҳ намоянд. Барои тезонидани таҳлил аз тестҳои беҳтарин истифода бурдан лозим аст. Агар назорати ҷорӣ бо ёрии сохти автоматиконидашуда (МЭҲ, тренажорҳо, перфокарта ва ғ.) бурда шаванд, он гоҳ ҳатман ба пешгирӣ кардани ҷавобҳои нодурусти талабгон эътибори ҷиддӣ бояд дод.
Назорати мавзӯӣ. Тартиб додани вазифаҳои мавзӯии санҷиш меҳнати зиёди дақиқӣ ва эҷодкориро талаб мекунад. Зеро гап нафақат дар бораи санҷиши азхудкунии аносири алоҳида, балки нисбати фаҳмидани системаҳое, ки ин унсурҳоро фароҳам мегиранд, меравад. Дар ҳалли ин масъала нақши муҳимро вазифаҳои синтетикӣ ва комплексӣ, ки мафҳумҳои алоҳидаи мавзӯъро якҷоя ҳал мекунанд ва барои зоҳир намудани алоқаи байни ахборотҳоро таъмин менамоянд, мебозанд. Барои назорати санҷиши мавзӯӣ беҳтараш истифода бурдани супоришҳои тайёри санҷиш, ки аз ҷониби кордонҳои педагогӣ таҳия шудаанд, хеле қулай мебошад.
Назорати ҷамъбастӣ. Ин назорат ҳангоми такрори ҷамъбастӣ дар охирҳои чорякҳо, соли хониш ва ҷараёни санҷиши имтиҳонҳо бурда мешавад. Дар ин марҳалаҳо махсусан маводи таълимии раванди дидактикӣ ба системакунӣ ва ҷамъбастнамоӣ мегузарад. Дар ин давраҳо барои омӯзандагӣ аз санҷишҳои (тестҳои) самарабахшиаш баланди намунавӣ истифода бурда мешавад. Дар таҷрибаи мактабӣ вариантҳои гуногуни санҷиши омӯзандагии ҷамъбастӣ дида мешавад. Аз онҳо санҷиши карточкавии имтиҳонии хатмкунандагон (дохилшавандагон) бо мадади воситаҳои техникӣ ба хотири тезондани рафти санҷиш хеле муфид баромаданд.
Талаботи асосӣ ба ҷамъбасти санҷӣш супориш якто. Онҳо бояд дар сатҳи стандарти миллии маълумот мувофиқат кунанд. Густаришҳоро бештар технологияи ҷамъбастии санҷишҳо бо дастгирию истифодабарии компютерҳо ва барномаи тахассусӣ таъмин мекунад. Барномаи компютерӣ «Ордана» барои санҷиши курси мо технологияи намунавӣ мебошад.
Барои дастгирии техникии санҷӣш аз воситахои махсус истифода бурда мешавад, ки онҳо ба ду гурӯҳи калон тақсим мешаванд. Ба якумаш сохти мувофиқшуда ба санҷиши инфиродӣ – пефокарточкаҳои гуногуннамуд, варақаи баҳисобгирӣ ва ғайра. Ба гурӯҳи дуюм воситахои назорат, гурӯҳӣ – синфҳои автоматиконидашуда (контролӣ – омӯзандагони контролӣ), ки омӯзиши барномашударо иҷро мекунанд. Махсусан якҷоягии идоракунии раванди фаҳмидагирӣ ва системакунонии санҷиши омӯзандагӣ (таъмини фаврии алоқаи бозгашт) ва ба меъёри асосӣ баландшавии сифати раванди дидактикиро таъмин мекунад. Компютерҳои зудтаъсиррасони замонавӣ имконияти такомулоти муносибати ташхисонии санҷишро амалӣ мегардонанд.
Санҷишҳои омӯзандагӣ бештар оммавӣ шуда истодаанд. Ҳоло пурсиши кӯтоҳмуддати тамоми талабагон дар ҳард дарс бо ёрии тестҳоро қариб ҳамаи педагогҳо истифода мебаранд. Афзалияти чунин санҷиш дар он дида мешавад, ки дар як вақт тамоми синф бо кори сермаҳсул мепардозад ва дар якчанд дақиқа метавон натиҷаи омӯзандагии талабагонро гирифт. Ҳангоми санҷиш пеш аз ҳама, камбудиҳои дониш муайян карда мешаванд, ки ин барои муфидона кор кардан ва худомӯзии талабагон хеле муҳим аст. Корҳои фардӣ ва тафриқавӣ бо шогирдон нисбати бартарафкунии камбудиҳои ҷойдошта аҳамияти муҳим доранд.
Табиист, ки ҳамаи он чизи зарурии омӯзандагиро тавассути санҷиш ҳаллу фасл кардан мумкин нест. Чунончи, нишондиҳандаи маҳоратро, барои ҷавоби аниқи худ мисолҳо, далелҳо овардан, маҳорати алоқамандгардонии падидаҳои педагогӣ, мантиқан исбот намудани дониши гирифта ва маҳорату малкаҳоро бо санҷиш (тестҳо) ташхисонидан имкон надорад. Ба ин маъно, ки чунин санҷиш албатта ба дигар шаклҳо (анъанавӣ) ва методҳои санҷиш алоқамандӣ дорад. Он педагогҳо дуруст амал мекунанд, ки санҷиши хаттӣ гирифта истода ба талабагон имконияти шифоҳӣ баёнкунӣ медиҳанд.
Мавзӯи пурра » Ташхиси омӯзиш