Мазмуни тарбияи ахлоқии мактабиён

Мазмуни тарбияи ахлокии мактабиён. Ахлоқи боэътимод. Тарбия ҳарбӣ – ватандӯстӣ. Тарбияи ҷинсӣ. Одатҳои ахлоқӣ. Ахлоки боэътимод. Тарбия харби – ватандусти. Тарбияи чинси. Одатхои ахлоки.


Мазмуни ахлоқро муносибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва базиси иқтисодӣ муайян мекунад. Баробари тағйир ёфтани базис тасаввуроти одамон дар бораи адолат, некӣ ва бадӣ ҳам тағйир меёбад. Агар норма ва принсипҳои ахлоқ ба ҷиҳатҳои асосии рафтори ботинии шахсият гузориш ёбад ва шаклҳои одати ӯро муайян кунад, онгоҳ онҳо ба сифати шахсият табдил мегарданд. Аз ин рӯ дар назди мактаб мақсад гузошта шудааст, ки ба дастпарварони худ мувофиқи мазмуни тарбияи ахлоқ чунин сифатҳои мақбули ахлоқиро ташаккул диҳад: ғояҳои эътиқоди ахлоқӣ, ватандӯстӣ, байналмилалӣ, виҷдонан муносибаткунӣ ба меҳнат, муносибати эҳтиёткунӣ ва сарфакорӣ ба дастовардҳои шахсӣ ва умуминсонӣ, ҳифзи табат, тарбия дар рӯҳияи коллективизм, интизоми бошуурона, рафтори маданӣ адлу инсоф, тарбияи ҷинсӣ ва ғ. Ҳамаи ин сифатҳои ахлоқӣ бояд дар заминаи демократӣ комплексона пардохта шавад.

Демократияи мактабиён зимни фаъолиятҳои гуногуни худидоракунӣ ва ташаббускории талабагон бояд ба тариқи зайл сурат гирад: интихоби фаъолони синф ва мактаб, ошкорбаёнӣ, ростқавлӣ, танқиди холисона ва дӯстона нисбати зоҳиршавии камбудиҳо, ҳисоботдиҳӣ дар ҳузури коллектив роҷеъ ба анҷоми супоришҳо, риояи қатъӣ ба Қоидаҳо барои хонандагон ва ғайра. Ҳамаи ин фаъолиятҳо принсипи демократизми мактабро устувор мегардонад.

Демократизми мактаббачагон дар шакли коллективизм ташаккул меёбад. Дар шароити бо роҳи демократӣ интихоб кардани роҳбарон фаъолияти онҳо назорат карда мешавад ва ин моҳияти дар рӯҳияи демократӣ тарбияёбии онҳоро боз ҳам баланд мебардорад. Коллектив ҳам дар навбати худ барои ривоҷу равнақи қобилияти шахсии ҳар узви худ ғамхорӣ мекунад. Талабагон ҳам ба коллектив бояд итминон дошта бошанд ва онро бо тамоми қувва дастгирӣ намоянд, ки ин яке аз шартҳои муҳими ҳаётии мактабиён ба шумор меравад. Дар коллектив ҷамъи ақлҳои солим амал мекунад ва он намегузорад, ки ягон узви ӯ аз чорчӯбаи муқаррароти қабулгардидаи ахлоқ берун барояд, бо ҳар васила ӯро тарбия мекунад.

Норма (меъёр) ва аломатҳои тарбияи ахлоқи шахсият аз инҳо иборат аст: фаъол будан, хизмати беғаразона баҳри идеали демократӣ дар меҳнати омӯзиш, корҳои ҷамъиятӣ ва рафтори мадании худ, мунтазам ғанӣ гардонидани тарбияи ахлоқ, ақоид, эътиқод, одатҳои солим, обутоб додани ҷисм ва ғайра.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Тарбияи ахлоқи мактабиён ҳоло натанҳо тавассути фанҳои марбут (хониш, забони модарӣ, таърихи дин, одоби оиладорӣ, инсон ва ҳуқуқ, таърихи умумӣ, инсон ва ҷомеа, табиатшиносӣ ва ғ.), инчунин дар тамоми ҷараёни корҳои тарбиявӣ сурат мегирад.

Донистани нормаҳои ахлоқ барои шуурона фаъолият кардани шогирдон имконяит медиҳад ва мо онҳоро ба тариқи зайл тавзеҳ медиҳем.

Ахлоқи боэътимод

Ахлоқи боэътимод. Дар муносибатҳои иҷтимоии шахсият ахлоқи боэътимод нақши муҳим мебозад. Эътиқод ин инъикоси субъективии воқеияти объективӣ, натиҷаҳои азхудкунии таҷрибаҳои иҷтимоӣ – таърихист. Одамон донишҳои дар тӯли таърих, дар ҷараёни инкишофи таҷрибаҳои ҷамъиятӣ ғуншударо меомӯзанд. Дониш қисмати шуурнокии фард ва хиради шахсият аст. Эътиқод бошад, ин натиҷаҳои дониши ба ботин гузаштаи ӯст.

Ахлоқи шуурона, дар кадом савияе набошад, ҳамеша натиҷаҳои муайяни арзандаи худро дорад ва он як хели дониш аст. Ин ҷо гап дар бораи донишҳои шахсии нормаҳои ахлоқ, қоида, принсипҳои ҷамъиятӣ меравад. Дар асоси донишҳои ахлоқ дар раванди фаъолияти амалӣ ба шахс эътиқоди ахлоқӣ ҳамчун водоркунии бевосита ташаккул меёбад ва донишҳои ахлоқӣ ба амали ахлоқӣ мегузаранд.

Аммо донишҳои этикӣ барои рафторҳои ахлоқ фақат замина мегузоранд. Чунки дар асоси инкишофи ахлоқи шахсият ташаккули таҷрибаҳои ахлоқии он ниҳон аст. Бояд дар назар дошт, ки ин ҷо на ҳамаи таҷрибаи ахлоқии рафтори одам, балки, пеш аз ҳама, он амалиёти ахлоқӣ, ки барои ӯ аҳамияти муайян дорад ва зарурати зеҳнӣ ва эҳсосотиро ба миён меорад, синтез карда мешавад.

Ташаккули таҷрибаи ахлоқ ба тарбияи ҳисси маданӣ ҳамроҳи мекунад. Одами маданӣ ҳамеша рафтори оқилона дорад.

Мазмуни асосии тарбияи ахлоқиро ҳисси чуқури ватандӯстӣ ва байналмилалӣ ташкил мекунад. Ватандӯстӣ ва дӯстии халқҳо ин эҳсосоти баланди инсонӣ, қисмати ҷаҳонбинӣ ва муносибати шахсият нисбати кишвари азиз, нисбати башардӯстӣ мебошад.

Ватандӯстӣ аслан аз зодгоҳ оғоз мегирад, зеро инсони комил пораи Ватан, зодгоҳи азазишро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад ва меарзад ки бигӯем:

Зодгоҳ беназир аст бо маъвою иқлими софаш,
Бо он чакидаҳои хуни мубароки нофаш,
З – ҷунбиши гаҳвораи тифливу лафзи модарӣ,
Сарчашма ёбад Ватан бо ин нахҳои зарбофаш.

Ғояи ватандӯстии мардуми мо аз замонҳи қадим арзи вуҷуд мекунад, ки инро мо дар эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик бараъло дида метавонем. «Қурбони ватан бош, ки қурбонат шаванд» – мегӯяд мақоли мардумӣ. Оре, ватан муқаддас аст. дар гузашта ҳам фарзандони сарзамини мо бо ёди ватан зиндагӣ мекарданд, бо ёди ватан ҷон қурбон менамуданд. Дар очерки таърихии устод С. Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» омодааст, ки дар миёнбанди Темурмалик халтачае пайдо карданд, ки дар вай як каф хок ва хатчае буд. Дар хат ин гуфтаҳо сабт шуда буданд: «Эй он ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхоҳи одамон ва ватандӯст бошӣ, маро бо ин як каф хок гӯрон, ки ин ёдгории ватани азизи ман аст!». Дар охири хат ин байт ҳам оварда шудааст:

Атри кафан зи хоки ватан кардам орзу,
Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок!

Ҳамзамонони мо ҳам аз мусофират ба ватан бар гашта, аз ҳадди шодиву сурур ашки шодӣ мерезанд, хоки ватанро тӯтиё мекунанд, замини азиз мебӯсанд чун устод Мирзо Турсунзода:

Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан,
Борҳо бӯсидам аз рухсораи поки Ватан.

Шахс маҳз зимни тарбия ватандӯсту инсонпарвар мегардад. Биноан кӯдакони диёр чунон бояд тарбия ёбанд, ки онон нафақат зодгоҳ, кишвар ва мардуми диёри хеш, ҳамчунин тамоми сайёра ва мардуми онро қадр намоянд.

Ватан обод бо мардумаш, диёрро бидуни одамони гуногунмиллат тасаввур кардан мумкин нест. Ҳар шаҳрванди кишвар хоҳ зодаи сарзамин, хоҳ ташрифоварда баҳри обу ободонии манзилу диёр ҳиссагузор аст.

Ғояи ватандӯстӣ ва дӯстии халқҳо аз бисёр ҷиҳат ба донистани таърихи кишвар ва мардуми он вобаста аст. Нафақат донистани таърихи кишвар ва мардуми кишвари худ, инчунин таърихи дигар мамолик ва забонҳои мардуми онҳо низ лозим аст.

Яке аз намудҳои тарбияи ахлоқ ин ба меҳнат софдилона муносибат кардан аст. Хусусиятҳои ахлоқӣ, одамон, тамоили тамоми фаъолияти зиндагии одамро муайян мекунад, чунки меҳнат – асоси зиндагӣ, бе меҳнати ҳалол ва маҳсули он ҳаётро тасаввур кардан нашояд. Охир, кӯдаконро ҳанӯз дар айёми хурдсолӣ ба меҳнати коллективонаи ҳаддалимкон, инчунин меҳнати гарони омӯзиш ҳавасманд кардан қимати ахлоқиии калон дорад. Онҳо бояд ба неъматҳои меҳнатӣ, хоҳ шахсианду хоҳ ҷамъиятӣ сипосгузор, қадршинос, эҳтиёткор ва сарфакор бошанд, ба исрофкорию ношукрӣ роҳ надиҳанд.

Ҳифзи табиат – муҳити зист ҳам яке аз вазифаҳои умдаи ахлоқии кӯдакон ба шумор меравад. Ба поймол кардани зироат, шикастани буттаву дарахтон, ифлос намудани обу ҳаво, ба зараррасонии паррандаҳо, моҳиён ва ҳайвонот роҳ надодан, шаъну шарафи инсонии онҳост. Зеро ҳамаи ин рукни ҳаёт аст.

Тарбия харби – ватандусти

Тарбия ҳарбӣ – ватандӯстӣ. Тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии талабагони мактаби ибтидоӣ ҳанӯз аз муҳити оила ва кӯдакистон ибтидо мегирад. Лозим ба ёдоварист, ки кӯдакон ҳанӯз дар синни томактабӣ фуражкаи низомиёнро ба сар пӯшида, чун ҳарбиён қадам задан, даст ба пешонӣ бурда салом кардану рапорт доданро хуш донанд, ки ин тақлид аст.

Дар синфҳои ибтидоӣ ҳам нисбати тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ тасаввуроти умумии ибтидоӣ ҳосил кунонидан ба маврид мебошад. Воқеан, ба қавли шоир, орзуи деринаи кӯдакон калон шудан, қаҳрамон шудан, дар ватани худ посбон шудан аст. Пас бигзор онҳо аз айёми кӯдакӣ то тадриси фанни «Омодагии дифоъӣ» (синфҳои Ҷ – ҶI) қарзи дифои модар – ватанро дарк кунанд, дар ҳамин рӯҳияи мардонагиву шуҷоат камолот ёбанд ва оянда бо сарбаландӣ қарзи фарзандии халқу ватани азизро ба ҷо оранд.

Тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ – қисми муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва байналмилалӣ аст. Асоси ин намуди тарбия дар мактаб тайёрии ибтидоии талабагон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар сурат мегирад. Албатта, кишваре, ки артиши миллӣ надорад, боғи бепосбонро мемонад.

Мазмуни тарбияи ибтидоии ҳарбию ватандӯстӣ, қабл аз ҳама, фаҳмондани қоидаҳои Қонуни асосии давлат нисбати муқаддас будани хизмати халқу ватан, дифоъи сарватҳои миллӣ, сарҳад, марзи модар – ватан, муаррифӣ бо ҳаёти сарбозону сардоронро фаро мегирад. Ҷиҳати муҳими ин намуди тарбияи ҳавасмандгардонӣ ба сафи низомиён дохилшавӣ ба омӯзишгоҳи ҳарбӣ ва коллеҷи олии ҳарбии Тоҷикистон ишғол мекунад. Ҷиҳати муҳими дигари тайёрии ибтидоии ҳарбии мактаббачагон ин омӯхтани машқҳои гуногуни обутобдиҳии ҷисм, донистани силоҳҳои оташфишон, воситаҳои муҳофизатии зидди атомӣ, зидди кимиёвӣ, шиносоӣ бо машқҳои тактикӣ мебошад.

Барои ташаккул додани маҳорату малакаҳои корҳои сарбозӣ робитаи мактаб бо қисмҳои ҳарбӣ, сарҳадчиёни шуҷоъ, ветеранҳои ҷанг ва ёрии онон барои ташкил кардани маҳфилҳо оиди омӯхтани техникаи замонавии ҳарбӣ, гузаронидани вохӯриҳо бо сарбозон, мусобиқаҳои ҳарбию спортӣ ва ғайраҳо аҳамияти калон дорад.

Тарбияи чинси

Тарбияи ҷинсӣ – қисми муҳими таркибии тарбияи ахлоқӣ, меҳнатӣ, ҷисмонӣ ва ҳифзиссиҳа (чорабиниҳои тиббӣ) мебошад. Ин намуди тарбияро ҳам чӣ дар оила ва чӣ дар мактаб бо ҳар васила ва мулоҳизаҳо ҳаргиз пас гузоштан мумкин нест, зеро ин барои рафтори ҳамида ва ҳаёти ояндаи бенуқси оиладорӣ бағоят зарур аст. Тарбияи ҷинсӣ ҳам хеле бармаҳал, ҳатто аз рӯзи тавлиди кӯдакон оғоз мегирад. Тифли навзодро момоҳои рӯзгордидаи мо мувофиқи анънаҳои миллӣ бо оби ширгарми намаку гилин се – чор маротиба оббозӣ медоронанд, то ки пӯсти баданаш мустаҳкам гардад. Минбаъд ҳар рӯз бо оби ширгарми муқаррарӣ ду – се бор шустани узвҳои таносули тифлакон мувофиқи талаботи ҳифзиссиҳа аст. Лозим ба ёдоварист, ки дар оила волидайн бояд хонаи хоби кӯдаконро аз чор – панҷсолагӣ ҷудо кунанд.

Дар мактаб аз синфҳои ибтидоӣ сар карда ба якҷоя нишастани писару духтарон дар як парта одат кунонидан, якҷоя дарс тайёр кардан, саёҳат намудан, дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок доштан онҳоро аз бармаҳал бедоршавии ҳирси ҷинсӣ боз медорад. Айёми ба балоғатрасӣ тарбияи ҷинсӣ эътибори хоса тақозо мекунад. Дар ин лаҳза, ҳатто каме пештар, роҷеъ ба рӯйдодҳои таҳаввули анатомӣ – физиологӣ ва табиӣ ба наврасон моҳирона фаҳмондан шарт аст, то ки онҳо аз тасодуфҳои ҷинсӣ ба воҳима наафтанд. Ин ҷо нақши волидайн, муаллимон ва духтури мактаб калон аст. Бояд модар духтарро аз ҳайзбинӣ, падар писарро аз эҳтилому нигаҳдории нафси шаҳвонӣ огоҳ кунад. Дар мактаб илова ба омӯзиши фанҳои марбут ва «Одоби оиладорӣ» – и синфи VIII, ҳафтае як соатӣ пешбинӣ шудааст, муаллимону духтурон нисбати риояи ҳифзиссиҳаи ҷинсӣ, касалиҳои узвҳои таносул сӯҳбату маслиҳатҳои алоҳида – алоида гузаронанд.

Дар синфҳои болоӣ байни писарону духтарон муносибати дӯстиву рафоқат устувор гашта, баъзан он рафта – рафта ба ишқи самимӣ табдил меёбад, ки ин табиист. Мутаассифона, зумрае аз волидон ва муаллимон «Матаб ҷои ошиқон нест» – гӯён садди роҳи эҳсосоти баланди онон мешаванд. Ҳол он ки ба ишқи самимию аввалини онҳо рахна задан маънӣ надорад. Ин миёни ҳаёти ду ҷавонро шикастан, гирифтори ҳодисаҳои нохуш кардан асту бас.

Дар чунин ҳолат муаллим бояд писару духтарро ба хотири ишқи пок алайҳи рафтори зишт – бешарафӣ, булҳавасӣ, донишандӯзӣ, вафодорӣ, поктиннатӣ, қавииродагиро муқобил гузорад, ба покдоманӣ ҳидоят намояд, то ки ба шаъни одаму одамгарӣ доғ наоранд, ба муҳаббати ҳамдигар сазовор бошанд.

Дар ҳузури ноболиғон, ҷавонон ҳар гуна гапҳои фачу лач, латифаҳои аз одоб берун, дашномҳои қабеҳ, намоиши филмҳои фаҳшу суратҳои бараҳна нишон додан бархилофи тарбияи ҷинсӣ аст. Мутолиаи китобҳои ба синну солашон номувофиқ ҳам манъ аст, чунки ҳамаи ин бемаврид буда, ҳисси ҷинсии онҳоро бармаҳал бедор мекунад.

Педагогика ва психология барои бармаҳал бедор нашудани ҳисси ҷинсии ноболиғон танзими дурусти низоми меҳнати ҳамарӯза, шуғли мунтазами варзишро тавсия медиҳанд. Зеро шуғли муфид ҷисму рӯҳи онҳоро бардам нигоҳ дошта, аз ҳар гуна рафторҳои зишт: тамокукашӣ, машруботнӯшӣ, нашъамандӣ, бадахлоқӣ нигоҳ медорад, ба камолоти мӯътадилии онҳо мадад мерасонад.

Воқеан, агар кӯдакон ва наврасон ба роҳи нодуруст майл ёбанд ва ба рафторҳои зишт одат кунанд, ислоҳи онҳо басо душвор аст, чунки «Тарки одат – амри маҳол» – гуфтаанд.

Мутаассифона, иддаи ноболиғон аз боиси беназоратӣ ва бепарасторӣ аз доираи ахлоқ берун монда, ба сигаракашӣ, майнӯшӣ, нашъамандӣ ва дигар корҳои ношоям майл медиҳанд, ки ин ба ғайр аз худситамкунӣ, хубзабунсозӣ, худношиносӣ чизи дигаре нест. Агар ин кирдорҳои зишт зуд ҷилавгирӣ карда нашаванд, ба одат табдил меёбанд ва солиёни сол, ҳатто баъзеҳо аз он умрбод халосӣ намеёбанд. Ин гуна одамон, ки нисбат ба худ дар бераҳмӣ устухон сахт кардаанд, ба ҳодисаҳои нохуш: вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ, ғоратгарӣ, бешарафӣ низ даст мезананд ва барилова зомини наслҳои носолиму ногирои худ мешаванд.

Барои он ки нохушиҳои зикрёфта рух надиҳад, дар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ва оила заррае суст накардани тарбияи ҷинсӣ зарур аст. Дуруст ба роҳ мондани корҳои таълимию тарбиявӣ ва шаҳватшиносӣ гарави хуши ҳаёти оиладорӣ, устувории ақти никоҳ ва наслҳои солими оянда аст.

Одатхои ахлоки

Одатҳои ахлоқӣ. Одат амал ва ё рафтори устувори одам, ки ба он омӯхта шудааст. Дигар хел карда гӯем, одат – малакаи автоматишудаи рафтори ашхос аст. Одатҳои ахлоқӣ дар системаи тарбияи ахлоқ мақоми хоса доранд. Одатҳо ҳамида ва зишт мешаванд. Дар хонандагон одатҳои хубро ташаккул додан мақсади умдаи тарбияи ахлоқ аст. Дар синфҳои ибтидоӣ қабл аз ҳама, талаботҳои «Қоидаҳо барои хонандагон» – ро ба одати ҳамарӯзаи шогирдон табдил додан аҳамияти калон дорад. Дигар ин ки барои тақвият додани одатҳои муфид, анъанаҳои синф, худтарбиякунӣ, намунаи ибрат будани калонсолон, фаъолон, муаллимон, волидон таъсири мусбӣ мерасонанд.

Одатҳои зишт, чӣ тавре, ки дар боло зикр намудем, аз беназоратӣ ва сустии корҳои тарбияи мактаб сар мезанад. Бинобар ин тамоми саъю кӯшишро ба он бояд равона кард, ки ба ахлоқи шогирдон одатҳои бад роҳ наёбанд ва «Дили одаткарда – балои ҷон» нагардад.

Интизоми бошуурона

Интизоми бошуурона. Интизом – тартиб ва низом, нормаҳои ахлоқи рафтори ҷамъиятӣ ва шахсии ашхосро гӯянд. Одаме, ки сифатҳои ахлоқиро дорост, ба қоидаҳо ва нормаҳои рафтори қабулкардаи умум дар ҳамаҷо ва дар ҳама кор риоя мекунад ва дар ҳолати вайрон кардани онҳо, агарчи беихтиёр рӯй додааст, аз паи ислоҳи он хатоҳо мешавад, то шаъни одамгариаш коста нагардад.

Интизоми мактаб асоси интизоми ахлоқии пешқадами умумиҷамъиятиро инъикос дорад, ки он аз интизоми меҳнат, таълими коллективӣ, муҳофизати моликияти хусусӣ ва ҷамъиятӣ, таҳқир накардани шахсияти одамонро фаро мегирад. Ҳамаи ин зимни шуурона рафторкунӣ бояд сурат гирад. Нишондодҳои дараҷаи интизомнокии бошууронаи мактабиён дар дохили мактаб, берун аз он, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар рафтори шахсӣ тибқи худназоратӣ, мубориза бо беинтизомии дигарон ва вайронкунандагони он муайян карда мешавад. Нишонаҳои беиродагӣ ва беинтизомӣ: коҳилӣ, дурӯғгӯӣ, гарданшахӣ, беҷуръатӣ, дудилагӣ,чоплӯсӣ, бахилӣ, суханчинӣ (хабаркашӣ), беташаббусӣ ва амсоли инҳо.

Ислоҳи нишонаҳои беинтизомӣ аз қадами аввалини ба мактаб шомилшавии кӯдакон оғоз меёбад, ки нисбати ислоҳи бархе аз онҳо мо дар аввали ҳамин мавзӯъ ва мавзӯъоти пешин маълумот дода будем. Тарбияи интизоми бошууронаи талабагонро худтарбиякунӣ ва азнавтарбиякунӣ тақвият медиҳад.

Барилова таъкид мекунем, ки ҳар кас неку бад кунад ба худ кунад, зеро неку бад чун косаи давр чархзанон аст.


Мавзӯи пурра >> Тарбияи ахлоқӣ ва интизоми бошуурона

ҚаблӣМаълумоти умумӣ дар бораи тарбияи ахлоқ ва вазифаҳои он
БаъдӣШакл ва методҳои тарбияи ахлоқӣ