Шеър барои Дуст

Кист он бе аниси танҳо, кист?
Зинда бе дӯст хеҷ натвон зист.
Ҳар киро ёру дӯст бисёр аст,
Ҳар кадомаш муносиб ёр аст.
Ҳар якеро чу гавҳари чашмон,
Ҳамчу лахти ҷигар, чу риштаи ҷон.
Хоси он зеби он мақоме ҳаст,
Иззату ному эҳтироме ҳаст.
Лек дар он миён назарногир,
Дӯсте ҳаст хоксору фақир.
Саҳлу боқадр ончунон аст он,
Обу нон гӯӣ, обу нон аст он.
Дар бари туст, ту аз он серӣ,
Гаҳ варо дар назар намегирӣ.
Лек аз он ҷудо шавӣ нафасе,
Ҷои дигар равӣ, ягона касе,
Ки ба ёдат биёяд аз ҳама зуд,
Ҷош холӣ бубинӣ дар бари худ
Дӯстон, дӯстон, ҳамон аст он,
Дар ҳақиқат, чу обу нон аст он.

Аз эҷодиёти Ғаффор Мирзо

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣҒаффор Мирзо (1929-2006)
БаъдӣИбтидои достони «Тоҷу давлат»