Дар ин мақола маълумот дар бораи Абуали ибни Сино оварда мешавад. Сараввал хикояе оварда шуда, дар охир зиндагиномаи Абуали Ибни Сино оварда мешавад.

Имрӯз бикун чу метавонӣ коре,
Фардо чӣ кунӣ чу натвонӣ кардан.
Нуҳ бинни Мансури Сомонӣ сахт бемор гардид. Дар муолиҷаи ӯ табибон ноилоҷ монданд. Ҳарҷанд саъю кӯшиш намуданд, бемор шифо намеёфт. Пас аз ҳар гушаю канори кишвар ва ҳатто мамлакатҳои дигар табибони номдорро даъват карданд, вале коре буд беҳуда, Нуҳ чашм накушод ва беҳ нагардид. Дар ҳамин вақту соат ба аҳли дарбор ба хешу ақрабои Нуҳ мужда расид, ки дар Бухоро ҷавонест, ки дар илми тиб фозил асту комил, вале ҳанӯз хеле ҷавон аст ва таҷрибаи кофӣ надорад.
Бо вуҷуди ин ҷавонро, ки дар ҳақиқат 18 сол дошт, ба дарбор ба назди Нуҳ даъват карданд. Абуалӣ беморро дид, ташхис намуд ва ба табобат пардохт. Бемор рӯз то рӯз беҳ шудан гирифт ва ба по хест. Муддате нагузашту Нуҳ шифо ёфт, бардаму солим гашт. Дар назди амир ва аҳли дарбор Абуалӣ соҳиб иззату соҳиб эҳтиром гардид. Пас Нуҳ Абуалиро ба наздаш хонд ва бо камоли садоқату меҳрубонӣ ба ӯ гуфт:
-Эй фарзанди арҷманд, дар хаққи мо хизмате кардӣ шоиста. Маро аз марг наҷот додӣ. Бигӯ, подоши ин хизматҳоят чӣ хизмате бароят кунам. Лаълу гуҳар мехоҳӣ ё ҷоҳу мансаб. Ба ҳамааш сазовор ҳастӣ.
-Амирам, – гуфт ҷавон, – аз он чизҳое, ки ёд кардед, на инашро мехоҳаму на онашро. Вале аз шумо ман як подоши дигареро орзу дорам. Бисёр мехостам, ки ба ман иҷозат диҳед, ки ба китобхонаи Салтанатии шумо по гузорам, дари маърифатро ба рӯям боз кунед. Шоҳ вазирону дабирон ва аҳли дарбор аз гуфтор, аз рафтору кирдори Абуалӣ моту ҳайрон шуданд. Яке аз дарбориён ба Абуалӣ бо таассуфу дард гуфт:
-Эй ҷавони камдидаю камтаҷриба, бахтат омад карду ту онро пеши по задӣ! Аз амири хайрандешу уламопарвар молу сарват, ҷоҳу мансаб талаб мекардӣ беҳтар набуд? Ҳоло ҳам сари вақт аст, фардо пушаймон мешавӣ.
-Ҳаргиз аз ин инъоми шоҳона банда пушаймон нахоҳам шуд. Дабири муҳтарам, шоҳ бароям дари ганҷинаи донишро кушод. Ман аз он баҳра мегирам, ганҷҳо меофарам ва ин ганҷҳоро барои ворисонам, авлоду аҷдодонам мерос мегузорам. Онҳо мисли молу сарват нест намешаванд, балки ҷовидон мемонанд.
Амир Нуҳ бинни Мансур дар ҳузури аҳли дарбор хазинадорро даъват кард ва ба ӯ амр намуд, ки калиди «Кохи хирад»-ро ба Абуалӣ диҳад.
Солҳо гузашт. Абуалӣ аз ин ганҷи маърифат барои хеш кохи донишу маърифат бунёд кард, асарҳои оламшумул офарид, ки онҳо барои ояндагон, ҳам миллатон ва аҳли башар туҳфаи арзандатар аз дурру гуҳар, аз зару зевар ҳастанд.
Оре, аз рӯзгори ин марди хирадманд, ки ӯро Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино мегуянд, зиёда аз ҳазор сол гузашт. Вале имрӯз ҳам номи ӯ боиси шуҳрату ифтихори мардуми мост.

Сино соли 980 дар деҳаи Рометаи наздикии Бухоро ба дунё омада ва соли 1037 дар шаҳри Ҳамадони Эрон вафот намудааст.
Мардум ба ин марди бузург меҳру муҳаббати беандоза доранд. Дар бораи ӯ нақлу ривоят, қиссаю ҳикоят, суруду тарона, роману достонҳо офаридаанд. Дар онҳо хирадмандӣ, ақлу заковат, донишу маърифати Абуалӣ ибни Сино бо камоли эҳтиром, бо садоқату самимият ба қалам дода шудааст, ки бештари ин асарҳо ҳанӯз дар замони зиндагии Шайхурраис Ибни Сино дар байни халқ пайдо шудаанд. «Ал-қонун», «Китоб-уш- шифо», «Донишнома» барин асарҳояш чандин аср дар мамлакатҳои Шарқ ва Ғapб ҳамчун китоби дарсӣ ба толибилмон хизмат кардаанд. Ҳоло ҳамчун намуна чанд нақлу ривоятҳои халқиро дар поён меорем.
Абуали ибни Сино, зиндагиномаи Абуали ибни Сино, хаёт ва фаъолияти Абуали ибни Сино, тарчумаи хол, маълумот дар бораи Абулаи ибни Сино, точики, забони точики, сино, ибн сино, ибни сино, абуали сино, абуали ибни сино, абу сино, абу али сино, абу ибн сино, али ибн сино, реферат, кори курси, скачать