Frontend ва Backend. Кадом соҳаи web-барномасозиро интихоб кунем?

Ба номи Худо бахшанда ва меҳрубон. Дуруду салом ба шумо корбарони гиромӣ.

Frontend (фронтенд) чист? Backend (бэкенд) чист? Фарқ байни инҳо. Ман кадом соҳаашро интихоб кунам? Кадомеаш маблағи бештар даромад дорад? Кадом забонҳои барномасозӣ мавҷуданд ва алҳол кадом забонҳо бештар истифода мешаванд? Ҷавоб ба ин саволҳо дар ин мақола аз мудири сомонаи www.donishju.net.

backend-vs-frontend

Frontend чист?

Frontend (фронтенд) қисми берунии маҳсулот ё барнома аст, ки корбар бо он кор мекунад.

Содатар гӯем, ин он қисме аст, ки шумо дар барнома ё сомона мебинед ва бо он кор мекунед (мехонед, клик ё пахш мекунед, менависед ва ғайра). Дар ҳолати сомона, он чизе, ки шумо дар мурургар (браузер) мебинед, он ҳама ба қисми frontend дохил мешаванд.

Қисми фронтендро асосан бо чунин технологияҳо – забонҳо менависанд: забони нишонагузории абарматнҳо – HTML,  забони сабкҳои махсуси зинагӣ – CSS ва забони барномасозии JavaScript.

Инчунин дар қисми frontend замима ё худ app-ҳои мобилӣ ҳам метавонанд бошанд. Барои навиштани барномаҳо барои Android забони барномасозии Kotlin ё Java ва барои iOS забони Swift истифода мешаванд.


Backend чист?

Backend (бэкенд) қисми дохилии маҳсулот ё барнома аст, ки дар сервер (роёнаи марказӣ) мавҷуд ва аз корбарон пинҳон аст.

Дар мисоли сомонаи мо он қисме, ки матнҳо, шарҳҳои шумо, бахшҳо ва барчаспҳои сомонаро дар додагон (пойгоҳи додаҳо, Database) сабт мекунад ва онҳоро ба Frontend медиҳад, то шумо бихонед, backend аст.

Дар мисоли сомона ва замимаи somon.tj он қисме, ки молҳои шуморо бо тамоми маълумоташон сабт мекунад, мувофиқ ба бахш молҳоро ба Frontend медиҳад, то шумо бубинед, backend аст.

Барои сохтани backend аз чунин технологияҳо – забонҳо истифода мебаранд: яке аз забонҳои барномасозӣ (PHP, Python, Go, NodeJS, Java, С#), яке аз забонҳо барои пойгоҳи додаҳо – забони дархостҳо: MySql, PostgreSQL.


Фарқ байни ин frontend ва backend дар чист?

Фарқ байни ин ду соҳаро аз таъриф ва мисолҳои боло метавон фаҳмид. Вале барои дуруст дарк кардан, биёед як мисоли фаҳмотар меорем.

Ҳамагӣ аз YouTube истифода мебарем. Он ҳама чизе, ки дар ин барнома ва сомонааш мебинему мехонему тамошо мекунем, ин ҳамаро frontend барои мо таҳия мекунад. Чӣ гуна ранг доштани тугмаҳо, чӣ гуна ҳуруф доштан ва андозаи матнҳо, дар куҷо қарор доштани ин ё он бахш ва навор ва дигар чизҳое, ки мо мебинемро frontend барои мо муҳайё месозад.

Наворҳое, ки мо мебинем, расм, ном, матн, миқдори писандидаҳо ва написандиҳо ва шарҳҳои онҳоро бэкенд сабт мекунад. Дар вақти лозима ба frontend медиҳад, то барои мо зебо карда нишон диҳад.

Вақте шумо дар ин сомона ё замимаи он номи навореро дар ҷои ҷустуҷӯ

навишта, тугмаро пахш мекунед, ҳамин майдони навиштан ва тугмаро frontend ба шумо нишон дода, ибораи ҷустуҷӯшудаи шуморо мегираду ба backend равон мекунад. Backend тамоми наворҳое, ки дар пойгоҳи додаҳо бо ин вожа ё ибора ҳастанд, мувофиқ меоянд ё монандие доранд дарёфт намуда дар шакли рӯйхат ба frontend медиҳад ва ӯ ба шумо дар шакли зебо нишон медиҳад.

Фикр мекунам, ин мисолҳо кофӣ буданд, то маънои ин ду соҳа ва фарқи онҳоро дарёбед.


Кадомаш мушкил аст: frontend ё backend?

Ҳар ду соҳа дар навбати худ душворӣ ва сахтиҳои худро доранд. Бо вуҷуди ин, метавон гуфт таҳияи backend дониши бештарро талаб мекунад, дар ҳоле, ки таҳияи frontend бештар ба тарроҳӣ (дизайн) ва таҷрибаи корбар вобаста аст.


Ман кадом соҳаи барномасозӣ – frontend ё backend-ро интихоб кунам?

Интихоби соҳа вобаста ба завқ, салиқа ва малакаи шумост. Агар ба шумо тарроҳӣ (дизайн) ва восит (интерфейс) писанд бошад, frontend-ро интихоб кунед.

Агар ба шумо низоми роёна (системаҳои компютерӣ), додагон (database, DB), корсозҳо (серверҳо) наздиканд, пас бэкенд барои шумо мувофиқ аст.


Кӣ маблағи бештар даромад дорад?

Даромад ба чандин омилҳо, аз ҷумла таҷриба, таҳсил, дониш ва макон вобастагӣ дорад. Вале одатан ҳарду як маош мегиранд.


Оё метавон ҳам таҳиягари backend ҳам frontend буд?

Бале. Барноманависоне, ки барои backend менависанд, backend падидовар (backend developer), онҳое, ки барои frontend менависанд, frontend падидовар (frontend developer) ва онҳое, ки барои ҳарду код навишта метавонанд, fullstack-падидовар (fullstack developer) меноманд.

“Fullstack-ҳо” ҳам бо технологияҳои фронтенд ва ҳам бэкенд кор карда метавонанд. Вале на ҳама фулстэк мешавад ва одатан барномасозон дар як соҳа пеш рафтанро афзал медонанд.

Ин буд маълумот вобаста ба ин ду соҳаи барноманависӣ. Барои тарҷумаи баъзе вожаву ибораҳо аз Вожаҷӯ истифода бурдем.


Фикри худро дар шарҳ нависед, дар кадом мавзӯҳо мақола нависем ва чӣ чиз барои шумо ҷолиб аст?


Бо мадади Худо ба охири як мақолаи дигар расидем. Сипос, ки ба то охир хондед. Муассис, молик ва мудири сомонаи donishju.net ҳастам. Азбаски мақолаҳои тоҷикӣ дар мавзӯҳои мухталиф (махсусан соҳаи технологияи иттилоотӣ) бисёр каманд, тасмим гирифтам каму беш аз таҷрибаи хурде дорам мақолаҳои хурде дар ин сомона нигорам, то як каме бошад ба донишомӯзону мардум кӯмаке шуда бошад.

Мақолаҳои маро дар бахшҳои гуногун, вале дар барчаспи “Мудирият” пайгир бошед. Барои аз мақолаҳои нави мо бохабар шудан ба телеграм канали мо бипайвандед.

Дар паноҳи Яздони пок.

ҚаблӣТаснифи нармбаданҳо (зоология)
БаъдӣАҳамияти нармбаданҳо дар табиат ва ҳаёти инсон

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед