Шаклҳои идеологияи муосир

Ҷаҳони муосир на аз идеология ва на аз  муборизаҳои  шадиди  идеологӣ озод нест. Бо гузашти айём  мазмун ва мундариҷаи  идеологияҳо тағйир меёбанд ва баробари он мухолифату муқобилияти онҳо низ дигар мешаванд. Мо  хусусиятҳои  навъҳои аслии  идеологияҳои муосирро мухтасар дида мебароем.

Либерализм

Либерализм аз лиҳози таърихӣ яке аз аввалин равияи мустақили  ҳаёти маънавӣ аст, ки худро  ҳамчун идеология шинохтааст. Бунёдгузорони  он Джон Локк.А.Смит, Ш.Монтеске мебошанд. Миёни намояндагони барҷастаи либерализм яке аз «падарони» Қонуни Асосии Иёлоти Мутаҳидаи Амрико Т.Джефферсон, файласуфон Д.С.Милл, Дж.Дюи,  иқтисодчии асри ХХ Ф.Хайек. файласуф ҳуқуқшиноси рус Б.Н.Чичерин мебошанд.

Меҳвар ва ҷавҳари либерализм – мавфҳуми озодиҳои фардӣ мебошад. Ин маҳаки аслӣ барои арзёбии либеролҳо аз сохторҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ аст. Озодии фардӣ  бояд аз ҳар гуна ҳамлаҳо  ва таҳдиду фишороварӣ аз тарафи  одамони дигар ва ҳамчунин дахолати давлатӣ ва давлат муҳофизат мешавад. Ба ақидаи тарафдорони ин идеология  фаъолияти хокимияти давлатӣ  бояд дар заминаи  қонунҳое бунёд  шаванд, ки озодии фардии одамонро ҳамчун арзиши волотарин  дарк ва пуштибони кунанд. Мақомоти давлати бояд ҳамчунин моликияти хусусӣ ва ҳаққу ҳуқуқи мардумро шинохта, одамон тавонанд, озодона бо ҳамдигар қарордод баста, якдигарро эҳтиром кунанд.  Принсипи асосии либерализм, ки аз  шинохти озодии фардӣ бармеояд, чунин аст, ки инсон бояд  мустақилона роҳи зиндагии худро интихоб намояд ва сипас масъулияти худро ҳис кунад ва барои  роҳи интихобкардааш худаш ҷавоб диҳад. Ба иборати дигар ҳар кас бояд танҳо ба худаш уммед бандад. Либералҳо мӯътақиди онанд, ки одамоне ки аз интихоб метарсанд, зиндагиашон хаста ва беранг мегардад. Корбурди амалии дуюме, ки либерализм ҷорӣ мекунад, сиёсатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ  мебошад. Мувофиқи он иқтисодиёт аз дахолати  давлат озод буда, дар шароити иқтисоди бозаргонӣ рақобатнокии озодона ба роҳ монда шавад. Давлат бояд чун  назоратчи баромад кунад. Либералҳо зидди низоми демократии ҳокимияти давлатӣ низ баромад карданд. Онҳо мӯътақиди  онанд, ки агар демократия – низомест, ки дар асоси  иродаи  халқ густариш меёбад, ин  бешубҳа, ба  фаъолияти озодони  афрод  фишор оварда, озодии фардиро маҳдуд месозад. Демократияро онҳо зулми  аксарият меномонд. Умуман  либерализм аз як тараф озодии фардиро  эълом дошта, ба одамон озодии интихоб дода бошад ҳам  аксарияти  мардум ба сабаби иҷтимоиию иқтисодиашон номустақил мондаанд. Ҳақиқати таърихӣ гувоҳи он аст, ки на ҳамаи одамон ба шароитҳои озодии фардӣ тайёранд, омилҳои тасодуфие низ мавҷуданд, ки  ба рушди  озодона ва мустақили одамон садди пешравӣ шудаанд. Истифодаи амалии тарзу усулҳои либеразизм чи дар иқтисодиёт ва чи дар иҷтимоиёт дар кишварҳои бузурги Аврупо натиҷаҳои хуб набахшидаанд. Мисоли равшани натиҷагирии ин сиёсатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии либерализм дар  солҳои 20-30-юми асри гузаштаи Англия маҷбур сохт, ки либералҳо аз бисёр принсипҳои асосии худ гузашт кунанд ва нақши давлатро дар соҳаи  сиёсати иҷтимоӣ  муҳим шуморанд.

Консерватизм

Тарафдорони идеологияи консервативӣ, ки асосгузораш арбоби шинохтаи асри XVIII инглис Э. Бёрк буд, мӯътақиди онанд, ки ҳаёти иҷтимоӣ дар  заминаи  анъанаҳои ташаккулёфта асос ёфтааст. Бинобар ин тағйиротҳои куллиро бояд касоне ҷорӣ кунанд, ки ба равиши  мӯътадили пешрафти  ҷамъият зиён намеоваранд. Онҳо ба сохторҳои иҷтимоии анъанавӣ эҳтиёткорона муносибат карда, танҳо ба он тағйиротҳоеро қабул мекаррданд, ки  тадричан ба роҳ андохта шаванд.

Марксизм

Асосгузорони  идеологияи марксистӣ К.Маркс ва Ф.Энгельс мебошанд, ки дар  солҳои 40-уми асри XIX назаре ба таърихи инсоният чун ба таърихи муборизаи синфӣ нигоштаанд. Мувофиқи идеологияи марксизм муборизаи  синфӣ – сарчашмаи тамоми тағиротҳои иҷтимоист. Онҳо нақши муайянкунандаи иқтисодиётро низ дар ҳаёти инсонҳо ҳамчун муқаррароти  муҳими  тараққиёти ҷамъиятӣ муайян карданд. Иқтисодиёт, мувофиқи таҳқиқу таҳлили Маркс ва Энгельс, базис- зербинои ҷамъият аст, ки дар болои он   надстройка- болосохти  ҷамъият меистад: ба он давлат, сохторҳои сиёсӣ,ҳуқуқ ва дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ доҳил мешаванд. Дар ҷараёни инкишофи ҷамъиятӣ муносибатҳои  байни  зербино ва болосохт низ  зиддиятнок мешаванд, ки онро танхо  ба воситаи револютсия  бартараф кардан мумкин аст. Дар идеологияи марксизм консепсияи ногузирии коммунизм кор карда шудааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дурнамои идеология. Дар замони мо масъалаи идеология  хусусиятҳои ба худ хос гирифтанд. Якум ин ки истеҳсоли дониш – ҳамчун  омили асосии пешрафти  иқтисодӣ ва тамоми соҳаҳои  хоҷагии халқ  вобастагии худро  аз  нерӯи эҷодкоронаи   инсон: аз нерӯи зеҳнии ӯ, маърифатнокӣ,   сиҳативу саломатии ӯ, ташаббускориҳои  инсон ва ғ. тасдиқ намуданд. Ҷаҳоншумулӣ, масъалаҳои экологӣ,зиддиятҳои ҷамъияти  постиндустриалӣ ва индустриалию аграрӣ воқеияти замони муосир  гаштаанд, ки фаҳмиши  идеолгии худро тақозо менамоянд.


точики, маълумоти точики, реферат, кори курси, сайти донишчу тч, маводхои точики, маводхои омузиши, шаклхои идеологияи муосир, либерализм бо забони точики, Консерватизм бо забони точики.
ҚаблӣФунксияи идеология
БаъдӣШуури ҳукуқӣ, ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва фалсафаи ҳуқуқ