Сад ҷон фидои дӯст (шеър)

Бархез, то ниҳем сари худ ба пойи дӯст,
Ҷонро фидо кунем, ки сад ҷон фидойи дӯст.
Дар дӯстӣ мулоҳизаи маргу зист нест,
Душман беҳ аз касе, ки намирад баройи дӯст.
Ҳошо, ки ғайри дӯст кунад ҷо ба чашми ман,
Дидан наметавон дигареро ба ҷойи дӯст.

Аз дӯст ҳар ҷафо, ки расад ҷойи миннат аст,
Зеро, ки нест ҳеҷ вафо чун ҷафойи дӯст.
Бо дӯст ошно шуда, бегонаам зи халқ,
То ошнойи ман набувад ошнойи дӯст.
Дар ҳалқаи сагони дараш меравам, ки боз
Аҳбоб саф зананд ба гирди саройи дӯст.
Дасти дуо кушод Ҳилолӣ ба ҳазратат,
Яъне ба даст нест маро ҷуз дуойи дӯст.

Бадриддини Ҳилолӣ

Бадриддин Ҳилолӣ (1470-1529)

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шеър дар васфи дуст, шеър барои дусти, дустам, сад чон фидои дуст.

ҚаблӣБарномаҳои тоҷикӣ
БаъдӣШеър дар бораи одоб (адаб)