Шумора дар исм (грамматикаи забони точики)

Исм ду шумора дорад: танҳо ва ҷамъ. Исм дар шакли танҳо якто будани предмет ва ҳодисаю воқеа (Аҳмад, одам, писар, гӯсфанд, дарахт, санг, чӯб, об, шамол) ва дар шакли ҷамъ бисёрии предметро (хонаҳо, духтарон, оҳувон, бачагон, сангҳо) мефаҳмонад.

Шумораи ҷамъи исм бо пасвандҳои –ҳо, -он ифода меёбад. Пасванди -он пас аз садонокҳо дар шаклҳои –ён,-вон,гон меояд.

Ҷадвали корбасти пасванди –он (-ён, -вон, -гон)

-он Пас аз ҳамсадоҳо тоҷикон, одамон, занон, мардон, меҳмонон
-ён Пас аз садонокҳои и, о, ӯ моҳиён, колхозчиён, бобоён, донишҷӯён, Сомониён
-вон Пас аз садоноки у ва ӯ оҳувон, бонувон, абрӯвон, зонувон
-гон Пас аз садоноки а бачагон, хонандагон, аберагон

Исм бо шумораи миқдорӣ омада бошад, шакли ҷамъ намегирад: панҷ китоб, ҳазор хонанда…


Машқ. Ба ҷои нуқтаҳо пасвандҳои мувофиқ гузошта, матнро нависед.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Андар фарзанд парваридан ва оини он

Бидон, эй азизи ман, ки агар Худой туро писаре диҳад, аввал номи хуш бар вай неҳ, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падар… яке ин аст. Дуввум он, ки ба доя…и меҳрубон супор ва ба вақти хатна кардан суннат ба ҷой овар ва ба ҳасби тоқати хеш шодӣ кун… Чун бузург шавад, агар раият бошӣ, вайро пешае биомӯзӣ ва агар аҳли силоҳ бошӣ, ба илми силоҳаш диҳӣ… Ҳунар дигар асту пеша дигар. Аммо аз рӯи ҳақиқат наздики ман пеша бузургтарин ҳунарест. Ва агар фарзанд…и муҳтарам сад пеша донанд, чун ба кай бикунанд, айбе нест, балки ҳунар аст, ҳар яке рӯзе ба кор ояд.

Унсуралмаолии Кайковус


Луғат:

  • ҳасб – қадр, андоза, миқдор
  • раият – мардуми фармонбардор, табаа

Савол ва супоришҳо

  1. Ифодаҳои аҳли силоҳ ва илми силоҳ –ро шарҳ диҳед.
  2. Ба тифлон одатан кӣ ном мегузорад?
  3. Панди киро дӯст медоред ва шунидан мехоҳед?
ҚаблӣВазифаи исм дар ҷумла
БаъдӣИсмҳои ҷинс ва хос