Вазифаи исм дар ҷумла

Вазифаи исм дар чумла. Вазифаи исм дар ҷумла


Исмҳо дар ҷумла бештар мубтадо ва пуркунанда шуда меоянд: Насимҷон бародарашро навозиш кард.

Исм инчунин ба вазифаи хабар, муайянкунанда ва ҳол омада метавонад: Қодир варзишгар аст. Оби ҷӯй ях бастааст. Дар кӯҳҳо ҳам зимистон ҳукмфармост.


Машқи 1. Хонед ва гӯед, ки исмҳо ба вазифаи кадом аъзои ҷумла омадаанд.

1. Чашмҳо сӯи осмон буданд.  (М.Турсунзода)

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

2. Тағоиям ҳамон рӯз ба саҳро баргашт. Ман як рӯз аз қассоб гӯшт харидам. (С.Айнӣ)

3.

Фахри он дорам, ки тоҷикзодаам,
Меҳри майҳан дар дилам ҷо додаам.
Қуфли дилро ман ба мифтоҳи сухан,
Бо забони тоҷикӣ бикшодаам.

Назар Халил


Машқи 2. Матнро бодиққат хонед. Муайян кунед, ки исмҳо дар ҷумла ба вазифаи кадом аъзои ҷумла омадаанд.

Аммо саворони Восеъ ва Назир на танҳо ба шумора зиёдтар, балки масти зафар ҳам буданд, бо зарбу шасти беш аз пеш худро ба душман мезаданд. Ба илова пиёдаҳо ҳам расида омаданд, онҳо ба болои дарё арғамчин кашида, арғамчинро дошта мегузаштанд, бо ин тариқ, беш аз чорсад нафар пиёда аз об гузашта, ба ҷанги таги ҷарӣ ҳамроҳ шуданд.

Қувваи шӯришгарон панҷ-шаш баробар афзуд. Таёқҳои шахзан саворони душманро бераҳмона мекӯфтанд. Ғолибон дари оҳанкӯби зиндонро шикаста, асиронро озод карданд. Асирон чилу се нафар, бештаринашон деҳқон ва чӯпонҳо буданд. Онҳоро Кулӯх мингбошӣ бо гуноҳи тарафдории Восеъ аз деву дараҳо дошта оварда буд. Гулқурбони ҳофиз ҳам аз зиндон ёфт шуд. Вай маҷрӯҳи хуншор буд, озодкунандагонаш ӯро базӯр шинохтанд.

Шарики ӯ – Шарифи ноком аз захми тири хӯрдааш ҷон дода будааст. Ҳофизро дар хонаи як нафар хеши балҷувониаш ҷой карда, ба марҳаму давои яке аз табибон супурданд. Табибҳо ва шикастабандҳоро бо фармони Восеъ барои табобати маҷрӯҳон ёфта оварда буданд.

Сотим Улуғзода


Луғат: санскрит – забони ҳиндии бостон


Савол ва супоришҳо

  1. Дар матн калимаҳои шаст, ҷон додан ба кадом маънӣ омадаанд?
  2. Муродифҳои калимаҳои ҳофиз, душман, таёқ-ро муайян кунед.ро дар матн муайян кунед.
  3. Ноҳияҳои Восеъ ва Балҷувон шомили кадом вилоятанд?
ҚаблӣИсм ва аломатҳои морфологӣ (сарфӣ)-и он (Исм чист?)
БаъдӣШумора дар исм (грамматикаи забони точики)