Дини Монавия – маълумот бо забони точики

Дини Монавия – маълумот бо забони точики / тоҷикӣ


Номи ин дин аз номи асосгузори он Монӣ гирифта шудааст. Монӣ дар соли 216 дар Мадоин, ки имрӯз дар Ироқ қарор дорад, дар оилаи ашроф таваллуд ёфтааст. Дар замони наврасии ӯ дини давлатии эрониён дини зардуштӣ буд.

Вале дар Мадоин ва Бобул мардумони динҳои дигардошта, аз қабили динҳои масеҳӣ, яҳудӣ, халдейӣ ва ғайра зиндагӣ мекарданд ва озодона худоҳои худро парастиш менамуданд. Аз рӯи маълумотҳои мавҷуда, ҳанӯз ба падари Монӣ-Паттиций ҳангоми ибодати худоҳои маҳаллӣ дар ибодатхона ҳотифе (овози ғайбӣ)  ба ӯ бо таъкид гуфт: хӯроки гӯштӣ нахӯр, шароб нанӯш, бо занҳо наздикӣ накун! Паттиций кӯшиш кард то аз ин даъват рӯ битобад, вале бефоида, ҳар дафъа ҳамон овоз ҳамон як чизро таъкид мекард.

Оқибат ӯ он гуфтаҳоро дар ҳаёт иҷро мекардагӣ шуд ва ҳатто аз зани худ Мериам ҷудоӣ ҷуст. Вале ба писараш Монӣ ва занаш барои рӯзгузаронӣ пул мефиристод. Монӣ дар 12 солагияш  ҳар гуна рӯъё (хобҳо) медид. Ба наздаш кадом расули худо меомад. Расул боре ба ӯ гуфт Монӣ бояд аз он ҷамъияти диние, ки падараш бо Монӣ дар он аъзо буданд, барояд. Зеро барои ӯ вазифаи дигаре дар оянда муайян гардидааст. Ӯ бояд ҳоло дар байни мардум зиндагӣ карда аз ҳаёт сабақ гирад. Монӣ то 24-солагӣ ба омӯхтани илмҳои замонаш пардохта, хусусан дар сураткашию наққошӣ ниҳоят моҳир гашт. Беҳуда нест, ки дар адабиёти форсу тоҷик то имрӯз ибораи «рассом ё наққоши мониқалам» то имрӯз вуҷуд дорад.

Чун Монӣ расо 24-сола шуд, ҳамон расул пайдо гардид ва эълон дошт, ки акнун Монӣ бояд мустақилона ба тарғиби таълимоти (дини) нав пардозад. Тибқи фармони расул Монӣ ба тарғиби дини нави худ пардохт. Ӯ тарафдорони худро пайдо карда, ба сафар баромад ва дар ҳама ҷо ба мардум асосҳои дини худро меомӯзонид. Ин дин, ки бо номи ӯ монавия ном гирифт, ҳангоми сафарҳои тулонии ӯ дар Эрон, Суғд, Хитой, Ҳинд ва Африкаи Шимолӣ ҳаводорон пайдо кард. Шӯҳрати Мониро мактубҳои ба шогирдонаш дар ин ё он мавзӯи динаш навишта шуда хеле афзун гардониданд. Мактубҳои мазкур баъд аз якчанд даҳсола ба муқаддасоти азими монавия табдил гардиданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳамзамон адабиёти монавия низ пайдо гардид, ки онҳо аз сабти сӯҳбатҳои Монӣ бо мардум иборат буданд. Дар ибтидои асри ХХ аз шаҳри Турфони Туркистони Шарқӣ китобхонаҳои калоне, ки аз матнҳои муқаддаси монавия иборат буданд, ёфт гардиданд.

Баъд аз саёҳатҳои дуру дарози тӯлонӣ Монӣ қарор кард, ки ба зодгоҳаш баргардад. То ин вақт дар байни мардуми Бобул овозаҳои мӯъҷизадоре  дар барои Монӣ ва монавиҳо пайдо шуда буданд, ки гӯё ӯ ва монавиҳо метавонанд беосеб аз байни оташ гузаранд, қӯрғошими обшударо бинӯшанд, рӯ-рӯи замин парвоз кунанд, аз назарҳо нохост нопадид гарданд.

Подшоҳ Баҳроми I (274-277), ки дар хусуси ин мӯъҷизот чизҳои зиёд шунида буд, ба мӯбади мӯбадон фармуд то бо Монӣ дар назди мардум ба муноқиша пардозад ва дурӯғ будани таълимоти ӯро собит созад. Мӯбад медонист, ки дар мубоҳиса Монӣ бисёр пурқувват аст, аз ҳамин сабаб, ӯ аз Монӣ хоҳиш кард, ки ӯ яке аз мӯъҷизаҳои худро нишон диҳад, масалан қӯрғошими дар оташ обшударо бинӯшад ва бо ҳамин ҳақ будани дини худро собит созад. Монӣ ин пешниҳоди мӯбадро рад намуд. Баҳром Мониро шахси хавфнок ҳисобида, ба қатлаш фармон дод. Ӯ дар байни солҳои 274-277 кушта шуд. Вале бо кушта шудани Монӣ таълимоти ӯ нест нагардид. Пайравонаш ӯро худо ва наҷотбахши инсоният номида, кори ӯро идома доданд.

Ба ақидаи Монӣ дар ҷаҳон дар байни ду қувваи некӣ ва бадӣ ба тарзи абадӣ мубориза меравад. Ду подшоҳӣ вуҷуд дорад: подшоҳии рӯшноӣ ва подшоҳии торикӣ. Дар подшоҳии рӯшноӣ оромию хайру баракати доимӣ мавҷуд буда, аз он барои ҳамаи мардум некӣ ҷараён дорад. Шоҳигарии торикӣ бошад-мавзеи даҳшатангезу мудҳиш буда, аз он мумсикӣ, ҳасаду бухл ва бадбинию бераҳмӣ ҷорӣ мегардад. Бадӣ аз ин ҷо ба ҷаҳони равшанӣ ҳуҷум бурда, одамонро аз роҳи некию  эҳсон дур месозад. Одам ва ҳаёт зодаи бадӣ мебошанд ва барои раҳоӣ бахшидан ба рӯҳи худ одам бояд онро аз ҳама чизи модди озод намояд. Воситаи ягонаи озод кардани рӯҳу рӯшноиро монавиҳо дар маргу нестии олам медиданд.

Ба ақидаи Монӣ, оламу одам се давраи ҳастиро аз сар мегузаронанд: дар ибтидо-давраи аввал дар байни қувваҳои рӯшноӣ ва торикӣ баробарии мутлақ барқарор будааст. Рӯшноӣ дар боло ва торикӣ дар поён ҷой доштаанд. Сипас, дар давраи дуюм (яъне замони Монӣ) он баробарӣ вайрон шуда рӯшноӣ  ва торикӣ бо ҳам омехта гардиданд, яке бар дигари дохил шуданд ва дар байнашон мубориза сар шуд. Дар ин мубориза гоҳ яке ва гоҳ дигарӣ ғолиб меоянд. Ниҳоят, замоне давраи сеюм фаро расида, оқибат қувваҳои рӯшноӣ бар торикӣ ба тарзи доимӣ ғолиб хоҳанд омад. Вале кай фаро расидани давраи сеюм маълум набуд.

Чи тавре дида мешавад, ин таълимоти Монӣ аз таълимоти Зардушт фарқи казоие надорад. Фарқ дар он аст, ки дар таълимоти Зардушт  қувваҳои некӣ бо сардории Аҳурамаздо бар зидди қувваҳои бадӣ бо сардории Аҳриман мубориза бурда, ғолиб меоянд.

Дар шариати Монӣ хӯрдани гӯшт пурра манъ нашуда буд, аммо гуфта мешуд, ки он зарарнок аст. Барои шахсони баргузидаи дини монавӣ хӯрдани гӯшт ва оиладор шудан манъ буд. Монавиҳо чун дарвешону қаландарҳо ба ҳар ҷо сафар карда, ҳаёти парҳезкорона ба сар мебурданд. Дар ғору чайлаҳо зиндагӣ карда, онҳо бештар меваю сабзавотро истеъмол менамуданд. Зеро ба ақидаи онҳо ин мавод аз офтоб, яъне аз рӯшноӣ баҳра гирифтаанд ва ҷисми инсон ҳангоми истеъмол он рӯшноиро аз онҳо ҷабида мегирад. Аз байни монавиҳо табибоне, ки бо алафҳо мардумро табобат мекарданд, зиёд буданд. Монавиён то охирҳои асри XVI дар Хитой фаъолият доштанд. Баъзе ғояҳои ин дин то имрӯз дар таълимоти  гурӯҳҳои ҳозиразамони динҳои  хитойӣ ба назар мерасанд.

ҚаблӣКори дил
БаъдӣДини Маздакия – маълумот бо забони тоҷикӣ