Комплекси агросаноатӣ

Комплекси кишоварзию саноатии Тоҷикистон ба се шохаи муҳим ҷудо мешавад.

Шохаи якум, соҳаи асосии Комплекси саноатию аграрӣ (ККС) аст ва он ба истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ машғул буда, мавқеи асосиро ишғол менамояд. Дар ҳайати он ду соҳаи муҳими хоҷагии қишлоқ: зироаткорӣ ва чорводорӣ вуҷуд доранд, ки онҳо боз ба якчанд зерсоҳаҳо тақсим мешаванд. Ба зироаткорӣ – истеҳсоли ғалла, зироатҳои техникӣ, картошкаю сабзавот, боғу токпарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хӯроки чорво дохил мегардад. Чорводорӣ дар навбати худ ба говпарварӣ, гӯсфандпарварӣ, аспарварӣ, хукпарварӣ, кирмакпарварӣ, занбӯри асалпарварӣ, моҳипарварӣ тақсим мешавад.

Шохаи дуюми ККС ин шохаест, ки барои хоҷагии қишлоқ воситаҳои истеҳсолот мебарорад. Ин мошинҳое, ки махсус барои хоҷагии қишлоқ бароварда мешаванд: истеҳсоли трактор, комбайн сеялка, мошинҳо барои соҳаи чорводорӣ ва омехтаи хӯроки чорво, техникаи мелиоративӣ ва ғайра.

Ба ин шоха, инчунин истеҳсоли нуриҳои минералӣ, моддаҳои заҳрноки зидди ҳашаротҳои зараррасони хоҷагии қишлоқ, сохтмони фермаи мурғ, фермаи чорво ва ғайра дохил мешавад.

Шохаи сеюми ККС, ҳамон корхонаҳоеро дар бар мегирад, ки бевосита ба коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ алоқаманд мебошанд. Ин пеш аз ҳама – саноати хӯрокворӣ, ки дар худ корхонаҳои ордкашӣ, равған, консерваи меваю сабзавот, истеҳсоли қанд ва ғайраро муттаҳид месозад. Ба соҳаи мазкур, баъзе корхонаҳои саноати сабукро, ки ба коркарди пашм, пӯст, зағири дарознах, мӯина машғуланд, дохил мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар охир шохаи сеюми ККС нигоҳдорӣ, кашонидан, тайёр намудан ва фурӯши маҳсулоти комплекси кишоварзию саноатиро таъмин менамояд.

ҚаблӣГеографияи хоҷагии рекреатсия ва туризм
БаъдӣТавсифи комплекси агросаноатӣ