Исмҳои ҷинс ва хос

Исмхои чинс ва хос


Исмҳои ҷинс номи ашёҳои ҳамҷинсро мефаҳмонанд. Масалан, номи гурӯҳи мардум: талаба, деҳқон, зан, мард, номи ҳайвоноту парандагон: асп, саг, мурғ, кабк; номи сукунат: деҳа, шаҳр, ноҳия, вилоят.

Исмҳои хос исмҳоеро меноманд, ки ба предметҳо барои фарқ кардан аз предметҳои ҳамҷинси худ дода шудаанд. Исмҳои хос номи одамон, ному насаб, лақаб, тахаллус, шаҳру маҳал, хайвонот, номҳои географӣ, сайёраҳо мебошанд. Мисол:  Анӯшервон, Раҳимова, Кӯлоб, Суғд, Рӯшон, Қорӣ Ишкамба, Сурхоб, «Физика», маҷаллаи «Чашма», Телевизиони «Баҳористон».


Машқ. Исмҳои хоси ба ин гурӯҳҳо нисбатдодашударо нависед:

А) Номи маҳал; б) номи дарё, баҳр, уқёнус; в) номи сайёраҳо; г) номи кӯҳҳо; д) номи қитъаҳо.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣШумора дар исм (грамматикаи забони точики)
БаъдӣДавлати Пешдодиён