Сотим Улугзода

Нависанда ва драманависи тоҷик Сотим Улуғзода 1-уми сентябри соли 1911 дар деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистан дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Сотим Улуғзода дар мактаб-интернати ноҳияи Чуст таҳсил намуда, ба Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд дохил шуда, онро соли 1929 хатм намудааст. Баъди хатми Дорулмуаллимин чанд вақт аз фанни адабиёти тоҷик дар он ҷо дарс гуфтааст. Соли 1930 ба Душанбе кӯчида омадааст. Ӯ сараввал котиби масъули рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») ва «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият»), пас ҷонишини муҳаррири масъули маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» ва баъдан котиби масъули Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Соли 1940 ба шуъбаи аспирантураи Институти адабиёти ҷаҳони Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба номи Горкий ба Маскав фиристода шуд.

Баробари саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз аспирантура ба ҷанг рафт. Мухбири ҳарбии якчанд рӯзномаи дивизия ва фронтҳо буд.

Дар охирҳои соли 1944 аз фронт ба ақибгоҳ даъват карда шуд. То соли 1946 раиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Соли 1951 узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шуд.

Фаъолияти эҷодияшро ба ҳайси мунаққид ва адабиётши- нос оғоз намуда буд. Дар матбуоти даврӣ мақолаву асарҳои тадқиқотии Сотим Улуғзода аз соли 1930 мунтазам чоп ме- шуданд.

Соли 1939 песаи «Шодмон» ва соли 1940 песаи «Калтак- дорони сурх», соли 1944 песаи «Дар оташ»-ро ба табъ расо- нидааст. Дар солҳои баъдиҷангӣ драмаҳои таърихии ӯ«Рӯдакӣ» (1958), «Темурмалик» (1968), «Алломаи Адҳам» (1970), «Восеъ» (1971) таълиф ёфта, ба рӯи саҳна баромаданд.

Сотим Улуғзода дар соҳаи кинодраматургия низ мақоми хоссе дорад. Киноповести «Ибни Сино» (1954), «Қисмати шоир» (1957), ки соли 1960 дар кинофестивали мамлакатҳои Осиё ва Африқо сазовори мукофоти «Уқоби тиллоӣ» гашта буд, шуҳрати адабиёт ва санъати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ бори дигар намоиш доданд.

Асарҳои мансури Сотим Улуғзода: повести «Ёрони боҳиммат» (1947), романи «Навобод» (1953), повести «Субҳи ҷавонии мо» (1954), повести «Қаҳрамони Днестр, Висла ва Одер» (1965), романи «Восеъ» (1967), Достонҳои «Шоҳнома» (дар ду ҷилд, 1977), повести «Ривояти суғдӣ» (1984), романи «Фирдавсӣ» (1987) муаллифи худро ҳамчун нависан- даи нобиғаву нотакрор ва яке аз саромадони насри тоҷик ба хонанда шинос менамоянд.

Сотим Улуғзода – Нависандаи Халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи санъати Тоҷикистон соли 1997 дар шаҳри Маскав аз ҳаёт чашм пӯшид.

  • Ҳикояи “Наниманча” аз асари “Ривояти суғдӣ”-и устод Сотим Улуғзода дар инҷо хонед: Наниманча <<

Шархи холи зиндагиномаи тарчумаи холи Сотим Улугзода бо забони точики

Муфассал дар дигар мацола >>

Сотим Улуғзода

ҚаблӣТаҷнис (дар шеър ва адабиёт)
БаъдӣНаниманча (ҳикояи аҷиб)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед