Сабаби асосии ин беморӣ ҳаёти нодурусти ҷинсӣ бурдан ба ҳисоб меравад. Ин бемориро СПИД ё ВНМБ (Вируси норасоии масунияти бадан) меноманд, ки дар натиҷа системаи масунии одам осеб мебинад. Ин бемории мудҳишро “Вабои аср” меноманд, ки дар нимаи дуюми асри XX пайдо шудааст.
Бемориҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ ба вуҷуд меоянд, “бемориҳои рафтор” номида мешаванд.
Вируси СПИД бори аввал, соли 1981 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) пайдо шудааст. Аммо мувофиқи ақидаҳои олимон ин беморӣ ҳанӯз соли 1960 дар Африқо пайдо шуда, баъдан ба дигар мамлакатҳо паҳн шудааст. Барангезандаи ин беморӣ маймунҳо мебошанд.
Мувофиқи маълумоти ташкилоти ҳифзи тандурустии ҷаҳон, ки дар назди Созмони Милали Муттаҳид амал мекунад, бемории СПИД дар охири соли 2003-юм дар 180 мамлакати ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. Дар рӯйи Замин шумораи шахсоне, ки вируси СПИД доранд, ба 10 миллион расидааст. Шумораи шахсони бемори он тақрибан ба 500 ҳазор нафар расидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин “Вабои аср” дар канор нест. Тадқиқотҳои мутахассисони ин соҳа нишон дод, ки аз соли 1991 то соли 2017 дар кишвар 7376 ҳодисаи гирифторшуда ба Вируси норасоии масунияти бадан расман ба қайд гирифта шудааст
Ин беморӣ махсус пастшавии системаи ҳимоявии организмии вирусҳои (ВИЧ) одам мебошад, ки лимфотситҳоро вайрон мекунад. Ин вирус ба лимфотсит дохил шуда, мубодилаи моддаро дар ин ҳуҷайра тағйир медиҳад, ки дар натиҷа ҳуҷайра вирусҳои навро ҳосил мекунад ва аз он СПИД ба амал меояд (расми 97).

Ин вирусҳо пардаи ҳуҷайраи лимфотситро даронида ба хун ворид мешаванд ва ба лимфотситҳои дигар дохил мегарданд. Ҳамин тавр, онҳо шумораи зиёди ин ҳуҷайраҳоро ба беморӣ гирифтор месозанд ва несту нобуд мекунанд.
Дар натиҷа реаксияи ҳимоявии одам – иммунитет хеле паст мешавад. Одаме, ки ба ин беморӣ гирифтор мешавад, қобилияти хеле заифи бо дигар бемориҳо мубориза бурданро доро гашта, мефавтад. Дар замони ҳозира табобати ин беморӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Усули ягонаи роҳи мубориза бо он ин пешгирии беморӣ мебошад.
Вируси СПИД аз одами бемор ба шахсони солим бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, ҳангоми гузаронидани хуни бемор ба одами солим, ба воситаи сӯзандору мегузарад. Он инчунин, дар байни нашъамандон ҳангоми якчанд маротиба истифода бурдани сӯзандоруи ифлос сироят мекунад.
Мураккабии пешгирии ин беморӣ дар он мебошад, ки яку якбора нишонаҳояш маълум нагашта, муддати дуру дароз, яъне аз якчанд моҳ то якчанд солро дар бар мегирад ва онро фақат ҳангоми ташхиси лабораторӣ муайян кардан мумкин аст.
Аломатҳои бемории СПИД
Аломатҳои бемории СПИД чунинанд: одами бемор беҳол гашта, зудмондашавӣ, тез-тез арақкунӣ, дар пӯст пайдошавии захмҳои зардобдор, калоншавии андозаи гиреҳҳои лимфатикии зери ҷоғ, гардан, зери бағал ва ғайраҳо мушоҳида мешаванд.
Гарчанде, ки табобати бемориҳои зуҳравӣ муолиҷашавандаанд, вале то ҳол СПИД ва ё усули ба воситаи моягузаронӣ пешгирӣ намудани вируси он маълум нест. Дар давлатҳои сершумори ҷаҳон, инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора олимон тадқиқотҳои илмӣ бурда истодаанд. Яке аз чораҳои ба бемории СПИД гирифтор нашудан ба тарзи ҳаёти солим риоя намудан аст.
Муфассал >> Бемориҳои ирсӣ ва модарзодӣ